Кашфи аҷиби НАСА дар бораи сардтарин нуқтаи Замин
(last modified Sat, 24 Dec 2022 08:58:02 GMT )
Декабр 24, 2022 13:58 Asia/Dushanbe
  • Кашфи аҷиби НАСА дар бораи сардтарин нуқтаи Замин

Сардтарин маконе, ки моҳвораҳои НАСА рӯйи Замин пайдо кардаанд, як қаторкуҳи баланд дар фалоти шарқии қутби Ҷануб аст. НАСА мегуяд дамои ин ҷо дар шабҳои зимистон метавонад то 92 дараҷаи зери сифр коҳиш ёбад .

Дар он сармо ҳатто бензин ҳам ях мезанад .
НАСА аввалин бор дар соли 2013 эълом кард ки сардтарин нуқтаи кураи Заминро пайдо кардааст ва аз он замон то кунун ин фалот ҳар сол рекорди сардтарин нуқтаи ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст .
НАСА мегуяд ки Марказ миллии додаҳои барфу ях пас аз таҷзияву таҳлили 32 сол додаҳои чандини моҳвора ба ин натиҷа расид ки ҳуфраҳои мавҷуд дар ин фалот сардтарин нуқта дар Замин аст .
Поинтарин дамое ки моҳвораҳо шиносоӣ кардаанд 93.2 – дараҷа дар 10 август 2010 будааст .
Ба гуфтаи коршиносон бо ин ҳол ин фалот сардтарин нуқтаи маскӯнии ҷаҳон нест . Чаро ки сардтарин минтақае ки инсонҳо дар он сукунат доранд дар шимоли шарқии Сибир қарор дорад; ҷое ки дамо дар Верхоянски Русия дар соли 1892 ва рустои Омиякен дар соли 1933 ба манфии 67.8 дараҷа коҳиш ёфт .