Декабр 24, 2022 13:42 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои рӯзона 37 миллион нафар ба корона дар Чин танҳо дар як рӯз

Бароварди мақомоти аршади беҳдоштии Чин баёнгари он аст, ки наздик ба 37 миллион нафар аз мардуми ин кишвар танҳо дар таи як рӯз ба Ковид - 19 мубтало шудаанд .

Ба гузориши Садои Хуросон, ибтилои наздик ба 37 миллион нафар ба ин беморӣ дар як рӯз бисёр болотар аз болотарин рақами ибтило дар ҷаҳон аз замони ҳамагирӣ аст .
Бино бар иттилооти расонаӣ аз нишасти Комиссиюни миллии беҳдошти Чин, 248 миллион нафар яъне 18 дарсади ҷамъияти ин кишвар дар 20 рӯзи аввали декабр ба Ковид - 19 мубтало шудаанд .
Ба гузориши Блумберг, ин комиссиюн ба дархостҳои мусоҳибаи ин расона посухе надодааст, аммо агар ин омор дуруст бошад  мизони рекорди ибтилои 4 миллион нафар дар рӯз, ки марбӯт ба январи соли 2022 аст, шикаста хоҳад шуд .
Дар ин гузориш омадааст ки барчида шудани сариъи маҳдӯдиятҳои ношӣ аз сиёсати Ковид-0 мунҷар ба ин суръати интишор шуда; ба тавре ки беш аз ниме аз сокинони устони Сичуан дар ҷанубу ғарби Чин ва ҳамчунин сокинони Пекин  мубтало шудаанд .
Блумберг ҳамчунин ба нақл аз Чин Кин- иқтисоддони аршад аз ширкати мушовараии Метродататех  пешбинӣ кардааст, ки мавҷи ҷадид то авосити декабр ва то охири январ дар бештари шаҳрҳо ба авҷи худ хоҳад расид .

 

Барчасп