Декабр 24, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
  • CNN : Трамп ҳафт моҳ қабл аз террори Cулаймонӣ дастурашро дода буд

Шабакаи хабарии CNN 14 январи 2020 яъне ҳудуди даҳ рӯз пас аз террори сардор Сулаймонӣ гузориши вижае дар бораи манобеи иттилоотии Трамп барои ин террор пахш кард .

Манобеи мутталеъи ин шабакаи хабарӣ дар давлат гуфта буданд, ки Трамп ҳафт моҳ қабл иҷозаи террори сардор Сулаймониро содир карда будааст . Ин иттилоот сароҳатан бо иддаоҳои Трамп дар таноқуз буд .
Трамп дар тавҷеҳи иқдоми худ гуфта буд ки Сулаймонӣ таҳдиди қарибулвуқуъ барои шуморе аз сафоратҳои Амрико ба шумор мерафтааст. Ӯ ба сароҳат ба чаҳор сафорати Амрико ишора карда буд . Ин дар ҳоле аст, ки ҳатто вазири дифои кабинаи худаш низ дар як мусоҳибаи хабарӣ мункири ин иддао шуд ва тавҷеҳи Трамп барои ин иқдомро беасос донист .
Мухолифони Трамп муътақиданд раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико таҳдиди сардори Сулаймонӣ алайҳи сафоратҳои Амрикоро баҳонаи террор карда дар ҳоле, ки қасди ин корро аз ҳафт моҳ қабл доштааст .


: бештар бихонед

 

Барчасп