Таҳлил: Ҳушдори Созмони Миллал дар мавриди ноамнии ғизоӣ дар Афғонистон
Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид кумакҳои башардӯстонаро барои рафъи ноамнии ғизоии 24 миллион нафар дар Афғонистон ҳаёти хонд.
Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид дар Твиттер таъкид кард, 24.4 миллион нафар дар Афғонистон бо ноамнии шадиди ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва ба кумак ва ҳимояти башардӯстона ниёз доранд.
Ин ниҳод тасреҳ кард, " кумакҳои башардӯстона роҳи ҳали ҳаёти барои миллионҳо афғон аст. Акнун замони он аст, ки канор онҳо биистим".
Ҷомеъаи байналмиллал ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро ба баҳонаи ба қудрат расидани Толибон мутавақиф кард ва ё коҳиш додааст ва ба рағми ҳушдорҳои мукаррари ниҳодҳои байналмиллали дар хусӯси хатари гуруснагӣ ва марги миллионҳо афғон, тағири дар ин равия сурат нагирифтааст.
Идомаи сиёсатӣ Амрико дар масдуд кардан дороиҳои Афғонистон, омили дигаре аст, ки сабаб шуда то давлати Толибон натавонад бахши умдаи ниёзҳои мардуми ин кишвар, ки аз тариқи воридот таъмин мешавадро посух диҳад.
Амрико пас аз тасалути Толибон бар Афғонистон дар августи соли гузашта ҳамаи дороиҳои Бонки Марказии Афғонистон дар он кишварро масдуд кард ва ҳамин масъала сабаб шуд то давлати Толибон дар таъмини ниёзҳои мардум ба хусӯс маводи ғизоӣ бо чолишҳои бузурги мувоҷеҳ шавад.
Бар рағми он, ки баъзе аз кишварҳо аз ҷумла Эрон дар моҳҳои ахир дар чандин навбат кумакҳои башардӯстона шомили маводи ғизоӣ, дору ва ақломи беҳдоштиро барои мардуми Афғонистон ирсол кардаанд, аммо мизон ниёзҳо дар ин кишвар бо ин кумакҳои маҳдуда созгори надорад.
Оморҳои мунташир шуда тавассути ниҳодҳои мухталифи байналмиллали аз ҷумла Камисари олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид нишон медиҳад беш аз бист миллион нафар аз мардуми Афғонистон бо хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Пештар ҳам барномаи ҷаҳонии ғизо вобаста ба Созмони Миллал низ дар бораи вуқӯъи бӯҳрони инсонӣ дар Афғонистон ноши аз гуруснагии миллионҳо нафар дар ин кишвар ҳушдор дод ва аз эҳтимоли шаклгирии суномии фақр дар Афғонистон бар асари хушксолӣ ва ҷангҳои ахир хабар дод.
Идомаи ҳушдорҳои байналмиллали дар бораи хатари гуруснагӣ дар Афғонистон ба далели камёб шудани маводи ғизоӣ, таваруми шаддид ва коҳиши арзиши пули милли ҳоки аз он аст, ки ин вазъияти хатарнок дар ин кишвар ҳамчунон тадовум дорад ва бояд ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ин хусӯс чора андеши кунад.
Дэвид Бисли аз мақомоти барномаи ҷаҳонии ғизо мегӯяд, дасти кам наздик ба нисфи ҷамъити Афғонистон бо бӯҳрони гуруснагии шадид рӯ ба рӯ ҳастанд. Мардуми Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд ва агар ин кумакҳо анҷом нашавад ин кишвар ба як бӯҳрони бузурги башарӣ табдил хоҳад шуд.
Илова бар хатари гуруснагӣ ба унвони як таҳдҳиди ҷидди барои мардуми Афғонистон, чанди пеш ҳам Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар бораи увзои беҳдоштиии ин икишвар ибрози нигарони кард.
Ҳушдори Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх дар бораи вазъияти вахими беҳдошти дар Афғонистон паёми нигарон кунанда аз увзои ин кишвар дар бахши саломт аст, ки дар сурати адами таваҷҷӯҳ ба он метавон абъоди ғайри қобили ҷуброне дошта бошад.
Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки давлати Толибон манобеъи моллии лозим барои таъмини ниёзҳои ғизоӣ, доруӣ ва беҳдоштии мардуми Афғонистонро надорад, ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд бидуни таваҷҷӯҳ ба ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишвар, ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро мутаносиб бо сатҳ ва мизони ниёзи ин кишвар дар дастури кор қарор диҳад ва аз шаклгирии бӯҳрони инсонӣ ҷилавгирӣ кунад.
Бештар бихонед: