Апрел 17, 2022 17:27 Asia/Dushanbe
  • Русия: Украина абъоди шикасти низомии худро махфӣ мекунад
    Русия: Украина абъоди шикасти низомии худро махфӣ мекунад

Вазорати дифои Русия эълом кард, то кунун беш аз 23 ҳазор неруи украинӣ ва муздури хориҷӣ кушта шудаанд.

Русия аз 24 феврал ҳамла ба Украинаро дар ҳимоят аз манотиқи Донетск ва Луганск дар шарқи ин кишвар оғоз кард. Русия эълом кард, ҳамали ин кишвар ба Украина ба манзалаи шуруи ҷанг нест, балки иқдом барои пешгирӣ аз як ҷанг дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Маскав пеш аз ин борҳо ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи мусаллаҳ кардани Украина ва низ бетаваҷҷуҳӣ ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинони рустабор дар шарқи Украина ҳушдор дода буд.

Ба гузориши "Раша Тудей", Игори Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе гуфт: То кунун 23 ҳазору 367 нерӯи украинӣ кушта шудаанд, ки дар ин миён фақат дар Мориупол беш аз чаҳор ҳазор ҷангҷӯи нозӣ ва муздури хориҷӣ кушта шудаанд.

Ин мақоми рус ҳамчунин Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украинаро ба махфӣ кардани абъоди шикастҳои низомии ин кишвар муттаҳам кард ва баён дошт, ӯ метарсад ба мардуми Украина бигӯяд, ки чи теъдод сарбози украинӣ кушта шуданд.

Конашенков тавзеҳ дод, Русия ба асноде дар бораи теъдоди талафоти украиниҳо даст ёфт ва ба зудӣ ҷузиёти бештар дар ин замина мунташир хоҳад шуд.

Зеленский рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо Си Эн Эн гуфта буд, байни 2500 то 3000 нерӯи украинӣ аз замони оғози даргириҳо кушта шудаанд ва ин омор дар миёни нерӯҳои рус беш аз бист ҳазор нафар аст.

Дар ҳоле, ки даргириҳои Украина наздик ба ду моҳ аст ки идома дорад, Русия ҳафтаи гузашта дар ёдошти расмӣ ба мақомоти Вашингтон, амрикоиҳоро ба дарозо кашидани ҷанг ва кушта шудани теъдоди бештаре аз сарбозон аз тариқи ҳимоятҳои молӣ ва низомӣ ба Украина мутаҳам кардааст.

 

Барчасп