Апрел 18, 2022 14:18 Asia/Dushanbe
  • Расмус Палудан раҳбар як ҳизби ростгаро ва исломситези Донморк мебошад
    Расмус Палудан раҳбар як ҳизби ростгаро ва исломситези Донморк мебошад

Раванди исломситези ва хушунат алайҳи мусалмонон дар солҳои ахир дар кишварҳои аврупоӣ раванди афзоишӣ будааст. Зуҳур ва нақшафаринии фароянди ҷунбишҳо, аҳзоб ва афроди ростгарои ифротӣ нақши муҳиме дар ин замина ифо кардааст.

Дар ҷадидтарин иқдоми исломситезона дар Аврупо, талоши як ростгарои ифротӣ дар Шветсия барои оташ задани Қуоъони карим мунҷар ба даргири шуд.

Расмус Палудан раҳбар як ҳизби ростгаро ва исломситези Донморк ба унвони " Хати сахт" (Hard Line) як таҷаӯъ дар шаҳри Ленкопинг воқеъ дар савоҳили шарқӣ Шветсия баргузор кунанд ва тибқи қарор қабли Қуръони каримро оташ бизананд вале пеш аз шурӯъи таҷамӯъ, даргири байни мусалмонони муътариз ба ин иқдоми таниш рӯх дод. Албатта ин нахустин талоши ин гурӯҳи ифротии ростгаро дар ин замина набуд.

Дар 28 августи 2020 низ даргириҳои мушобеҳи дар шаҳри Молмои Шветсия рӯх дод ва мунҷар ба сар задани норомиҳои хиёбонӣ шуд. Дар он таҷамӯъ аъзои гурӯҳи "Хати сахт" илова бар сар додани шиорҳо алайҳи ислом, як нусха аз Қуръони каримро оташ заданд ва дар вокуниш ба ин рӯйдод, чанд сад нафар аз мусалмонони сокини шаҳри Молмо ба эътироз бархостант.

  • Расмум Палудан раҳбари ҳизби " Хати сахт"  ки аъзои он собиқаи сузондани Қуръон дар  Копенҳаген  пойтахти Донморкро доранд, дар он замон ҳадаф аз иҷрои чунин барномаеро бедор кардани мардуми Шветсия донист.

Баҳонаи иҷозаи давлатҳои Донморк ва Шветсия ба ин гурӯҳи ростгарои ифротӣ баро иҳонат ба муқаддасоти исломӣ ва тавҳин ба мусалмонон бо оташ задани Қуръон карим, озодии баён ва идаои давлатҳои аврупоӣ дар заминаи ҳифозат аз он аст. Дар ҳоле, ки нигоҳе ба меъёрҳои дугонаи Ғарб аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар бораи озодии баён нишон медиҳад, ки ин масъала фақат замоне мисдоқ дорад, ки зери саввол бурдан ва тавҳин ба мавзӯъоте, ки мадди назари Ғарб аст аз ҷумла исломҳаросӣ ва исломситезӣ ва тавҳин ба муқаддасоти мусалмонон матраҳ бошад ва дар ғайри ин маврид монанди масъалаи Ҳулукост яъне куштори яҳудиён дар ҷанги ҷаҳонии дуввум ва ё мавзеъгири ба нафъи Русия дар ҷараёни ҷанги кунӯни дар Украина, давлатҳои аврупоӣ ба шиддат алайҳи афроде,ки дар ин замина  мавзеъи ғайри мавсум ва  ғайри муҷоз аз дидгоҳи ин давлатҳо сурат диҳанд вокуниш нишон дода ва мавриди пайгирии қазоӣ қарор мегиранд.

Мисоли боризи ин рӯйкарди табъизомез ва дугона, тавҳинҳои мукаррар ба паёмбари ислом (с) дар Фаронса тавассути нашрияи Факоҳии Чарлӣ Эбдо будааст, ки бар хилофи эътирози густардаи мусалмонон дар ин кишвар ва дар сатҳи ҷаҳон, бо ҳимояти ошкори Эммануэл Макрон раисиҷумҳурии Фаронса ба интишори карикатурҳои тавҳиномез ба соҳати муқаддаси паёмбари акрам (с) пардохт. Истиноди Макрон ба лузуми риояти аслии "Озодии баён" дар кишвараш барои тавҳин ба муқаддасоти исломӣ аз аз ҷониби нашрияи Факоҳи  Чарлӣ Эбдо интиқодҳои зиёдеро ҳатто дар дохили Фаронса алайҳи вай муҷиб шудааст.

  • Аз сӯйи дигар пас аз баргузории давраи нахусти интихоботи раёсат ҷумҳурии Фаронса ва роҳ ёбии Эммануэл Макрон ба унвони номзади миёна ва  Марлин Ле Пен  ба унвони номзади ростгарои ифротӣ, талошҳои ин ду барои ҷалби орои фаронсавиҳо бо ташддиди мавзеъгириҳои исломситезона афзоиш ёфтааст.

Марлин Ле Пен ки мухоли муҳоҷират ва ислом аст, гуфтааст: Ҳиҷоб як юнифурм аст, ки дар тӯли замон тавассути афроде мавриди истифода қарор гирифта, ки дидгоҳи радикали аз ислом доранд.

  • Вай муътақид аст, ки  доштани ҳиҷоби исломӣ дар инзори  умуми бояд монанди ҷароими ронандагии машмули пардохти ҷаримаи нақди шаванд.

Макрон низ ҳар чанд дар зоҳир ба дунболи фосила гирифтан аз мавзеъи Ле Пен дар бораи ҳиҷоб аст ва идао карда, ки ҳеҷ қонунеро тағир намедиҳад аммо дар айни ҳол, аз қонуни кунӯнии мамнуъияти ҳиҷоб дар мадориси Фаронса ҳимоят кардааст. Бадин тартиб рушан аст, ки ҳеҷ тафовуте байни сиёсатмадорон ва давлатҳои аврупоӣ дар зиддият бо ислом ва ташдиди маҳдудиятҳо алайҳи мусалмонон дар кишварҳои аврупоӣ вуҷӯд надоранд. 

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп