Март 05, 2022 21:21 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи ситораи пешини футболи Ҳоланд ба дини мубини Ислом
    Ташарруфи ситораи пешини футболи Ҳоланд ба дини мубини Ислом

Кларенс Зеедорф ситораи пешини футболи Ҳоланд ва тимҳои Милани Италия ва Реал Мадриди Испания, мусалмон шуд.

Дар солҳои ахир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф бо таҳқиқ ва ҷустуҷу дар матнҳои динӣ, ба дини мубини Ислом мушараф шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кларенс Зеедорф бо ташаруф ба дини мубини Ислом номи худро ба Юнус тағир дод.

Кларенс чанд моҳ қабл эълом карда буд дар ҳоли таҳқиқ ва ҷустуҷу дар динҳо аст ва ба зудӣ дини ҷадиди худро эълом хоҳад кард.

Ситораи пешини футболи Ҳоланд эълом кард пас аз таҳқиқ ва ҷустуҷу ба ин натиҷа расид, ки Ислом ҷомеътарин дин аст ва наздиктарин мабонӣ ба воқеъиятро дорад.

Кларенс Зеедорф бозикуни собиқи тими миллии Ҳоланд бо тимҳои Милани Италия ва Реал Мадриди Испания чаҳор бор ба мақоми қаҳрамонии лиги қаҳрамонони Аврупо расид.

Юнус (Кларенс Зеедорф) аз соли 1998 то 2008 узви тими миллии Ҳоланд буд.