Парвандаи расвои ахлоқии роҳибҳои фаронсавӣ дар дастури кори додгоҳ
Раиси конфаронси роҳибҳои Фаронса ( CEF ) эълом кард 10 усқуфҳо(роҳибҳо)и феълӣ ва собиқ аз ҷумлаи усқуфи аъзами собиқи шаҳри Бордо дар моҷарои расвоии ахлоқӣ, ки парвандаи он дар додгоҳ ва калисо гушӯда шудааст, муттаҳам ҳастанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эрик де Мулен Бофор,раиси конфаронси усқуфҳои Фаронса дар нишасти хабарӣ аз иттиҳоми фасоди ахлоқӣ барои 10 усқуф хабар дод ва гуфт : Парвандаи ду усқуфе ки имрӯз дигар бар сари кор нестанд аз дируз ( душанбе ) дар додгустарии кишвар гушуда шуда ва ҳамчунин додситонӣ иқдомоти маҳдудкунанда дар мавриди як усқуфи дигарро низ дар дастури кор қарор додааст .
Раиси конфаронси усқуфҳои фаронсавӣ яке аз муттаҳамонро кардинал Жан Жиир Ришар, усқуфи аъзами собиқи Бордо эълом кард, ки рафтораш бо як навҷавони 14 сола дар 35 соли пеш ، « сарзанишомез » эълом шудааст .
Ба гуфтаи Бофор, Мишел Санти-усқуфи дигаре дар ин феҳрист аст, ки дар соли 2021 тавассути мақомҳои Ватикан ба далели « сӯиистифодаи маънавӣ » дар даҳаи 1990 таҳрим шуд ва сукути ӯ дар ин бора дар ҳафтаҳои ахир хашми шадидеро дар миёни католикҳову гуруҳҳои қурбонӣ барангехт .
Раиси конфаронси усқуфҳои Фаронса бидуни ишора ба ҷузъиёти « густардагии мавориди иттиҳом ва ё иддаоҳо » дар парвандаи расвоии ахлоқии Калисо дар мавриди хушунати ҷинсӣ сухан гуфт .
120 узви Конфаронси усқуфҳои Фаронса ( CEF ) аз рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Лорд ( Lourdes ) барои маҷмаъи умумии пойизии худ гирди ҳам омаданд . Яке аз аҳдофи ин нишаст баррасии « пешниҳодҳои амалӣ » барои беҳбуди иттилоърасонӣ ва шафофият дар мавриди иқдомоти маъмулии Калисо аст, ки алайҳи рӯҳониюни масеҳии даргир дар мавориди хушунати ҷинсӣ анҷом мешавад .
Бештар бихонед :