Таҳлил: Ҳукми Девони олии Амрико ба озодии ҳамли силоҳ дар амокини умумӣ
(last modified 2022-06-25T05:54:57+00:00 )
Июн 25, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Ин нахустинбор аст, ки Девони олии Амрико ҳамли силоҳ дар амокини умумиро ҳаққи мардум медонад
    Ин нахустинбор аст, ки Девони олии Амрико ҳамли силоҳ дар амокини умумиро ҳаққи мардум медонад

Девони олии Амрико рӯзи 23 июн ба рағми инмки ин кишвар руи даври тунди хушунатҳои мусалаҳона ва тирандозиҳои ҷамъии ғайри қобили кантрол қарор дорад, қонуни марбут ба ҳамли аслиҳа дар Ню-Йоркро, ки беш аз як қарн пеш вазъ шуда буд, лағв ва эълом кард мардуми Амрико ҳаққи ҳамли силоҳ дар амокини умумиро доранд.

Қонуни ҳамли аслиҳа, ки ҳудӯди як қарн пеш дар Ню-Йорк тасвиб шуда буд, маҳдудиятҳоеро барои ҳамли махфии силоҳ аз хона эҷод мекард, ки акнӯн Девони олии Амрико онро лағв кард. Ин ҳукми Девони олӣ муҳимтарин тасмими он дар мавриди ҳуқуқи  ҳамли силоҳ дар Амрико  пеш аз як даҳҳаи гузаштааст. Девони олии Амрико дар соли 2008 барои аввалин бор ҳаққи афродро барои нигаҳ доштани аслиҳа дар хона барои дифоъ аз худ ба расмият шинохт.

Кларенс Томс як қозии Девони олии Амрико гуфт: Аз онҷое, ки Иёлоти Ню-Йорк фақат замонге, ки мутақози ниёзи вижа барои дифоъ аз худро нишон диҳад, муҷавизҳоии ҳамли умумии силоҳро содир мекунад, мо натиҷа мегирем, ки режими судури муҷавизи ҳамли силоҳр дар ин Иёлот, қонуни асосиро нақз мекунад.

Нуқтаи қобили таваҷҷӯҳи вокуниши Ҷу Бойден раиси Ҷумҳӯри Амрико дар ин заминааст. Раиси Ҷусмҳӯри Амрико дар баёнияе дар паи ҳукми Девони олии Амрико дар хусӯси озодии ҳамли силоҳ дар амокини умуми гуфт: Амиқан аз ҳукми Девони олии Амрико дар лағви қонуни ҳамли силоҳи Иёлати Ню-Йорк ноумед ҳастам.

Ин нахустинбор аст, ки Девони олии Амрико ҳамли силоҳ дар амокини умумиро ҳаққи мардум медонад. Ин ҳукм як пирузӣ барои тарфдорони силоҳ дар ин кишвар аст, ки  ба шиддад дар мавриди чи гунагии бархурд бо хушунатҳои мусалаҳона вуҷӯд дорад. Лағви қонуни ҳамли аслиҳа дар Ню-Йорк дар ҳоле аст, ки ин шаҳр шгҳиди кӯшторҳо ва тирандозиҳои ҷамъие аст, ки намунаи боризи он кӯштори 10 сиёҳпӯст дар фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ дар Буффалои Ню-Йорк тавассути як ҷавони сафедпӯст буд, ки бо ангезаи нажодпарастона ба қатл расиданд.

Хушунатҳои мусалаҳона ва маргбор ба унвони яке аз муҳимтарин маъзулоти дохилӣ дар Амрико рӯ ба афзоиш буда ва аз кантроли давлат ва полиси Амрико хориҷ шудааст.

Коршиносони амнияти мунтаъқиданд ончизе,ки амнияти дохилии Амрико таҳдиди мекунад, терроризми байналмиллалӣ ва ё таҳдидоти хориҷӣ нест балки ростгароёни ифротӣ аз ҷумла афрод ва гурӯҳҳои сафедпӯсти бартар пиндор, ва низ густариши рафторҳои хушӯнатомез аз ҷумла истифодаи густарда аз силоҳи гарм ва вуқӯъи паё пайи тирандозиҳои ҷамъӣ аз таҳдидоти воқеъи бар ҷомеъаи Амрико маҳсуб мешавад.

Силоҳи гарм муҳимтарин омили марг ва мир дар Иёлоти Муттаҳида маҳсуб мешавад, ки харид ва ҳамли анвоъи силоҳ дар  он озод аст ва ба ҳамин далел ширкатҳои аслиҳасозӣ дар ин кишвар аз тариқи сохт ва фурӯши анвоъи силоҳ фоидаи саршоре мебаранд.

Тахмин зада мешавад, ки барои ҳар 100 ам ки табиатан ин амр сабаби афзоиши истифода аз онҳо ба далоилии мухталимф аз масоъили равонӣ то шуғлӣ то интиқомгириҳои шахсӣ, хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ мешавад. Зимни ин, ки вуҷӯди силлоҳ дар дасти гурӯҳҳои шибҳи низомӣ ва низ ашхосе, ки дорои гироишоти ифротӣ ҳастанд сабаби афзоиши қобили таваҷҷӯҳ ва вуқӯъи тирандозиҳои ҷапмъи дар Амрико шудааст.

Ҷумҳӯрихоҳон ба вижа Доналд Тромп раиси Ҷумҳӯри собиқи Амрико асосан эътиқоде ба маҳдудсозии харид ва ҳамли силоҳ дар ин кишвар надоранд. Дар ҳоле, ки демократҳо аз ҷумла давлати Обама ва акнун давлати Бойден ҳадди ақал дар зоҳир талош кардаанд то дар қонуни ҳамли силоҳ ислоҳоте анҷом диҳанд. Фоидаи  ҳангуфти фурӯшҳи силоҳи гарм боис шуда то ширкатҳои таслиҳоти кунгреи Амрико монеъ аз  тасвиб ва эъмоли ҳар гӯна қавонини муртабит бо маҳдуд кардани харид ва ҳамли силоҳ шаванд. Акнун бо ҳукми ҷадиди Девони олии Амрико заминае барои афзоиши ҳамли силоҳи гарм ва дар натиҷаи густариши хушунатҳои мусалаҳона дар ин кишвар  беш аз пеш ба вуҷӯд омадааст.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп