Ноябр 17, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Решаёбии далоили ҳаёҳӯи Илҳом Алиев алайҳи Эрон ва паёмадҳои он (бахши аввал)

Изҳороти ахири Алиев дар хусӯси вазъияти озариҳои Эрон нишон медиҳад, ки бар хилофи иддаоҳои гузаштаву дӯстмаобонаи давлати Боку ҳамаи фаъолиятҳову таблиғоти таҷзияталабонаи зиддиэронӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳамоҳангӣ ва ҳимояти комили Боку будааст .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Аҳмади Козимӣ-пажӯҳишгари ҳавзаи Авруосиё дар мақолае навишт : Бар хилофи хушбинонаҳои аввалияе, ки буд ҷанги дувуми Қаробоғ ( 2020 ) на танҳо мунҷар ба беҳбуди муносиботи Теҳрон ва Боку нашуд, балки вазъиятро печида кард ва ниҳоятан мунҷар ба сардӣ ва бурузи чолишҳое дар муносиботи ду кишвар гардид . Бо тавваҷуҳ ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ,низомӣ,транзитӣ,иртиботӣ, башардӯстона ва иқтисодии Эрон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар се даҳаи ахир ва таъкидоти мукаррари Теҳрон дар сутуҳи олӣ мабнӣ бар бозгашти Қаробоғ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон интизор мерафт, ки пас аз ҷанги дувум  Боку бо қадрдонӣ ва ба посдошти ин хадамоти падаронаи Эрон, рӯйкарди ҳусни ҳамҷаворӣ бо Теҳрон дар пеш бигирад, аммо авзоъ ин гуна нашуд .

Далели ин мавзӯ мушаххасаст.Ҷанги дувуми Қаробоғ хориҷ аз иродаи Ҷумҳурии Озарбойҷон шакл гирифт, ин кишвар хусусан пас аз рӯйи кор омадани Илҳом Алиев дар соли 2003 ба яке аз конфедерасиюнҳои Туркия ва ҳамчунин ҷавлонгоҳи Англия ва дар сарварии он Бритиш Петролиюм ва ҳамчунин режими саҳюнистӣ табдил шудааст . Ин кишварҳо ба унвони бозигарони таҷдидиназарталабу фурсатталаб ва зиёдахоҳ дар қолаби пружаи ҷанги дувуми Қаробоғ ва бо пӯшиши озодии қаламрави ишғолии Ҷумҳурии Озарбойҷон кушиданд ҳар кадом тарҳҳои фитнаангези худро бо меҳварияти усмонигароӣ ва Туркияи бузург, долони туронии НАТО ва табдили Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ” пойгоҳи минтақае саҳюнизм » ба пеш бибаранд . Ҳадаф эҷоди як фитнаи геополитикии калону доманадор байни марзи Эрону Арманистон, таҷзияи ҷануби Арманистон ва эҷоди як воҳиди сиёсии сохтагиву номашрӯъ дар ин минтақа мебошад .
Таҷрубаҳои ду соли ахир нишон медиҳад, ки дар асари ҷанги дувуми Қарабоғ агарчӣ арозии ишғолии Ҷумҳурии Озарбойҷон албата дар хориҷ аз Қарабоғ ( на худи Ҷумҳурии Қарабоғ ) аз дасти арманиҳо озод шуданд, вале дар иваз кулли Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ихтиёри режими саҳюнистӣ ва Туркия ва дар пушти парда Англия қарор гирифтааст . Эҳтизози парчамҳои онҳо дар саросари Ҷумҳурии Озарбойҷон на баёнгари иттиҳод балки нишондиҳандаи табдили Ҷумҳурии Озарбойҷон ба яке аз шибҳимустаъмироти ақмории ин кишварҳо ва таҳтулҳимоягии давлати Илҳом Алиев аст Он бахш, ки авзоъ марбут ба дохили Ҷумҳурии Озарбойҷон мешавад, ин мавзӯ шояд иртиботи чандоне ба Эрон надорад, аммо вақте қарор аст, ки Боку ба маркази фитнаҳои мухталиф алайҳи Эрон табдил шавад ва ташайюъзудоӣ ва эронситезии систематӣ он ҳам дар сатҳи васеъу расмӣ дунбол шавад, вокунишҳои албатта на сарфан тадофуъии Эрон мантиқӣ аст . Аз ин рӯ низ пас аз ҷанги дувуми Қарабоғ равобити Теҳрону Боку ба самти сардӣ гароид .
Бодкӯба ё Арон аз назари торихӣ бахше аз Эронзамин аст . Ҷумҳурии Озарбойҷон,ки дуюмин кишвари шиъа дар ҷаҳон аст аз манзари тамаддунӣ, фарҳангӣ ва торихиву динӣ ва умуман Қафқоз бахши ногусастанӣ аз « Эрони фарҳангӣ » ҳастанд . Рӯйкарди ифротӣ ки барои ҳамсоннамоии Ҷумҳурии Озарбойҷону Туркия ё иштирокзоӣ миёни яҳудиён бо Ҷумҳурии Озарбойҷон вуҷуд дорад, бархоста аз тарсу нигаронии онҳо аз эронӣ будани мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон аст . Туркия ба унвони коргузори НАТО ва режими саҳюнистӣ солҳост, ки ба дунболи « ихроҷи комил »-и Эрон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳаст . Ба назар мерасад дар ҷараёни ҷанги дувуми Қаробоғ як « тавофуқи нонавишта » миёни Илҳом Алиев бо мақомоти режими саҳюнистӣ, Туркия ва Англия вуҷӯд доштааст . Бар асоси ин тавофуқ Тел-Авив ва Анқара бо ҳимояти Лондон бо муҷоб сохтан ё хунсосозии Амрикову Аврупо дар мавзӯи ҳимоят аз Арманистон ва фиреби роҳбурдии Русия дар қолаби пружаи ҷанги дувуми Қарабоғ арозии ишғолии хориҷ аз Қарабоғро озод карданд . Ҳадафи ин буд ки бо истифода аз ин фурсат ва бо эҷоди шантажи расонаӣ ва эҷоди маҳбубияти сохтагӣ барои Илҳом Алиев монеъ аз вуқуъи хезишҳои иҷтимоӣ алайҳи вай, ки фасоди молии хонадонаш забонзади расонаҳои муътабари ҷаҳонӣ шуда ва фасоди молӣ, ҷиноят ва динситезии маъмуронаш ، мардумро ба сутӯҳ оварда буд, бишаванд . Фаромӯш накунем ки дар солҳои ахир ҳатто бисёре аз андешакдаҳои маърӯф аз ҷумла андешкдаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ Илҳом Алиевро бо Саддом Ҳусайн муқоиса кардаву нисбат ба бурузи эътирозоти густардаи иҷтимоӣ ҳушдор дода буданд ; бинобарин ҷанги дувуми Қарбоғ нусхаи утоқи фикрҳои саҳюнӣ, туркӣ ва ангилисӣ барои наҷоти давлати Илҳом Алиев аз суқӯти монанди Аскар Оқоев ва Эдвард Шварднадзе буд.
Дар муқобил шахси Илҳом Алиев бо фидо кардани ояндаву манофеи ҳаётии Ҷумҳурии Озарбойҷон таъаҳҳудотии хатарнок барои режими саҳюнистӣ, Туркия ва Англия додааст . Фароҳам кардани ҳамаи заминаҳои лозим барои табдили Ҷумҳурии Озарбойҷон ба « пойгоҳи минтақаии саҳюнизм » ё « хонаи дувуми саҳюнистҳо », талош барои истиқрор « долони туронии НАТО » бо рамзи ба истилоҳ эҷоди роҳ ба Нахҷавон ва ба манзӯрии тарроҳии тағироти бунёдин дар муъодилоти энержӣ ва тронзитии минтақа ва ҳамчунин истиқрори НАТО дар Қафқозу Осиёи марказӣ, истиқрори такфириҳо ва ниҳоятан шаклдиҳӣ ба « эдеяи англисии пантуронизму пантуркизм » аз ҷумлаи ин таъаҳҳудоти хатарноки Боку ба меҳвари султа мебошад .
Бар ҳамин асос аст, ки бо ҳимояти бозигарони дигар пас аз ҷанги дувуми Қарабоғ шоҳиди ташдиди эронситезӣ ва шиъаситезии низомманд дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастем . Дар тамоми сафарҳое, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон дар ду соли ахир ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дошта дар ҷиҳати таҳрики Илҳом Алиев ба иқдомоти зидди Эрон суханронӣ ё шеърхонӣ кардаву равияи режими саҳюнистӣ низ дар ин хусӯс  ошкор аст ; чаро ки онҳо бо рӯйкарди шовинистӣ, апартайди зиёдахоҳона ба дунболи тарҳҳои фитнаангез дар ҳавзаҳои динӣ, фарҳангӣ, энержӣ, тронзитӣ ва қавмӣ ва амниятӣ ҳастанд, ки Эрон ва ҳамчунин Русияву Чинро ҳадафгузорӣ кардааст ; бинобарин ҷойи таъаҷҷуб нест, ки имрӯза як ҳаёҳуи ҷанги густардаи расонаӣ ва равонӣ алайҳи Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба роҳ андохтанд, то ба пиндори худ бо зудудани Эрони ҳамеша ҳомии мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон  аз азҳони умумӣ, фитнаҳои худро ба пеш бибаранд .
 

 

Барчасп