Декабр 06, 2022 18:49 Asia/Dushanbe

Дидори тими Ҷопон ва Хорватия дар марҳалаи як ҳаштуми поёнии Ҷоми Ҷаҳонии Қатар бо бартарии 4 бар 2 Хорватия ба поён расид.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо дар дидори панҷуми марҳалаи як ҳаштуми поёни Ҷоми Ҷаҳонии Қатар ду тими Ҷопон ва Хорватия баробари ҳам ба майдон рафтанд, ки тими миллии футболи Хорватия бо натиҷаи 4 бар 2 дар маҷмуъи вақти қонуни ва зарбаҳои пеналти ба бартари расид ва ба як чаҳоруми ниҳоӣ Ҷоми Ҷаҳонӣ суъуд кард.

Ёрони Модрич дар марҳалаи баъди бо барандаи дидори Бразиля ва Кореяи Ҷануби дидор хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар дигар бозии шаби душанбе ҳам Бразил бо натиҷаи 4 бар 1 Кореяи Ҷанубиро шикаст дод.

Имруз ҳам сарнавишти ду тими дигари суъудкунанда ба як чаҳоруми ниҳоӣ Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар мушахас мешавад.

 

Барчасп