Украина ду низомии Русияро рабуд
Вазорати дифои Русия эълом кард: Ду низомии рус дар шибҳҷазираи Қрим аз сӯи маъмурони иттилоотии Украина рабуда шуданд.
Ба иттилои Ирно, як мақоми Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе эълом кард: Маъмурони Созмони амнияти Украина Максим Одинтсов ва Александр Баранов, ду низомии русро, ки дар амалиёти гурӯҳи маъмурони иттилоотии Украина рабуда шуданд, ба устони Николаев дар ҷануби ин кишвар мунтақил кардаанд.
Созмони иттилооти Украина бо пазируфтани интиқоли афроди ёдшуда ба хоки ин кишвар эълом кард: Низомиёни боздоштшуда пеш аз ин узви артиши Украина будаанд, ки ба шибҳҷазираи Қрим фирор кардаанд.
Бино бар эъломи Созмони иттилооти Украин, бо таваҷҷуҳ ба гушуда шудани парвандаи кайфарии зидди ин ду низомии фирорӣ, онҳо аз Қрим ба Украина мунтақил шуданд.
Илҳоқи шибҳҷазираи Қрим дар марти 2014 ба Русия аз далоили ихтилофи Маскав ва Киев ба шумор меравад, ки бо пуштибонии Иттиҳоди Аврупо ва Амрико, таҳримҳои густардае зидди Русия ва вокунишҳои мутақобилро дар пай дошта аст.