Феврал 27, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Далеле надорад НАТО амалиёти низомии Русияро « таҷовуз » биномад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт : Далеле надорад НАТО амалиёти низомии Русияро дар Украина « таҷовуз » биномад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт : « Бо тавваҷуҳ ба нотавонии кишварҳои НАТО дар музокираву тамоюл надоштани онҳо ба тақвияти воқеии амният дар Аврупо бар асоси асли амнияти баробар, мо талоши онҳо барои муттаҳам кардани Русия ба таҷовузро беасос медонем .

Захарова изофа кард : « Пеш аз посухгуии Русия ба далели амалиёташ барои ғайринизомӣ кардани Украина кишварҳои НАТО бояд посухгӯи моҷароҷӯии низомии худ ва ҳамчунин сустӣ дар мавриди ташвиқи режими Киев барои ҳалли мусолиматомези масъалаи Донбас бошанд »

.Кишварҳои мухталифи ғарбӣ аз ҷумла Амрико ва Британия, аъзои Иттиҳодияи Аврупо дар паи шурӯи амалиёти низомии Русия дар Украина таҳримҳои сангинеро алайҳи Маскав вазъ кардаанд. Давлати Русия аз ду моҳ қабл бастаи пешниҳодии худ барои замонатҳои амниятиро ба Амрико ва НАТО таҳвил дод, ки адами узвияти Украина дар НАТО ва хурӯҷи неруҳои ин эътилоф аз шарқи Аврупоро шомил мешуд .

 

Барчасп