Амрико омили эҷоди терроризм дар Ховари миёна
(last modified 2016-12-15T08:55:48+00:00 )
Декабр 15, 2016 13:55 Asia/Dushanbe
  • Амрико омили эҷоди терроризм дар Ховари миёна

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар Созмони милал эълом кард, мудохилаи Амрико дар Ироқ ва Сурия, мунҷар ба пайдоиши ДИИШ ва терроризм дар минтақаи Ховари миёна шудааст.

Чуркин ҳамчунин Англия ва Фаронсаро шарики ҷиноёти Амрико дар ноамнии Ховари миёна донист. Изҳороти намояндаи Русия дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони милал дар ҷараёни баррасии таҳаввулоти шаҳри Ҳалаби Сурия матраҳ шуд. Ҷаласаи Шӯрои амният ба даъвати кишварҳои ғарбӣ пас аз он матраҳ шуд, ки парчами Сурия дар бештари маҳаллаҳои Ҳалаб барафрошта шуд ва гурӯҳҳои террористӣ ба суръат муталошӣ шуданд, ки ин вазъият шоке барои ҳомиёни ғарбии ин гурӯҳҳо будааст. Дар воқеъ, кишварҳои ғарбӣ бо ҳар пешравии артиши Сурия дар хокаш дар муқобила бо терроризм бо шитоб ба майдон меоянд то хисороти гурӯҳҳои террористиро ҷуброн кунанд ва гомҳои намоишӣ дар Созмони милал бармедоранд.

Дар ин ҷаласа, намояндагони Амрико ва Фаронсаву Англия суханронӣ ва иддаоҳое дар бораи бурузи мавориди нақзи ҳуқуқи ғайринизомиён дар Ҳалаб матраҳ карданд. Саманта Повер, намояндаи Амрико дар Созмони милал низ ба баёни иддаоҳои такрорӣ ва хасмон алайҳи Сурия, Русия ва Эрон пардохт ва бидуни таваҷҷуҳ ба нақши давлати Амрико дар эҷод ва ҳимоят аз иқдомоти террористҳо дар Сурия дар фирори рӯ ба пеш, Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро омили вайронӣ дар ин кишвар хонд. Пас аз он, намояндаи Русия дар Созмони милал дар мавзеи ошкоре  гуфт: "Он чи ки маро хеле мутааҷҷиб мекунад, изҳороти намояндаи Амрикост, гӯӣ, ки Терезаи қиддис аст. Хоҳишан ба ёд биовар намояндаи чӣ кишваре ҳастӣ. Амрико ,Англия ва Фаронса омили пайдоиши ДИИШ буданд ва он натиҷаи мудохила дар Сурия ва Ироқ буд".

Террористҳои ДИИШ аз соли 2012 то кунун алайҳи давлати қонунии Башор Асад дар Сурия меҷанганд. Террористҳо ҳамчунин аз июни 2014 ҳамалоти худро ба Ироқ густариш доданд. Онҳо тайи ин солҳо бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Ғарб, дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд ва бештари манотиқи ин ду кишварро ноором кардаанд.

Эътилофи ба истилоҳ зиддитерроризм ба раҳбарии Амрико, муташаккил аз 40 кишвар, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояи Ироқ ва Сурия бо вуҷуди тамоми таблиғоти пурсару садо ҳанӯз натавонистаанд террористҳои ДИИШ-ро шикаст диҳанд. Ҳамон тавр, ки намояндаи Русия дар Созмони милал мегӯяд, ин масъала имконпазир нест, ки аз меъёрҳои дугона барои муқобила бо терроризм истифода шавад.

 Чуркин бар ин бовар аст, ки ҳамалоти ҳавоии Амрико алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ таъсири чандоне бар даромадҳои ғайриқонунии ҳосил аз фурӯши нафт надошта ва ҳатто мушкилотеро барои шаҳрвандони оддӣ дар ин манотиқ ба вуҷуд овардааст.

Дар ҳамин росто, муассисаи амрикоии Сулҳ ва Рифоҳи мавсум ба "Рон Пул" дар гузориши ахири худ ба нақши Амрико дар буҳронофаринӣ ишора ва эълом кард, ки Амрико барои шӯълавар нигаҳ доштани оташи ҷанг дар Сурия аз террористҳо ҳимоят ва барои онҳо бар хилофи қавонин, кӯмаки низомӣ ирсол мекунад. Амрико аз ибтидо бо ҳадафи сарнагунии давлати қонунии Башор Асад аз террористҳо ҳимоят кард то Сурия ба унвони яке аз меҳварҳои муқовимат дар баробари зиёдахоҳиҳои режими саҳюнистӣ дар минтақаи Ховари миёна нобуд ва ё дастикам тазъиф шавад. Иқдоми Амрико дар таҳрими давлати Сурия ва дар муқобил, ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз террористҳо дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст. Табиӣ аст ки Амрико дар Ироқ низ ба думболи тазъифи ин кишвари мусулмон аст. Амрико бо ҳузур дар Ироқ ба думболи мудирияти амалиёти артиши Ироқ алайҳи террористҳои ДИИШ аст. Амрико ба сароҳат аз ҳузури нерӯҳои мардумии Ироқ дар нобудии террористҳои ДИИШ дар Мусил эътироз мекунад. Рӯйкарде, ки Амрико дар Ироқ ва Сурия бо ҳимоят аз террористҳо думбол мекунад, дар ростои стратегия ин кишвар яъне "эҷоди Ховари миёнаи ҷадид" аст, ки бар мабнои он кишварҳои мухолиф ва ҳатто ғайриҳамсӯ бо сиёсатҳои Вашингтон, тазъиф ва таҷзия шаванд.

Нақши ошкори Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар буҳронофаринии минтақаи Ховари миёна ба ҳадде аст, ки намояндаи Русия дар Созмони милал аз кишварҳои ғарбӣ хост, ирсоли кӯмакҳои инсонӣ ба Сурия барои кӯмак ба мардуми ин кишварро ҷойгузини ҳимоят аз террористҳо кунанд.

Дар воқеъ, буҳрони Ховари миёна замоне ҳал мешавад, ки қудратҳои ҷангафрӯзе монанди Амрико дар он мудохила накунанд ва ба унвони намуна, ҳалли буҳрони Сурия бо гуфтугӯҳои сурӣ – сурӣ ва бидуни дахолати хориҷӣ имконпазир аст.

 

Барчасп