Феврал 25, 2023 10:42 Asia/Dushanbe
  • Торимӣ дар миёни 5 бозикуни бартари Лигаи қаҳрамонони Аврупо

Миллипӯши футболи Эрон дар миёни 5 бозикуни бартари Лиги қаҳрамонони Аврупо қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сайти Федерасиюни футболи Аврупо  Маҳдии Торимӣ-муҳоҷими эронии Порторо дар миёни 5 бозикуни бартари Лигаи қаҳрамонони Аврупо то поёни даври рафти марҳилаи як ҳаштуми ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо қарор додааст .
Дар ин радабандӣ Винисиюс Ҷуниор-ситораи Реали Мадрид дар садр қарор дорад ва Муҳаммад Салоҳ-ситораи мисрии Ливерпул дар радаи дувум қарор дорад. Килёни Имбоппе-ситораи Пари-Сан-Жерман дар макони сеюм ва Лионел Месси ҳам ҷойгоҳи панҷумро дар ихтиёр дорад .
Муҳоҷими миллипуши Эрон дар ин фасл барои Порто 11 гол ба самар расонда ва 6 поси гол дода ва ҷузви беҳтарини бозикунони лиг ба шумор меояд .
Торимӣ бо дурахшиш ба ҳамроҳи Порто муштариёни зиёде пайдо карда, вале ситораи эронӣ тарҷеҳ дода феълан дар таркиби ин тим бимонад .
Челси ва Арсенали Англис аз ҷумлаи муштариёни аслии ситораи тими миллии Эрон дар моҳҳои гузашта буданд .

 

Барчасп