Таҳлил: Ҳамдастии Амрико ва Арабистон алайҳи давлати Имронхон ва шурӯи сенарияи Ироқ ва Лубнон дар Покистон
(last modified 2022-04-11T05:38:10+00:00 )
Апрел 11, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Имронхон аввалин касе нест, ки қурбонии ин тавтиа шудааст
    Имронхон аввалин касе нест, ки қурбонии ин тавтиа шудааст

Имронхон нахуствазирӣ барканор шудаи Покистон бовар дорад, ки қурбонии тавтиаи амрикоӣ шудааст.

Далоил ва шохисҳои зиёде вуҷӯд дорад, ки ин боварро тақвият мекунад. Агар ин барканори ҳосили як раванди нисбатан тӯлонӣ мебуд, ки бо таниши сиёсии дохилӣ ва ё адами ироаи корномаи қобили қабул ва қобили дифоъ аз сӯи Имрохон ҳамроҳ мебуд ин барканорӣ то ҳудуде боварпазир мешавад аммо суръат ва наҳваи барканорӣ бештар ба як пружа ва кудатои сафед шабоҳат дорад.

Имронхон аввалин касе нест, ки қурбонии ин тавтиа шудааст. Дар Ироқ бо вуҷӯди ин, ки давлати Одил Абдулмаҳдӣ ҳанӯз ду сол аз умраш боқи монда буд ва дар тӯли даврони нахуствазириаш амалкарди бисёр мусбат ва коромаде дошт аммо аз онҷо, ки талош кард дар арсаи сиёсати хориҷӣт рӯйкарди мустақилона дар пеш бигирад ва бо наздики ба Чин талош кард аз тавон ва билқувваи ин кишвар барои суръат бахшидан ба раванди бозсозӣ дар Ироқ истифода кунад мавриди ғазаб ва хашми Амрико қарор гирифт ва бо ба роҳ андохтани эътирозоти ҳадафманд дар ниҳоят маҷбур ба канорагирӣ шуд ва ҷои худро ба давлати вобаста дод, ки то кунӯн дар масири сиёсатҳои Амрико қадам бардоштааст ва ба ҳамин далел Амрико ҳеҷ талоше барои таини нахуствазирӣ ҷадид аларағми баргузории интихоботи ҷадид намекунад ва аз ин метарсад, ки нахуствазирӣ ҷадид натавонад ҷои Мустафо Ал-Козимиро барои Амрико пур кунад  ба хусӯс он, ки Амрико дар фазоӣ ноши аз ҷанги Украина ва афзоиши баҳои  энерги  ба тазриқи нафти Ироқ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад.

Давлати вақти Лубнон ба нахуствазирии Саъд Ҳарирӣ низ қурбонии тавтиаи мушобеҳ шуд ва бо вуҷӯди ин ки давлат фаъолияти оддии худро таи мекард аммо аз онҷо, ки бештари аъзои парлумон дар ихтиёри намояндагони наздик ба меҳвари муқовимат буд лизо Амрико Саъд Ҳаририро ба истеъфо маҷбур кард бадин тартиб халаи сиёсиро сабаб шуд.

Боз бо вуҷӯди ин ки Ҳасан Диаб натавонист Лубнонро дар фазоӣ ноши аз бӯҳрон идора ва мудирият кунад боз бо эъмоли фишорҳо вайро водор ба истеъфо кард.

Ин маврид нишон медиҳад, ки водор кардани давлатҳое, ки дар баробари дархостҳои Амрико муқовимат мекунанд собиқа дорад аммо тафовут дар ин ҷост, ки агар барканории Одил Абдулмаҳдӣ ва ё Саъд Ҳарирӣ ва Ҳасан Диаб дар замони давлати ростгарои Тромп иттифоқ уфтод, барканории Имронхон ҳам дар замони давлати демократи Байден сурат мегирад ва ин нишон медиҳад, ки дар мавориди ин чунини давлати Байден ҳам дақиқ ҳамон роҳи Тромпро меравад ҳар чанд дар мавридҳои дигар аз ӯ интиқод мекунад.

  • Нуктаи қобили таваҷҷӯҳи дигар ин аст, ки Амрико дар ин барканориҳо ва кудатоҳои сафед танҳо набуда ва аз ҳимояти муттаҳидони Араб ва саҳюнистии худ бархурдор буда ва аст ва ба назар мерасад дар барканории Имронхон Арабистон ҳам нақши фаъоле доштааст.

Амрико аз Имронхон ба далели  пеш гирифтани сиёсатӣ мувозина ва бетарафӣ дар сиёсати хориҷа норозӣ буд чаро, ки Покистонро ба Чин ва Русия наздик кард, Арабистон ҳам аз ин, ки Имронхон ба дархостҳои мукаррари ин кишвар дар вурӯд ба ҷанги Яман посӯхи мусбат надод нороҳат ва хашмгин буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамзамонии барканории Имронхон дар Покистон бо нишасти ахири шахсиятҳои ямании даъват шуда ба нишасти Риёз, ки бо интиқоли қудрат аз Абд-Раббо  Мансур Ҳодӣ ба Шӯрои раёсат ҷумҳури ҳамроҳ шуд, ин эҳтимол тақвият мешавад, ки ин талошҳо на дар ҷиҳати тақвияти оташбас  ва эҳёи музокироти сиёсӣ бо давлати Санъо балки балки дурӯст бар акси он дар ҷиҳати сару сомон додан ба авзои ошуфтаи нерӯҳҳои таҳти амри худ дар Яман ба манзури тақвияти ҷабҳаи низомӣ дар ояндааст ва Арабистон мехоҳад аз зарфияти Покистон дар ин замина баҳра бигирад.

Гузашта аз инҳо ба назар мерасад Амрико, Арабистон ва дигар ҳампаймонони онҳо аз ин, ки  рӯи кор омадани Толибон дар Афғонистон ба эҷоди таниш ва тазод дар равобити миёни Афғонистон ва Эрон мунҷар нашудааст бисёр хашмгин ҳастанд ва лизо ба назар мерасад, аз тариқи ҷо ба ҷоии қудрат дар Покистон қасди эҷоди бесуботӣ дар Афғонистон ва эҷоди халал дар равобити миёни давлати Кобул бо давлатҳои  ҳамҷавор аз ҷумла Эронро доранд ва аз ин дид, ҷо ба ҷоии қудрат дар Покистон аҳдофи минтақаиро ҳам дунбол мекунад.

Бар ин асос ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон таҳаввулоти сиёсии ахири Покистонро танҳо як мавзӯъи дохилӣ тасаввур кард балки дорои абъоди минтақаи буда ва ҳатто бо таваҷҷӯҳ ба адами ҳамроҳии Покистон бо Ғарб ва НАТО  дар ҷанги Украина ва бастани қарордодҳои хариди маҳсулоти кишоварзӣ бо Русия дар замони эъмоли таҳримҳои сангин алайҳи ин кишвар, абъоди байналмиллали ҳам дорад, ки осор ва табаъоти густардаеро ба ҳамроҳ дошта, магар ин, ки нухбагонӣ сиёсии дохилӣ Покистон роҳе биёбанд, ки ба маҳори сариъи бӯҳрони сиёсӣ бианҷомад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп