Ҷоми ҷаҳонии гуштии озод дар Амрико; роҳёбии Эрону Амрико ба финали бузург +видео
(last modified 2022-12-11T12:15:15+00:00 )
Декабр 11, 2022 17:15 Asia/Dushanbe

47-умин давраи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии гуштии озоди 2022 бомдоди имрӯз бо дуюмин пирӯзии тими Эрон ва роҳёбӣ ба дидори ниҳоӣ дар Коралвилл, Айоваи Амрико идома ёфт.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, ин рақобатҳо тайи ду рӯз бо ҳузури 6 тими бартари ҷаҳон баргузор мешавад ва мусобиқот дар солҳои 2020 ва 2021 ба иллати шуюи бемории Корона лағв шуд. Тимҳо дар ду гуруҳи 6 тимӣ ба сӯрати давраӣ рақобат карданд ва аз ҳар гурӯҳ тимҳои бартар роҳии дидори финал шуданд ва тимҳои дувум дар дидори раддабандӣ ширкат хоҳанд кард.

Аз гурӯҳи 1; - тими Амрико бо 2 пирӯзӣ финалист шуд ва тими Гурҷистон бо як бурд ва як бохт ба дидори раддабандӣ рафт. Тими Муғулистон бо 2 бохт сеюм шуд.

Тими Эрон низ бо ду пирӯзӣ дар гурӯҳ ду финалист шуд ва тими мунтахаби ҷаҳон бо як бурд ва як бохт дар дидори раддабандӣ ширкат мекунад. Тими Ҷопон бо 2 пирӯзӣ сеюм шуд.

Барномаи мусобиқоти раддабандӣ ва финал ҳам ба ин шарҳ аст:

Якшанбе 20 ва бомдоди душанбе 21 озар:

Раддабандӣ: мунтахаби ҷаҳон - Гурҷистон

Финал: Амрико - Эрон (соати 5:30 бомдоди душанбе)

 

Барчасп