Феврал 22, 2023 12:13 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Cуханронии солонаи Путин ; таъкид бар ҷангафрӯзии Ғарб ва таҳаввулоти амниятии нав

Раиси ҷумҳӯри Русия рӯзи сешанбе дар ҷараёни суханронии солона барои мақомҳои аршад ва қонунгзорони ин кишвар Ғарбро ба риёкорӣ муттаҳам кард ва гуфт : Мо омодаи гуфтугуи созанда бо Ғарб ва ҳамкорӣ барои таҳияи сохтори амниятии муштарак будем.

Путин бо ишора ба сафари Ҷо Байденаиси ҷумҳӯри Амрико ба Киев гуфт: « Режими нозӣ » ва кишварҳои узви НАТО омили аслии оғози ҷанг будаанд ва на Русия .

 Ба гуфтаи Путин Русия ҳар кори мусолиматомезе, ки метавонист барои ҳалли мушкилоти минтақаи Донбас анҷом дод, аммо ҳамалоти режими Киев ба мардуми Донбас идома ёфту ҷумҳуриҳои Донбас аз Русия интизор доштанд, ки ба кумаки онҳо биравем . Кишварҳои ғарбӣ ҳатто қабл аз оғози амалиёти низомии вижа дар Украина дар ҳоли ирсоли сомонаи падофандӣ буданд .
Бо тавваҷуҳ ба наздик будани солгарди оғози ҷанги Украина суханронии солонаи Путин аз аҳамияти хосе дар заминаи равшан сохтани рӯйкарди Маскав дар заминаи ин ҷангу ояндаи он ва низ иқдомоти ояндаи  Русия дар бархурд бо иқдомоти хасмонаи Ғарб бархурдор аст. Мақомоти аршади Русия борҳо дар бораи нақши мухарриби Ғарб дар эҷоди заминаҳои лозим барои вуқуъи ҷанги Украин сухан гуфтаанд . Дар воқеъ ҷанги Украинаро метавон ҳосили нияти бад ва рафтори таҳоҷумии Ғарб дар қиболи Русия донист . Воқеият он аст, ки ҳамлаи Русия ба Украина дар воқеъ вокуниши Маскав ба иқдомоти таҳоҷумии Ғарб бо ташвиқи Украина барои узвият дар НАТО ва эҷоди мухотироти ҷиддии алайҳи амнияти миллии Русия будааст. Ин иқдоми Русия пас аз посухҳои манфии Амрико ва НАТО ба дархостҳои мантиқии Русия барои сарфи назар кардан аз узвияти Украина дар НАТО ва ақибнишинии неруҳои НАТО ба марзҳои соли 1997, яъне қабл аз оғози раванди узвияти кишварҳои Аврупои шарқӣ ва марказӣ дар НАТО сурат гирифт.
Нато ва Амрико ки дар давраи пасоҷанги сард ба тадриҷ вориди мавзеи тахосум бо Русия ва талош барои тазъифи он шуданд, акнун ба ҷанги Украина ба унвони фурсати беҳамто барои дарҳам шикастани низомӣ, иқтисодӣ ва дар ниҳоят сиёсии Русия ва коҳиши шадиди машрӯъияти Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри ин кишвар менигаранд . Амрико муддатҳост хоҳони фурӯпошии Русия ва ҳатто таҷзияи он аст . Нигаронии давлатмардони Вашингтон аз зарродхонаи ҳастаии стратегии Русия ва иқдомоти Путин дар муқобила бо сиёсатҳову иқдомоти Амрико дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ва муҳимтар аз он ҳамсӯии Русия ва Чин дар ҷойгузинии назми байналмилалии либеролии ғарбӣ дар ҷаҳон муҷиб шуда то Иёлоти Муттаҳида аз ҳар фурсате барои коҳиши тавону қудрати Русия истифода намояд . Нуом Чамскӣ-андешманд ва  пажӯҳишгари амрикоӣ мегуяд : Сиёсати кунӯнии Иёлоти Муттаҳида ҷангидан то охирин шаҳрванди Украина ва ҳамзамон пешбинӣ накардани роҳе барои ҷилавгирӣ аз рухдодҳои фоҷеъабори бештар дар ин кишвар ва дар воқеъ тазъифи чунин умедҳое бо қарор додани танҳо ду роҳ дар баробари Путин барои берун рафтан аз ин махмаса аст : ё муҳокимаи ӯ ба унвони ҷинояткори ҷангӣ дар додгоҳи Гаага ё идомаи ҳамин вазъ то нобудии комили Украина .
Садоқат надоштани Ғарб дар бархурд бо Русия ва низ дар заминаи таҳаввулоти мунҷар ба ҷанги Украина ба вижа истифодаи абзорӣ аз тавофуқномаи Минск дар соли 2014 ба манзури хариди замон барои таҷҳизу мусаллаҳсозии Украина муҷиб шуда то Путин башиддат пойбандии Ғарб ба усули ахлоқиро зери суол барад . Путин дар ин замина гуфт : Мафоҳими шарофат, эътимод ва наҷобат барои ( Ғарб ) нест . Онҳо одат кардаанд ба тамоми дунё беэҳтиромӣ кунанд . Мушаххас аст, ки бо мардуми кишварҳои худашон ҳам ба ҳамин шакл рафтор мекунанд .
Масъалаи муҳими дигаре, ки дар суханронии Путин матраҳ шуд тасреҳи вай ба қасди Русия барои таълиқи иҷрои Старти нав аст . Ба гуфтаи Путин Русия аз паймони Старти нав хориҷ намешавад, вале мушорикати онро ба ҳолати таълиқ дармеоварад . Путин гуфт : Дар моҳи феврал НАТО хоҳони аз саргирии ин паймон ва аз ҷумла иҷозаи бозрасии таъсисоти Русия шуд . Мо медонем ки Ғарб ба Киев кумак мекунад, то ба таъсисоти роҳбурдии Русия ҳамла кунад . Акнун мехоҳанд ҳамзамон аз таъсисоти мо бозрасӣ кунанд? Ин паймон нақши муҳимме дар заминаи коҳиши таслеҳоти ҳастаӣ дар давраи пасо ҷанги сард доштааст . Акнун Русия дар вокуниш ба иқдомоти Амрико ва НАТО ва низ монеъатарошиҳои бешумор дар заминаи иҷрои мафоди ин паймон ба вижа анҷоми бозрасиҳо тасмим ба таълиқи иҷрои Старти нав гирифтааст . Паймони Старти нав охирин паймони муҳим дар заминаи контроли таслеҳоти ҳастаии стратегӣ аст, ки ҳануз ба ҳаёти худ идома медиҳад .

 

Барчасп