Таҳлил: Тасвиби пайвастани Фенландия ба НАТО дар парлумони ин кишвар
(last modified Sun, 24 Apr 2022 13:53:21 GMT )
Апрел 24, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тасвиби пайвастани Фенландия ба НАТО дар парлумони ин кишвар
    Таҳлил: Тасвиби пайвастани Фенландия ба НАТО дар парлумони ин кишвар

Масъалаи пайвастани ду кишвари аврупоӣ шимоли Фенландия ва Шветсария ба НАТО аз ихтилофоти муҳими Русия бо ин ду кишвар маҳсуб мешавад, акнун Фенландия гоми муҳими дар ин замина бардошта аст.

Парлумони Фенландия рӯзишанбе 23 апрел бо 112 райи мусбат ва 12 райи манфи аз маҷмуъи 200 райи аъзои ин парлумон ба пайвасатни ин кишвар ба Созмони паймони Атлангтикаи шимоли НАТО рай дод. Ин мусаваба ба манзалаи чароғи сабз ба давлати Фенланд барои ироаи дархости ба НАТО барои узвият дар он аст ин иқдом бо вокуниши мусбати давлати Фенландия муваҷаҳ шуда аст.

Пекка Ҳависто "Pekka Haavisto" вазири умури хориҷаи Фенландия рӯзи шанбе бо таъкид бар ин ки кишвар дар ирсоли дархост барои узвият дар паймони НАТО набояд таъхир кунад изҳор дошт, ки ҳамакнун замони муносиба аст то ҳелсинки дархости узвият дар НАТО-ро матраҳ кунад.

Ҳависто мегуяд: Чи иттифоқи бадтари бояд рӯи диҳад то Фенландия НАТО-ро дар назар бигирад, даргириҳо дар Украина Ҳилсинкиро маҷбур кард то сиёсати амниятии худро мавриди арзёби қарор диҳад ва барои Фенландия ва Шветсария хуб хоҳад буд то мавозеъи худ дар бораи узвият дар НАТО-ро ҳамгомсози кунанд.

Ба назар мерасад вуқуъи ҷанги Украина дар тасмими Фенландия барои узвият дар НАТО таъсири қобили таваҷҷуҳи гузошта аст бо мусавабаи парлумони Фенландия амалан раванди узвияти ин кишвар дар НАТО оғоз шуд ва ба зуди ин амр муҳақақ хоҳад шуд ин масъала ҳасосияти фавқулодаи русҳоро сабаб шуда аст.

Русия, ки акнун даргири ҷанги густарда дар Украина аст умдатан ба далели пофишории НАТО ва давлати ғарбгароӣ Киев барои узвияти Украина дар ин созмони низомии ғарбӣ аст ба шиддат бо ин амр яъне узвияти Шветсария ва Фенландия дар НАТО мухолиф аст.

Аз дидгоҳи Маскав ин амр ба мафҳуми густариши муҳосираи Русия аз ҷониби НАТО аст, ки акнун илова бар марзҳои ғарбии Русия қасди ҳузури пурранг дар марзҳои шимолии ин кишварро ҳам дорад.

Вазорати хориҷаи Русия ҳушдор дода аст, ки пайвастани Шветсария ва Фенландия ба НАТО хатари бесуботи дар шимоли Аврупоро ба дунбол хоҳад дошт.

Сергей Рябков, муъовини вазири хориҷаи Русия ахинар ҳушдор дод, ки пайвастани Фенландия ва Шветсария ба НАТО метавонад паёмадҳои сиёсӣ ва низомӣ дошта бошад.

Кишвари Фенландия дар шимоли Аврупо ба лиҳози ҳамсоягии бо Русия ва мавқеъияти ҷуғрофиёи хоси он ҳамвора ҳасосияти зиёди русҳоро барангехта аст. Фенландия дар давраи ҷанги сард мавзеъи бетарафиро итихоз кард, ки иллати он ҳамарзӣ ва мавқеъияти ҷуғрофиёӣ ин кишвар бо Шурваӣ ва таъсирпазирии он аз қудрати низомт ва нуфузи сиёсии он буд бо ин ҳол акнун сарони НАТО ва Амрико муддаи ҳастанд, ки қавоиди бози дар Аврупо ба сурати асоси тағир кард ва дигар мафоҳими қадим марбут ба бетарафӣ ба унвони чорчуби раванди фаъолияти сиёсии Фенландия ва ҳамчунин Шветсария муносиб нест ва ба ин лиҳоз хоҳони пайвастани ин ду кишвар ба НАТО ҳастанд.

Йенс Столтенберг " Jens Stoltenberg" дабири кулли НАТО чанд бор эълом кард, ки ин созмони низомӣ омода аст то дархости Фенланд ва Шветсария барои узвият дар НАТО-ро ба маҳзе ки ироа диҳанд бипазирад.

Фенландия акнун дар масири узвияти НАТО қарор гирифта аст ҳар чанд, ки қабл аз ин низ пешбини мешуд фароянди ҳамкориҳои наздик байни Фенландия бо НАТО аз ҷумла дар заминаҳои омӯзишӣ ҳамчунин баргузории размоишҳои муштарак дар ниҳоят мунҷар ба узвияти ин кишвар дар паймони НАТО шавад.

Таҳақуқи узвияти Фенландия дар НАТО боиси афзоиши беш аз пеши нигаронии русҳо ва вокунишҳои мутақобили Маскав дар қиболи ин кишвар хоҳад шуд, ҳамакнун низ ин масъала таҳақуқ ёфта ва Маскав сароҳатан бар ҳастаӣ шудани дарёи Балтика дар сурати узвияти Фенландия ва Шветсария дар НАТО таъкид карда аст масъалае, ки на фақат ба маънои афзоиши амнияти миллии ин кишвар нахоҳад буд балки амалан сабаби афзоиши бесобиқаи таҳдидот зидди онҳо хоҳад шуд, ба интартиб Фенландия дар канори Шветсария вориди ҳамон масире шуданд, ки қаблан Украина тай кард ва бо исрори бар узвият дар НАТО амалан сабаби вокуниши Русия ва вуқуъи ҷанги вайронкунандаи кунуни шуда аст.

 

Бештар бихонед: