Вазорати беҳдошти Туркия:42 нафар аз маҷрӯҳони инфиҷори Истанбул таҳти дармон ҳастанд
(last modified 2022-11-14T06:13:20+00:00 )
Ноябр 14, 2022 11:13 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор асри дирӯз дар хиёбони Истиқлоли Истанбули Туркия, дасти кам 6 кушта ва 81 захмӣ барҷой гузошт
    Инфиҷор асри дирӯз дар хиёбони Истиқлоли Истанбули Туркия, дасти кам 6 кушта ва 81 захмӣ барҷой гузошт

Вазорати беҳдошти Туркия бомдоди имрӯз эълом кард 42 нафар аз маҷрӯҳони ҳодисаи инфиҷори Истанбул дар бемористонҳо таҳти дармон ва мудаво ҳастанд.

Инфиҷор асри дирӯз дар хиёбони Истиқлоли Истанбули Туркия, дасти кам 6 кушта ва 81 захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Вазорати беҳдошти Туркия соати пас аз инфиҷори як омили интиҳори дар хиёбони Истиқлоли Истанбул бо эъломи инки 42 маҷрӯҳи ин ҳодиса таҳти дармон қарор доранд аз вахомати ҳоли панҷ нафар аз маҷрӯҳони ин ҳодиса хабар додааст.

Раиси Ҷумҳӯри Туркия пас аз ин инфиҷор гуфт: Ба зуди омилони ин ҳодисаро шиносоӣ карда ва ба муҷозот хоҳем расонд.

Эрдуғон бо эъломи ин ки инфиҷор дар минтақаи Таксими  Истанбул террористӣ будааст гуфт: Терроризм ба аҳдофи худ нахоҳад расид.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп