Қисмати 878 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 66-68
Қисмати 878 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 66-68
66
قُلْ إِنِّی نُهِیتُ أَنْ أَعْبُدَ الَّذِینَ تَدْعُونَ مِن دُونِ اللَّـهِ لَمَّا جَاءَنِیَ الْبَیِّنَاتُ مِن رَّبِّی وَأُمِرْتُ أَنْ أُسْلِمَ لِرَبِّ الْعَالَمِینَ
"Эй Паёмбар!" бигу: ман наҳӣ шудаам аз ин, ки маъбудҳоеро, ки шумо ғайр аз Худо мехонед, бипарастам, ҳангоме, ки аз тарафи Парвардигорам далоили равшане бароям омадааст ва маъмурам, ки фақат таслими Парвардигори ҷаҳониён бошам.
Дар оятҳои қабл сухан аз нишонаҳо ва неъматҳои илоҳӣ буд, ки баёнгари яктоии офаридгор ва Парвардигори ҷаҳон аст, дар ин оят Расули Худо (с) хитоб ба мушрикон бар ин нукта таъкид меварзад, ки ман аз ҷониби Худое маъбус шудаам, ки иҷозаи парастиши бутҳоро надода ва маро аз ин кор наҳӣ кардааст, пас аз ман интизор надошта бошед, ки бутҳоро бипарастам ва тасавур накунед, ки ман аз сари лаҷоҷат бо шумо, бутҳоятонро намепарастам, ки шумо ҳам аз сари лаҷоҷат, ойини маро напазиред, балки ман барасоси бароҳини ақлонӣ ва далоили мантиқӣ Худоро мепарастам ва аз парастиши бутҳо дурӣ мекунам ман фақат дар баробари Худованде, ки офаридгори ҳамаи мост, сари таъзим фуруд меоварам ва Ӯро ибодат мекунам, на фақат Парвардигори ҷаҳониёнро мепарастам, балки таслими Ӯ ҳастам ва ончиро Ӯ фармон медиҳад, бидуни кам ва кост анҷом медиҳад, зеро худро бандаи Ӯ мебинам ва вазифаи банда итоат аз сарвар ва мавлоии худ аст.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Авомиир ва навоҳии Худованд, барасоси далил ва мантиқ аст ва миёни ваҳӣ ва ақл, тазод ва таорузе вуҷуд надорад.
2 – Таслим шудан дар баробари касе сазовор аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст ва камоли ибодат, таслим будан дар баробари Худованд аст.
67
هُوَ الَّذِی خَلَقَکُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ یُخْرِجُکُمْ طِفْلًا ثُمَّ لِتَبْلُغُوا أَشُدَّکُمْ ثُمَّ لِتَکُونُوا شُیُوخًا وَمِنکُم مَّن یُتَوَفَّى مِن قَبْلُ وَلِتَبْلُغُوا أَجَلًا مُّسَمًّى وَلَعَلَّکُمْ تَعْقِلُونَ
Ӯ касе аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас аз нутфа, сипас аз ғалфаи "Хуни басташуда" сипас шуморо ба сурати навзоде берун меоварад, сипас "Рӯшдатон медиҳад" то ба камоли қуввати худ "Дар ҷавонӣ" бирасед, сипас то пиршавед ва баъзе аз шумо пеш аз расидан ба пирӣ мемиред "Ва бархе зинда мемонед" то ба саромаде, ки муаян аст, бирасед ва бошад, ки бияндешед.
68
هُوَ الَّذِی یُحْیِی وَیُمِیتُ فَإِذَا قَضَى أَمْرًا فَإِنَّمَا یَقُولُ لَهُ کُن فَیَکُونُ
Ӯ касе аст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва чун ба коре ҳукум кунад "Ва чизеро ироа кунад" фақат ба он мегуяд: бош, пас бедаранг мавҷуд мешавад.
Баъзе аз оятҳои қаблӣ, ба нишонаҳои Худованд дар осмон ва замин ва падидаҳои табии ишора мекард, ин оят ба офариниши инсон, хилқати ӯ аз хок, даврони ҷанини башар, тавалуд ва зиндагӣ дар дунё ва дар охират ба марги ӯ мепардозад.
Аввалин марҳалаи офариниши инсон аз хок аст, ки ҳам шомили инсони нахустин яъне ҳазрати Одам (а) мешавад, ки мустақиман аз хок офаридашуда ва ҳам дарбаргирандаи ҳамаи инсонҳост, зеро маншаи маводи ғазоии ташкилдиҳандаи ҷисми онҳо аам аз гиёҳӣ ё ҳайвонӣ аз хок аст.
Дуввумин марҳала, марбут ба ташкили нутфа аст, ки таркиби мании мард ва тухмаки зан, дар раҳим ба вуҷуд меояд, нутфа ба суръат рушд ва наму ёфта ва ба шакли хуни басташуда дар меояд, ки Қуръон аз он ба алқа таъбир кардааст.
Марҳалаи баъди табдили алқа ба музға аст, ки чизе шабеҳи гушти ҷавида аст, сипас аъзои бадан шакл гирифта ва комил мешавад, дар марҳалаи баъд, навзод мутавалид шуда ва ба дунё меояд, бопушти сар гузоридани даврони кудакӣ ва навҷавонӣ, марҳалаи ҷавонӣ оғоз мешавад, инсон дар ин марҳала ба булуғи ақлӣ мерасад ва ҳадиаксар қудрати ҷисмониро ба даст меоварад.
Аммо даврони ҷавонӣ ҳам давом ва бақое надорад ва инсон ногузир аст аз фарози қалаи ҷавонӣ ба пойин биёяд, дар ин марҳала ба тадриҷи даврони ақабгард ва аз даст рафтани неру оғоз мешавад ва инсон ба сӯйи миёнсолӣ ва пирӣ ҳаракат мекунад, саранҷом поёни умр фаро мерасад ва марг, инсонро ба дарчаи қиёмат, яъне қабр ворид мекунад.
Албатта бархе афрод низ ба хотири брузи ҳаводиси гуногун ё бемориҳо, ин масирро ба таври табии ба поён намерасонанд ва қабл аз расидан ба пирӣ аз дунё мераванд.
Ҷолиб он,ки Қуръон дар ин оят, таъбир ба марг ва нобудӣ намекунад, балки аз вожае истифода мекунад, ки маънояш ин аст,ки ҳангоми марг, фариштагон рӯҳи инсонро дарёфт мекунанд ва ба олами пас аз марг мунтақил месозанд, аз оятҳои Қуръон. Ба хубӣ равшан мешавад, ки бархилофи тасавури бисёре аз афрод, марг ба маънои нестӣ ва нобудии инсон ва поёни кори ӯ нест, балки даричае барои вуруд ба олами бақост.
Идомаи оятҳо, ба қонуни кулии хилқат ва марг аст, ишора карда ва мефармояд: ин амр фақат ба дасти Худованд ва тибқи хости Ӯст ва ончӣ Ӯ ирода кунад, муҳақақ мешавад, бе он,ки лаҳзае таъхир дар он рӯй диҳад.
Дар ин ду оят, ба ду падидаи марг ва ҳаёт ишора шуда, ки албатта ҳамаи ҷондорон аам аз гиёҳон, ҳайвонот ва инсонҳоро дарбар мегирад. Ин ду падида дар воқеъ бар асоси низоми табиие аст, ки Худованд муқаддар сохта ва инсон дар он нақше надорад, марг ва ҳаёт, аз мазоҳири қудрати Парвардигоранд ва алирағм пешрафтҳои илми башар ҳанӯз аз асрор ва ношинохтаҳо ба шумор мераванд.
Дар инҷо лозим ба ёдовари аст, ки ҳаёт дар ишкол ва анвои гуногун зоҳир мешавад, ҳайвоноти ғулпайкар, парандагоне, ки бар авҷи осмонҳо парвоз мекунанд ё дарахтоне, ки иртифоъи онҳо ба даҳҳо метр мерасад, ҳар як дорои навъи ҳаёт ҳастанд, бидуни шак, чеҳраҳои гуногуни ҳаёт, аз мутмаинтарин чеҳраҳои ҷаҳони офариниш аст, интиқол аз ҷаҳони беҷон ба олами мавҷудоти зинда ва интиқол аз олами ҳаёт ба марг, дорои асрор ва шигифтиҳое аст ва нишонае аз қудрати Парвардигори Ҳаким аст.
Албатта ҳечяк аз масоиле, ки дар назди мо сохта ва печидааст, барои Худованди Қодири Мутаол, сахт ва душвор нест ва ба маҳзи ирода ва фармони Ӯ, ҳар амре таҳқиқ меёбад, чаро, ки ҳангоме чизеро ирода кунад, танҳо ба он гуяд мавҷуд бош, он низ бедаранг мавҷуд мешавад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Офариниши инсони ҷондор ва дорои андеша ва хурд, аз хоки беҷон, аз нишонаҳои қудрати илоҳӣ аст.
2 – Низоми хилқат, низоми такомулӣ аст ва марг, нобудии инсон ва поёни кори ӯ нест, балки ҷудо шудани руҳ аз ҷисм барои вуруд ба марҳалаи болотар ва ҳузур дар қиёмат аст.
3 – Худованд аз мо хостааст, ки дар мароҳили офариниши инсон бияндешем то ба аззамати хилқати хеш пай бурда ва худро арзон нафурушем.
4 – Зинда кардан ва мирондан танҳо ба дасти Худои Бузург аст.