Январ 13, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Чин гузориши давлати Англия дар бораи Ҳонконгро нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал номид
    Чин гузориши давлати Англия дар бораи Ҳонконгро нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал номид

Чин ба Англия дар бораи дахолат дар умури Ҳонконг ҳушдор дод.

Давлати Англия дар гузориши шашмоҳа ба порлумони ин кишвар, давлати Чинро ба нақзи озодиҳои мадании шаҳрвандон дар Ҳонконг муттаҳам кард.

Ба гузориши ИРНА, дафтари Вазорати хориҷаи Чин дар минтақаи Ҳонконг имрӯз – ҷумъа, гузориши давлати Англия дар бораи вазъияти ин минтақаро дахолат дар умури дохилии Ҳонконг ва Чин донист ва дар ин бора ба Лондон ҳушдор дод.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар минтақаи Ҳонконг гузориши давлати Англия дар бораи ин минтақаро нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал арзёбӣ кард.

Давлати маҳаллии Ҳонконг низ ба гузориши давлати Англия вокуниш нишон дода ва ин гузоришро тавҳиномезу дорои аҳдофи сиёсӣ эълом кард.

Ҳонконг дар гузашта бахше аз мустаъмироти Англия буд, ки дар соли 1997 ба хоки Чин бозгардонда шуд ва ба сурати як минтақаи худмухтор таҳти ҳокимияти Пекин идора мешавад.

Ҳонконг аз соли 1842 то 1997 таҳти сайтараи Британия буд, аммо дар соли 1997 ба сарзамини аслии Чин пайваст.

Ҳонконг беш аз 7 миллиону 230 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва яке аз муҳимтарин бозорҳои моливу тиҷории Осиё ба шумор меравад.

 

Барчасп