Феврал 15, 2023 12:37 Asia/Dushanbe
  • Таъиди ҷаримаи 110 ҳазор долларии Трамп дар Додгоҳи таҷдиди назар
    Таъиди ҷаримаи 110 ҳазор долларии Трамп дар Додгоҳи таҷдиди назар

Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Ню-Йорки Амрико, маҳкумияти раисиҷумҳӯри собиқи Иёлоти Муттаҳида-ро ба пардохти 110 ҳазор доллар ҷарима таъид кард.

Трамп ва хонаводааш дар солҳои ахир бо иттиҳомҳои муътаадиде аз ҷумла молӣ ва ахлоқӣ рӯ ба рӯ будаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Ню-Йорк эътирози Трампро ба райи содира аз сӯйи Летитиа Ҷамес додситони кулли Иёлоти Ню-Йорки Амрико, ворид надонист ва эълом кард Трамп бояд райи Артур Енгорон қозии Девони Олӣ  тамкини ин маблағро ба додситонии шаҳр пардохт ва соири шурути эълом шуда барои рафъи иттиҳом аз худро низ иҷро кунад.

Ҳайати мунсифаи Додгоҳ ҳамчунина афзӯд: Ҷаримаи рӯзона 10 ҳазор долларӣ, сангин ва нодурӯст нест.

Ваколати Трамп аз Додгоҳи таҷдиди назар дархост карда буданд то ҷаримаи нақдиро таълиқ кунад, вале додгоҳ бо ин дархост мухолоифат кард.

Мақомоти қазоии Амрико мегӯянд мадорике дар даст аст, ки нишон медиҳад Трамп дар замони раёсат ҷуҳӯрии худ бо суистифода аз қудрат ва иртиботи худ дар пардохти молиёт, тахалуфҳои густарда муртакиб шудааст.

Барчасп