Русия: Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба эъмоли фишор бар Амрико ва режими саҳюнистӣ идома диҳад
(last modified 2024-05-21T15:03:06+00:00 )
Май 21, 2024 20:03 Asia/Dushanbe
  • Русия: Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба эъмоли фишор бар Амрико ва режими саҳюнистӣ идома диҳад
    Русия: Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба эъмоли фишор бар Амрико ва режими саҳюнистӣ идома диҳад

Сафир ва намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба идомаи ҷиноёти режими наслкуши Исроил дар борикаи Ғазза ки бо ҳимояти ғарб ба вижа Амрико аз октябри гузашта идома дорад, гуфт ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба эъмоли фишор бар Амрико ва режими ишғолгари саҳюнистӣ идома диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Василий Невенсия сафир ва намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нашти шурои амнияти ин ниҳоди байналмилалӣ бо таъкид бар лузуми эъмоли фишори байналмилалӣ бар Амрико ва режими ғосиби саҳюнистӣ афзуд, режими наслукаши Исроил дар шароити ба ҳамлаи низомии зидди борикаи Ғазза идома медиҳад, ки дастёби ба ҳамаи аҳдофи эъломии ғайримумкин ба назар мерасад.

Василий Невенсия бо ишора ба бастаи 26 миллиард долларии кумакҳои Амрико ба режими наслукаши саҳюнистӣ таъкид кард, режими ғосиби Исроил мушакҳо ва бомбҳои ҷадид барои нобудии зиндагии фаластиниҳо дарёфт мекунад.

Режими ҷаълии саҳюнистӣ аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаеро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии зидди мардум бедифо ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ дар қиболи ҷиноёти режими ишғолгари Исроил, сабаби тадовуми куштори занон ва кудакони фаластинии тавассути мошини ҷангии режими номашруъи саҳюнистӣ шуда аст.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар борӣкаи Ғазза эълом кард токунун 35 ҳазору 562 фаластинӣ дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расидаанд ва 79 ҳазору 652 нафар захми шудаанд.

Барчасп