Март 09, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Байден мамнуияти воридоти нафти Русияро расман эълом кард + филм

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида воридоти нафт ва дигар манобеи энержии Русияро мамнуъ кард.

Байден пас аз эъломи таҳрими нафти Русия гуфт, нафти Русия дигар ҳаргиз ба Амрико нахоҳад расид. Мо ба ҳимоят аз Украина ва фишор бар Русия бо таҳримҳо идома хоҳем дод.

Раиси ҷумҳурии Амрико гуфт: Дар ҳоли ҳамоҳангӣ бо тарафи аврупоӣ барои таҳрими Русия ҳастем. Ба ирсоли маҳмулаҳои таслеҳотӣ ба Украина бо ҳамоҳангии муттаҳидон идома медиҳем. Ҳадафи таҳримҳо осеб расондан ба раиси ҷумҳурии Русия аст.

Байден гуфт: Мо дар ҳоли ҳамоҳангӣ бо тарафи аврупоӣ барои таҳрими Русия дар бахши энержӣ ҳастем. Эътироф мекунам, ки таҳримҳо алайҳи Русия бар рӯйи қиматҳо барои шаҳрвандони амрикоӣ дар дохили кишвар таъсир мегузорад.

 

Барчасп