ЮНЕСКО: Ҳазорон кӯдаки яманӣ бар асари ҷанг нақси узв шудаанд
Сандуқи кӯдакони Созмони Миллал (ЮНЕСКО) эълом кард, аз ибтидои таҷовузи низомии Арабистони Саъудӣ алайҳи Яман беш аз 11 ҳазор кӯдаки яманӣ кӯшата ё нақси узв шудаанд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Сандуқи кӯдакони Созмони Миллал (ЮНЕСКО) эълом кард, омори воқеъии ин ҷанг эҳтимолан бисёр болотар аст. Ҳазорон кӯдак ҷони худро аз даст додаанд ва садҳо ҳазор тани дигар низ ба далели гуруснагӣ ва бемороиҳои қобили пешгири дар маърази хатари марг ҳастанд.
ЮНЕСКО эълом кард, ки ҳудуди 2.2 миллион нафар аз кӯдакони яманӣ дучори сӯи тағзияи шаддид ҳастанд, ки як чаҳоруми онҳо зери панҷ сол син доранд.
ЮНЕСКО дар баёнияе рӯзи якшанбе эълом кард, тайи ҳафт моҳи ахири соли ҷорӣ беш аз 1400 кӯдак дар Яман ба бемории сурхак мубтало шудаанд, ки 15 нафари онҳо дар Аден ва 6 устони дигари ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.
Тозатарини гузориши ЮНЕСКО ҳоки аст, ки 3 ҳазору 774 кӯдаки яманӣ фақат дар фосилаи марти 2015 то сентябри 2022 ҷони худро аз даст додаанд.
ЮНЕСИКО хостори кумаки 484.4 миллион доллари барои мубориза бо бӯҳрони башардустона дар Яман шудааст.
Бештар бихонед:
- ЮНЕСКО дар Афғонистон корзори саводомузӣ роҳандозӣ мекунад
-
Сабти шаҳри Карони ноҳияи Дарвоз дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО