Амрико як корвони низоми вориди шимоли Сурия кард
-
Бо шикасти гурӯҳаки террористии ДОИШ ба унвони бозуи низомии Амрико дар Сурия нерӯҳои амрикоӣ мустақиман ҷойгузини ин гурӯҳак шуданд
Манобеъи сурӣ аз вурӯди як корвони низомии мутаълиқ ба ишғолгарони амрикоӣ ба шимоли Сурия хабар дод.
Ба гузориши Садои Хуросн, ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия (Соно) низомиёни ишғолгари амрикоӣ корвони шомили таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ аз ҷумла тупҳои пешрафтаро ба пойгоҳи ғайри қонунии худ дар минтақаи Ал-Шадодӣ воқеъ дар ҷануби шаҳри Ал-Ҳасака ,шимоли Сурия ворид карданд.
Манобеъи маҳалӣ низ дар ин бора гуфтанд: Низомиёни ишғолгари амрикоӣ корвоне аз комиюнҳоро аз пойгоҳҳои худ дар шимоли Ироқ ба пойгоҳи Ал-Шадодӣ дар ҷануби Ал-Ҳасака мунтақил карданд ва ин корвон ҳомили тупхонаҳои пешрафта ва таҷҳизот ва муҳимоти низомӣ буд.
Ин манобеъ афзӯд: Низомиёни амрикоӣ маъмулан барои ҳимоят аз шибҳи низомиёни Қесд ки вобаста ба онҳо ҳастанд силоҳ ва муҳимоти зиёдеро ирсол мекунанд.
Бо шикасти гурӯҳаки террористии ДОИШ ба унвони бозуи низомии Амрико дар Сурия дар озар моҳи 1396 нерӯҳои амрикоӣ мустақиман ҷойгузини ин гурӯҳак шуданд ва дақиқат аз ҳамон замон низ ба ҷои ДОИШ шурӯъ ба истихроҷ ва сирқати нафти Сурия карданд.
Бештар бихонед: