Феврал 27, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Аврупоиҳо зидди ҷанги Украина
    Аврупоиҳо зидди ҷанги Украина

Бо идомаи ҷанги Украина ва ташдиди шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои мухталифи Аврупо, шаҳрвандони аврупоӣ дар эътироз ба идомаи сиёсатҳои Ғарб ва мудохила дар ҷанги Украина, дар кишварҳои мухталифи ин қора тазоҳурот карданд.

Дар ин росто, ҳазорон нафар аз гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ бо таҷаммуъ дар Берлин, оғози гуфтугӯҳо барои сулҳ ва поёни ҷанги Украинаро хостор шуданд. Ин эътироз дар ҳимоят аз тумори мавсум ба «Манифести сулҳ»-и ироашуда тавассути як рӯзноманигор олмонӣ баргузор шуд. Ҳамчунин садҳо нафар аз шаҳрвандони испанияӣ ва британияӣ дар эътироз ба сиёсатҳои ҷангталабонаи НАТО ба унвони омили аслии буруз ва тӯлонӣ шудани ҷанги Украина тазоҳурот карданд.

Тӯлонӣ шудани ҷанги Украина ва таъсироти манфии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ношӣ аз он бар зиндагии шаҳрвандони аврупоӣ сабаб шудааст то эътирозот аз амалкарди давлатҳои аврупоӣ дар ҷанги Украина шиддат гирад. Дар воқеъ ҳудуди як сол аст, ки кишварҳои аврупоӣ бо ирсоли таҷҳизоти таслеҳоту тасвиби бастаҳои таҳримӣ алайҳи Русия, Украинаро тақвият кардаанд.

Ин сиёсатҳо албатта мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ барои шаҳрвандони аврупоӣ ба ҳамроҳ овардааст. Афзоиши қимати сӯхт, камбуди маводи ғизоӣ ва таварруми рӯ ба афзоиш дар ин кишварҳо сабаби афзоиши норизоятии шаҳрвандон аз амалкарди давлатҳо ва рӯйкарди ҷангталабонаи онҳо шудааст.

Дар солгарди шурӯи ҷанги Украина дар кишварҳои мухталифи аврупоӣ,  шуморе аз шаҳрвандон, созмонҳои зидди ҷанг, ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва фаъолони маданӣ таҷаммуоти пуршуморе баргузор карданд. Ширкаткунандагон дар ин таҷаммуот бо ҳамли овезаҳое, ки рӯи бархе аз онҳо навишта шуда буд: «На ба ҷанг, на ба НАТО», «Ҷангро бо таваққуфи ирсоли силоҳ мутаваққиф кунед», таваққуфи ҳимоятҳои таслеҳотии Ғарб аз Украина ва поёни ҷанг дар ин кишварро хостор шуданд.

Марин Лепен, сиёсатмадори фаронсавӣ дар ин замина мегӯяд, ин даргирӣ то кунун мунҷар ба қатъи равобити Аврупову Русия шудаву Маскавро ба шарики мумтози Пекин ва Деҳлии Нав табдил кардааст. Вақти он фаро расидааст, ки иқдомоти худро дар самту сӯи барқарории сулҳ дар Украина ҳидоят кунем.

Ба ҳар ҳол, нигарониҳо бобати идомаи ҷанги Украина ва хатари густариши доманаи он ва тӯлонӣ шудан он афзоиш ёфтааст. Ба рағми иқдомоти сиёсатмадорони аврупоӣ дар идомаи мудохила дар ҷанги Украина, гуруҳе аз шаҳрвандони аврупоии хаста аз ин иқдомот  поёни мудохилотро хостор ҳастанд.

Ба назар мерасад дар сарати идомаи ин раванду ташдиди ихтилофот, кишварҳои аврупоӣ бо мушкилоти ҷадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шаванд.

 

Барчасп