Ҳушдори муъовини вазири хориҷаи Русия ба Ҷопон
-
Ҳушдори муъовини вазири хориҷаи Русия ба Ҷопон
Муъовини вазири хориҷаи Русия эълом кард агар Ҷопон мушакҳои ҳойперсуник дар манотиқи марзи мустақар кунад бо посухи қотеъи Маскав ру ба ру хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Андрей Руденко, муъовини вазири хориҷаи Русия имруз душанбе эълом кард Маскав аз наздик рушди қобилятҳои низомии Ҷопонро дунбол мекунад.
Андрей Руденко дар ин бора афзуд: Давлати Ҷопон ахиран барузрасонии қобилиятҳои низомии худро ташдид кард ва фаъолиятҳои хатарноки дар наздикии марзҳои Русия анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи муъовини вазири хориҷаи Русия аз ҷумлаи ин фаъолиятҳои хатарнок размоиши густарда ва муштарак бо Амрико ва дигар кишварҳо, озмоиши мушакҳои ҷадид ва таслиҳоти мутаъораф аст.
Мин дипломати рус таъкид кард агар Ҷопон машкҳои ҳоперсуник дар манотиқи марзии бо Русия мустақар кунад Маскав ба суръат посух хоҳад дод.