Сояи тӯфони Иӯнис бар иқтисод ва рифоҳи мардуми Инглис
(last modified Sun, 27 Feb 2022 09:34:50 GMT )
Феврал 27, 2022 14:34 Asia/Dushanbe

Бо вуҷӯди гузашти як ҳафта аз тӯфони ахир( Eunice) дар Инглис, осори манфӣ ноши аз ин ҳодисаи табиъи бар иқтисод ва рифоҳи мардуми ин кишвар соя афкандааст

Ба гузориши Эрон Прес, бархе аз фурӯшгоҳҳои  Инглис ҳамчунон бо камбуди бархе колоҳои маводи ғизоӣ мувоҷеҳ шуданд.

Дар бархе фурӯшгоҳҳои Лондон низ қафасаи меваҷот, консервҳо, нон ва дастмолқоғазӣ аз як ҳафта қабл токунӯн ҳамчунон холӣ ва ё бо камбуд мувоҷеҳ аст.

Дар ҳамин ҳол, тахриби бархе маъобир ва деворҳои амокини маскунӣ ва суқути дарахтони тануманд дар амокини умумии Лодон ,осори дигаре аз тӯфони ахир аст.