Украина пешниҳоди оташбас бо Русияро рад кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i86170
Мушовири раиси ҷумҳӯри Украина пешниҳоди оташбас бо Русия ва супурдани қаламравро рад кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 22, 2022 13:08 Asia/Dushanbe
  • Украина пешниҳоди оташбас бо Русияро рад кард

Мушовири раиси ҷумҳӯри Украина пешниҳоди оташбас бо Русия ва супурдани қаламравро рад кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мушовири раиси ҷумҳӯри Украина шомгоҳи шанбе бо радди пешниҳоди Ғарб барои оташбас бо Русия ва боқӣ мондани неруҳои рус дар манотиқи ишғолшуда, гуфт: Оташбас ба нафъи Кремл аст, вале Маскав бояд шикаст бихурад .
Михаил Подолёк бо иқрор ба инки мавзеи Киев дар хусӯси ҷанг созишнопазиртар мешавад, муддаӣ шуд: Додани имтиёз ба Русия барои Украина натиҷаи баракс хоҳад дошт, зеро Маскав пас аз ҳар танаффус дар ҷанг бо шиддати бештаре посух хоҳад дод .
Подолёк дар ин бора изҳор дошт : « Неруҳои ( русӣ ) бояд кишварро тарк кунанд ва пас аз он аст, ки тадовуми раванди музокироти сулҳ имконпазир хоҳад буд .

Ҳамзамон бо дархостҳои пайдарпаи Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллион долларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар паи таҳаррукоти ахири Ғарб дар наздикии марзи Русия, Владимир Путин-раиси ҷумҳурии ин кишвар 24 феврал дар посух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск дар шарқи Украина, дастури ҳамлаи низомӣ дар минтақаи Донбасро содир кард. Баъд аз он ҷангандаҳо, тӯпхона ва сомонаҳои мушакии Русия мавозиъи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.