Чаҳор кушта бар асари тирандозӣ дар иёлатҳои Королинаи Ҷанубӣ ва Ню-Йорки Амрико
(last modified 2022-05-23T06:32:00+00:00 )
Май 23, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор кушта бар асари тирандозӣ дар иёлатҳои Королинаи Ҷанубӣ ва Ню-Йорки Амрико

Тирандозиҳои ҷудогона дар иёлатҳои Королинаи Ҷанубӣ ва Ню-Йорки Амрико чаҳор кушта барҷой гузошт.

Полиси Амрико эълом кард, як нафар рӯзи якшанбе бар асари тирандозӣ дар метрои шаҳри Ню-Йорк кушта шудааст.

Полиси Амрико ҳамчунин гуфт, се нафари дигар рӯзи якшанбе дар як тирандозӣ дар шаҳре дар иёлати Королинаи Ҷанубии ин кишвар кушта шуданд.

Ҳануз аз ҳувияти фард ё афроди муҳоҷим ва ҳамчунин ангезаи онону ҷузъиёти ҳодиса гузорише мунташир нашудааст.

Озод будани силоҳ дар Амрико сабаби тирандозӣ ва куштори мардум мешавад.

Бо вуҷуди ин ки Амрико ҳудуди панҷ дарсад аз ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳад, аммо наздик ба 31 дарсад аз касонеро, ки муртакиби кушторҳои ҷамъӣ бо силоҳ мешаванд, дар худ ҷой додааст.

 

Барчасп