Вазири дифоъи Русия: Ин кишвар то таҳаққуқи аҳдофи худ ба амалиёти низомӣ дар Украина идома медиҳад
(last modified 2022-03-01T17:29:25+00:00 )
Март 01, 2022 22:29 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифоъи Русия: Ин кишвар то таҳаққуқи аҳдофи худ ба амалиёти низомӣ дар Украина идома медиҳад

Вазири дифоъи Русия таъкид кард, ҳадафи аслии амалиёти низомии ин кишвар дар Украина дифоъ аз Русия дар баробари таҳдиди низомии ғарб аст ва нерӯҳои Русия то расидан ба аҳдофи эъломшуда ба маъмурияти худ идома хоҳанд дод.

Русия аз 24 феврал дастури ҳамалаи низомӣ ба Украинаро дар ҳоле содир кард, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар суханронии телевизионии худ дар ҳамон рӯзи аввал эълом кард, Русия дар ҳоли анҷоми амалиёти низомии вижа дар Донбасс барои ғайринизомӣ кардани Украина аст ва қасд барои ишғоли сарзаминҳои ин кишварро надорад.

Ин таҳаввул чанд рӯз баъд аз он рух дод, ки Маскав расман истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Лунагск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.

Русия мегӯяд Украина ба таъаҳудоташ дар тавофуқи Минск, ки дар солҳои 2014 ва 2015 барои ҳалли муноқишаҳои мавҷуд миёни ҷудоихоҳон ва Киев ҳосил шуда буд, амал накарда аст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия имрӯз сешанбе дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки артиши ин кишвар қасди ишғоли Украинаро надорад ва низомиёни рус аз ҳеҷ коре барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён дареғ намекунанд.

Дар пайи таҳарукоти ахири ғарб дар наздикии марзи Русия, Путин бомдоди панҷшанбе 24 феврал  дар як суханрони телевизиони миллии ин кишвар оғози амалиёти вижаи низмоии Донбасс хабар дод.

Кишварҳои  аврупоӣ ба ҷойи танишзудоӣ дар ин шаш рӯз, иқдомоти шадидеро зидди Русия иттихоз карданд ва кишваҳри узви Иттиҳодияи Аврупо ҳарими ҳавоии худро бар рӯи парвозҳои Русия бастанд.

Бо оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, кишварҳои ғарбӣ иқдом ба ирсоли силоҳ ва муҳимот ба Украина карданд. Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати дифоъи Русия рӯзи душанбе ба кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ирсоли таслиҳот ба Украина, ки дар рӯзҳои ахир афзоиш ёфта, ҳушдор дод.

 

Бештари бихонед:

 

Барчасп