Сиёсати ҳастаии Байден зери тозиёнаи интиқодҳои тунди мухолифон
(last modified Sun, 27 Mar 2022 12:48:58 GMT )
Март 27, 2022 17:48 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати ҳастаии Байден зери тозиёнаи интиқодҳои тунди мухолифон

Сиёсати ҳастаии давлати Ҷо Байден ҳамзамон бо нигарониҳо дар бораи ташдиди ҳамлаи ҳастаӣ дар буҳрони Украина, мавриди интиқоди ҳар ду ҳизби аслии Амрико қарор гирифтааст.

Рӯзномаи “Вашингтон таймс” дар гузорише навишт: Мунтақидони Байден вайро ба ақабнишинӣ аз ваъдаи интихоботиаш дар хусуси ин ки «танҳо ҳадаф»-и таслеҳоти ҳастаии Амрико ҷилавгирӣ аз ҳамла аз сӯи душманон аст, муттаҳам мекунанд.

“Вол Стрит журнал” низ рӯзи ҷумъа навишт: Дар сиёсати ҷадиди Амрико ба ҷои ишора ба «танҳо ҳадаф» -и таслеҳоти ҳастаии Амрико, баён шуда, ки «нақши аслӣ» -и зарродхонаи ҳастаии Амрико ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ҳастаӣ аст. Сиёсате, ки имкони вокуниши ҳастаии Амрикоро дар «шароити ҷиддӣ» барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ғайриҳастаӣ эҷод мекунад.

Ин масъала вокуниши фаврии бархе аз демократҳои Конгрессро барангехтааст. Сенатори демократ Эдвард Марки ва раиси коргурӯҳи контроли таслеҳоти ҳастаии Амрико дар ин замина гуфт, агар гузоришҳои расонаӣ дуруст бошанд, Байден як фурсати таърихиро барои коҳиши нақши силоҳҳои ҳастаӣ дар роҳбурди низомии Амрико аз даст додааст.

Вай аз давлат Байден хост, ба ваъдаи интихоботии худ дар эъломи ин ки «танҳо ҳадаф»-и силоҳи ҳастаии Амрико боздорандагӣ аст ва ин ки кишвар ҳаргиз дар марҳилаи нахуст аз он истифода нахоҳад кард, амал кунад.

Аз сӯи дигар, ҷумҳурихоҳон чунин истидлол мекунанд, ки таҳдидҳои физоянда аз сӯи душманони дорои силоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла Русия, Чин ва Кореяи Шимолӣ мусталзими иттихози сиёсати боздорандагии қотеона аз ҷониби Амрико аст.

Интиқодҳо аз давлати Байден ба дунболи нигаронӣ аз истифодаи Русия аз силоҳҳои шимиёӣ, биологӣ ё ҳастаӣ дар ҳамла ба Украина буруз кардааст. Сухангӯи Кремл ҳафтаи пеш эълом кард, ки агар Русия мутаваҷҷеҳ шавад мавҷудияти ин кишвар таҳдид мешавад, метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад.