Ҳушдори ҷадиди Русия ба Амрико
(last modified Wed, 14 Dec 2022 12:54:16 GMT )
Декабр 14, 2022 17:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Амрико
    Ҳушдори Русия ба Амрико

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия ба Амрико дар бораи ирсоли сомонаи падофанди мушакии “Патриот” ба Украина ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Димитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия имрӯз – чаҳоршанбе, зимни ҳушдор ба Амрико дар бораи ирсоли сомонаи падофанди мушакии “Патриот” ба Украина эълом кард, дар сурати вуруди ин сомонаҳо ба ин кишвар, Русия муҷоз ба муқобила бо он хоҳад буд.

Шабакаи хабарии “Си Эн Эн”-и Амрико рӯзи сешанбеи гузашта дар гузорише ба барномаи Амрико барои ирсоли сомонаи падофанди мушакии “Патриот” ба Украина ишора карда буд.

Аз замони оғози ҷанг дар Украина, кишварҳои ғарбӣ аз дахолати мустақими низомӣ дар ин ҷанг худдорӣ кардаанд, аммо ба Украина аслиҳа, муҳиммот ва сӯхт мерасонанд.

Русия борҳо гуфтааст, ирсоли таслеҳоти ғарбӣ танҳо боиси тӯлонӣ шудани даргирӣ мешавад.