Эъломи омодагии CПАД барои ҳифзи амнияти марзҳои Боку ва Ереван
(last modified Thu, 22 Dec 2022 10:48:14 GMT )
Декабр 22, 2022 15:48 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии СПАД барои эъзоми неру ба хутути тамоси неруҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон
    Эъломи омодагии СПАД барои эъзоми неру ба хутути тамоси неруҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон

Дар пайи масдуд кардани гузаргоҳи Лочин тавассути ҷумҳурии Озарбойҷон, Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) эълом кард, ин созмон омодааст то дар сурати зарурат нерӯҳояшро ба марзи ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон эъзом кунад.

Дабири кулли СПАД гуфт, яке аз гузинаҳои ин созмон барои кумак ба аъзо, ба хусус Арманистон, ирсоли неруҳои ин созмон ба марзҳои ин кишвар ва ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Эъломи омодагии СПАД барои эъзоми неру ба хутути тамоси неруҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар ҳолест, ки пеш аз ин Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон борҳо аз масъулони ин созмон хоста буд то бо эъзоми неру ба марзҳои ин кишвар, бо ҷумҳурии Озарбойҷон ба вазъияти нобасомони хутути тамос расидагии дақиқтару муассиртаре ба амал оваранд. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад давлати Илҳом Алиев талоши музоафе ба кор бастааст то бо ноамнсозии хутути тамос бо Арманистон, нотавонии Русияро дар заминаи ҳифзи оромиш дар хутути марзӣ исбот кунад. Албатта, пас аз муаррифии ҳокими низомии Туркия дар ҷумҳурии Озарбойҷон бояд гуфт, таҳаррукоти низомиёни озарӣ дар хутути тамос ба дастури ҳокими низомии ин ҷумҳурӣ анҷом мешавад.

Дар масоили марзҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон ба назар мерасад ба ҷои давлати Илҳом Алиев давлати Туркия нақши асосиро ифо мекунад ва тасмимгирандаи аслӣ аст. Аз рӯзи 12 моҳи ҷории мелодӣ (декабр) теъдоде аз шаҳрвандони ҷумҳурии Озарбойҷон бо либосҳои ғайринизомӣ, бузургроҳи Қарабоғ - Гурисро ба далоили зистмуҳитӣ масдуд карданд. Давлати Арманистон эълом кардааст, ки неруҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон бо пӯшидани либосҳои ғайринизомӣ ба масдуд кардани танҳо масири тараддуди аҳолии Қарабоғу Арманистон иқдом карданд.

Дар воқеъ, бузургроҳи Қарабоғ ба Гурис, ки минтақаи Қарабоғро ба Арманистон ва баръакс муттасил мекунад, дар шароите масдуд шудааст, ки як ҳафта пеш аз он низ ин бузургроҳ тавассути низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон масдуд шуда буд. Аммо пас аз се соати музокираи неруҳои ҳофизи сулҳи Русия бо тарафи озарӣ, ин масир дар ҳар ду ҷиҳат боз шуда буд.

Масдудсозии пайдарпайи танҳо масири иртиботии арманиҳои Қарабоғ ва Арманистон тавассути неруҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле дар дастури кор қарор мегирад, ки арманиҳо дар фасли зимистон аз назари дастрасӣ ба маводи ғизоӣ ва анвои дору дар шароити сахт қарор мегиранд. Ҳамин иқдоми давлати Илҳом Алиев муҷиб шудааст, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ғарбӣ иқдоми мақомҳои Бокуро нақзи ҳуқуқи башар ва муғойир бо усули асосии сулҳ миёни манотиқи ғайринизомӣ арзёбӣ ва ба давлати Бокӯ эътироз кунанд. Воқеият он аст, ки мақомҳои давлати Илҳом Алиев ба истихроҷи маодини тилло дар ин минтақа тавассути ароманаи Қарабоғ эътироз доранд ва муътақиданд, истихроҷи тилло муҳити зисти ин минтақаро бо хатари нобудӣ мувоҷеҳ мекунад. Бархе ахбори ғайрирасмӣ низ аз тамоюли шахси раиси ҷумҳурии Озарбойҷону хониводаи Илҳом Алиев ба истихроҷи тилло дар маодини ин минтақа хабарҳои мустанаде мунташир кардаанд.

Пеш аз эъломи омодагии СПАД, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон бо интиқод аз идомаи инсидоди гузаргоҳи Лочин тавассути низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон дар твитте навишта буд: “Мардуми Қарабоғи кӯҳистонӣ ҳашт рӯз аст ки дар сармо дар ҷодаҳо муҳосира шуда ва аз доруву хадамоти беҳдоштӣ маҳрум шудаанд”.

Пас аз баста шудани гузаргоҳи Лочин, Пашинян дар Маҷлиси миллии Арманистон дар бораи эҷоди буҳрони инсонӣ дар минтақа ҳушдор дода буд. Ба гуфтаи нахуствазири Арманистон, баста шудани гузаргоҳи Лочин боис шудааст ҳазорон хонавода, аз ҷумла иддае аз кӯдакон дар ҷодаҳо саргардон шуда ва 22 ҳазор кӯдак аз таҳсил боз мондаанд.

Дар айни ҳол,  Никол Пашинян эълом кардааст: “Баста шудани гузаргоҳи Лочин нақзи ошкори тавофуқи сеҷонибаи нимашаби нуҳуми ноябри соли 2020 мелодӣ аз сӯи ҷумҳурии Озарбойҷон аст”.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз масдудсозии гузаргоҳи Лочин бояд гуфт, иқдоми муштараки Туркияву ҷумҳурии Озарбойҷон дар заминаи масдудсозии гузаргоҳи Лочин зимни исботи иддаоҳои мақомоти давлати Ереван, ҷумҳурии Озарбойҷонро дар тангнои ҷадиди байналмилал қарор додааст. Ва тардиде нест, ки иқдоми ахири давлати Илҳом Алиев далоилу решаҳои хусумат ва беэътимодии арманиҳо ба мақомҳои Бокуро ба исбот мерасонад.

Зимни ин ки ҷумҳурии Озарбойҷон ба манзури истиқрор дар минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ, ба эҷоди фазои эътимод дар ин минтақа ниёзи шадиде доштааст.

Аз сӯи дигар, кишварҳову афроди зинуфузе, ки ба давлати Боку тавсияҳое мабнӣ бар эҷоди ҷангу ошӯб дар минтақа мекунанд, дар садади таҳаққуқи хостаҳову манофеи худ ҳастанд ва манофеи миллии ҷумҳурии Озарбойҷон барои ин даста аз давлатҳои бегона ҳеҷ аҳамияте надорад.