Шолтс : Қатъи гуфтугӯ бо Путин иштибоҳи бузурге аст
(last modified Mon, 05 Dec 2022 05:37:24 GMT )
Декабр 05, 2022 10:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳӯрии  Русия муътақид аст, Киев масъулияти инфиҷори пуле аст, ки Кримаро ба Русия мунтасил мекунад
    Раиси Ҷумҳӯрии Русия муътақид аст, Киев масъулияти инфиҷори пуле аст, ки Кримаро ба Русия мунтасил мекунад

Садри аъзами Олмон гуфт, ки бо вуҷӯди ҳамаи ихтилофҳо қатъи комили гуфтугӯ бо Раиси Ҷумҳӯрии Русия иштибоҳи бузурге аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Олаф Шолтс, бо изъон ба инки қатъи музокира бо Владимир Путин, Раиси Ҷуҳӯрии Русия иштибоҳи фоҳише аст афзӯд: Муҳим аст, ки бо  Эммануэл Макрон Раиси Ҷумҳӯрии Фаронса ба унвони намояндагони гурӯҳи 7 ба дунболи гуфтугӯи муҷаддад бо Путин бошем.

Кремл пештар дар баёнияе пас аз тамос бо садри аъзами Олмон бо Раиси Ҷумҳӯрии Русия эълом кард: Русия муддатҳост аз ҳамалоти мушакӣ бо диқати боло ба аҳдофи хосе дар Украина иҷтиноб карда, аммо иқдомоти ахири Маскав дар  мувоҷеҳ ба ҳамалоти таҳрикомези Киев зарӯри ва иҷтинобпазир аст.

Раиси Ҷумҳӯрии  Русия муътақид аст, Киев масъулияти инфиҷори пуле аст, ки Кримаро ба Русия мунтасил мекунад ва таъкид дорад Маскав ҳақи бомбборони зерсохтҳои энержии Украинаро дорост.

Крима аз замони оғози ҷанг (24-уми феврал) чандин бор мавриди ҳамлаи нерӯҳои украинӣ қарор гирифтааст.

Бештар бихонед: