Қисмати 886 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 24-28
Қисмати 886 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 24-28
24
فَإِن یَصْبِرُوا فَالنَّارُ مَثْوًى لَّهُمْ وَإِن یَسْتَعْتِبُوا فَمَا هُم مِّنَ الْمُعْتَبِینَ
Пас агар сабр кунанд оташ ҷойгоҳи онҳост ва агар узрхоҳи кунанд, аз бахшудагон нестанд.
25
وَقَیَّضْنَا لَهُمْ قُرَنَاءَ فَزَیَّنُوا لَهُم مَّا بَیْنَ أَیْدِیهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَحَقَّ عَلَیْهِمُ الْقَوْلُ فِی أُمَمٍ قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِم مِّنَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ إِنَّهُمْ کَانُوا خَاسِرِینَ
Ва барои онон ҳамнишиноне қарор додем, ки ончӣ дар пеши рӯйи онҳо ва ончӣ пушти сарашон буд, дар назарашон зебо ҷилва доданд ва фармони азобе, ки пеш аз онон гурӯҳҳое аз ҷин ва инсро фаро гирифта буд, бар онон "Низ" муҳақиқ ва собит шуд онон бетардид зиёнкор буданд.
Дар идомаи ояте, ки дар барномаи қабл мурур кардем ин оятҳо ба нақши дӯст ва ҳамнишини бад дар бадоқибатии инсон ишора карда ва мефармояд: рӯзи қиёмат, рӯзи пазириши узри гунаҳкорон нест, зеро ин узрхоҳӣ дар асари дидани оташи дузах ва аз рӯйи изтирор аст на ихтиёр лизо онҳо чӣ сабр ва таҳамул кунанд ё накунанд, фарқе ба ҳоли онҳо нахоҳад дошт ва агар ҳам узурхоҳи кунанд ба ҷойе намерасанд ва ҷойгоҳашон дузах аст.
Идомаи оят, решаи ин азоби сахтро интихоби дӯстон ва ҳамнишинони бадандеш ва зишт сират дар дунё медонанд, дӯстоне, ки дар ҳангоми анҷоми корҳои бад ва ношоист, ба ҷойи насиҳат ва тазаккур, инсонро ба идомаи ин гуна корҳо ташвиқ ва тарғиб мекунанд ва дар воқеъ корҳои зиштро зебо ва дилписанд ҷилва медиҳанд, ин дӯстони табаҳкор ва иғвогар, аз ҳар сӯ ифродро иҳота мекунанд ва онон бар афкори онҳо чира мешаванд, ки ҳиси ташхиси хуб ва бадро аз онҳо мегиранд лизо ҳақоиқ дар наздашон воруна ва зиштиҳо дар назарашон зебо ҷилва мекунад, ба ин нигоҳи нодурӯст бино мениҳад, балки бо идомаи ин роҳ ояндаи хешро низ табоҳ мекунад ва ин чунин дарҳои наҷотро ба рӯйи худ мебинанд, албатта ин роҳе аст, ки пеш аз ин, бисёре аз инсонҳо тай карда ва ба мақсаде ҷуз дузах нарасидаанд.
Аз ин ятҳо меомӯзем:
1 – То дар дунё ҳастем, фурсати тавба ва бозгашт барои мо ҳаст аммо дар охират ҳеч роҳе барои узрхоҳӣ ва бозгашт вуҷуд надорад.
2 – Муроқиб бошем, ки дӯстони фосид ва бадкор атрофи моро нагиранд зеро онҳо ба шеваҳои мухталиф бар афкор ва шахсияти мо нуфуз мекунанд ва моро ҳамроҳи худ ба дузах мебаранд.
3 – Касе, ки аз корҳои зишти мо таъриф мекунад, дар ҳақиқат дӯсти мо нест балки шайтоне аст дар қолаби инсон зеро ӯ ҳамонанди шайтон, корҳои зиштро зебо ҷилва медиҳад.
4 – Суқути инсон гом ба гом ва тадриҷӣ аст дар гоми аввал, дӯстони фосид зиштиҳоро ба ӯ зебо нишон медиҳанд дар пайи он, инсон ба корҳои ношоисти худ дилгарм шуда ва ҳамчунон ба роҳи худ идома медиҳад то ниҳоят дучори бади оқибат шуда ва зиёнкор шавад.
5 – Дӯсти бад чизе ба инсон намеафзояд балки ӯ мояи зиёнкорӣ ва табоҳ шуда дар дунё ва охират аст.
26
وَقَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا لَا تَسْمَعُوا لِهَـذَا الْقُرْآنِ وَالْغَوْا فِیهِ لَعَلَّکُمْ تَغْلِبُونَ
Ва касоне, ки кофир шуданд, гуфтанд: ба ин Қуръон гуш надиҳед ва дар "Ҳангоми тиловати" он суханони лағв ва беҳуда бияфканед, шояд пирӯз шавед.
27
فَلَنُذِیقَنَّ الَّذِینَ کَفَرُوا عَذَابًا شَدِیدًا وَلَنَجْزِیَنَّهُمْ أَسْوَأَ الَّذِی کَانُوا یَعْمَلُونَ
Пас қатъан кофиронро азобе сахт мечашонем ва ҳатман ононро ба бадтарин корҳое, ки анҷом медоданд, кайфар медиҳем.
28
ذَلِکَ جَزَاءُ أَعْدَاءِ اللَّـهِ النَّارُ لَهُمْ فِیهَا دَارُ الْخُلْدِ جَزَاءً بِمَا کَانُوا بِآیَاتِنَا یَجْحَدُونَ
Сазои душманони Худо ҳамин аст: оташи "Дузах" ки дар он барои онон сарои ҷовидона аст, ба кайфари он, ки ҳамвора оятҳои моро инкор мекарданд.
Ин оятҳо ба яке аз корҳои зиште, ки мушрикони бадандеши Макка дар баробари Паёмбари Акрам (с) анҷом медоданд, ишора карда ва мефармояд: ҳаргоҳ Паёмбар (с) оятҳои ҷаззоб ва дилнишини Қуръонро барои мардуми Макка тиловат мекард, бархе аз мушрикон сут мекашиданд ё ашъореро ба забони баланд мехонданд, то сухани Паёмбар (с) ба гӯши мардум нарасад ва ба ӯ имон наёваранд.
Имрӯз низ ин равия ба шаклҳои гуногун идома дорад, чаро, ки душманони ойини ҳақ медонанд, ки ҳаргоҳ мардум аз ҳақиқати маорифи Қуръон огоҳ шаванд идаи касире ба он рӯ меоваранд лизо ба василаи дастгоҳҳои таблиғотӣ ва расонаҳои фарогири худ ва бо ҷанҷол ва ҳайёҳу кушиш мекунанд, ки ҳақоиқи Қуръон ва Ислом ба гӯши ҷаҳониён нарасад, онҳо барои расидан ба ҳадафи худ аз равишҳои мустақим ё ғайри мустақим баҳра мегиранд, онҳо аз тариқи абзорҳои назири филим, театр, нақошӣ, корикотур, достон ва роман арзишҳои диниро ба тамасхур мегиранд, ин гурӯҳ ҳамчунин бо нашри иттилооти нодуруст ва ғайри воқеӣ дар бораи дин ва пахши анвои туҳматҳо ва шабаҳот, дар сададе ҳастанд, ки чеҳраи исломро махдуш ҷилва диҳанд ва монеъ аз иқболи ҷаҳониён ба он шаванд.
Албатта ин хаёли воҳии душманон аст, ки мепиндоранд бо ин роҳкорҳо метавонанд монеи густариши Ислом шаванд бидуни шак, вижагии ҳақ ин аст, ки мавонеъро яке пас аз дигаре пас мезананд ва роҳи худро боз мекунад ба ҳамин далил рӯз ба рӯз ҳақоиқи Қуръон ба ҷаҳониён ошкортар мешавад.
Албатта равшан аст кайфари сахте дар интизори касоне аст, ки мардумро аз шунидани оятҳои илоҳӣ боз медоранд ва мехоҳанд дигарон низ ҳамонанди онон дар гумроҳӣ ба сар баранд, касоне, ки пайваста оятҳои ҳақро инкор мекунанд, дар воқеъ душманони Худо ва дини Ӯ ҳастанд, бетардид муҷозоти ин афрод мутаносиб бо амали бисёр зишти онон, сахт ва шадид хоҳад буд ва роҳи наҷоте аз дузах надоранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 - Рӯзи қиёмат, рӯзи пазириши узри гуноҳон нест, зеро ин узурхоҳӣ дар асари дидани оташи дузах ва аз рӯйи изтирор аст на ихтиёр лизо онҳо чӣ сабр ва таҳамул кунанд ё накунанд фарқе ба ҳоли онҳо нахоҳад дошт ва агар ҳам узрхоҳӣ кунанд ба ҷойе намерасанд ва ҷойгоҳашон дузах аст.
Идомаи оят, решаи ин азоби сахтро интихоби дӯстон ва ҳамнишинони бадандеш ва зишти сират дар дунё медонад дӯстоне, ки ҳангоми анҷоми корҳои бад ва ношоист, ба ҷойи насиҳат ва тазаккур, инсонро ба идомаи ин гуна корҳо ташвиқ ва тарғиб мекунанд ва дар воқеъ, корҳои зиштро зебо ва дилписанд ҷилва медиҳанд, ин дӯстони табаҳкор ва иғвогар, аз ҳар сӯ афродро иҳота мекунанд ва чунон бар афкори онҳо чира мешаванд, ки ҳиси ташхиси хуб ва бадро аз онҳо мегиранд, лизо ҳақоиқ дар наздашон воруна зиштиҳо дар назарашон зебо ҷилва мекунад ба ин тартиб, дар натиҷаи интихоби дӯсти бад, инсон дар гирдоби фасод фуру меравад ӯ на танҳо зиндагии имрӯзи худро барасари ин нигоҳи нодурӯст бино мениҳад, балки бо идомаи ин роҳ ояндаи хешро низ табоҳ мекунад ва ин чунин дарҳои наҷотро ба рӯйи худ мебандад, албатта ин роҳе аст, ки пеш аз ин бисёре аз инсонҳо тай карда ва ба мақсаде ҷуз дузах нарасидаанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – То дар дунё ҳастем, фурсати тавба ва бозгашт барои мо ҳаст, аммо дар охират ҳеч роҳе барои узурхоҳи ва бозгашт вуҷуд надорад.
2 – Муроққиб бошем, ки дӯстони фосид ва бадкор, атрофи моро нагиранд, зеро онҳо ба шеваҳои мухталиф дар афкор ва шахсияти мо нуфуз мекунанд ва моро ҳамроҳи худ ба дузах мебаранд.
3 – Касе, ки аз корҳои зишти мо таъриф мекунад, дар ҳақиқат дӯсти мо нест, балки шайтоне аст дар қолаби инсон зеро ӯ ҳамонанди шайтон корҳои зиштро зебо ҷилва медиҳад.
4 – Суқути инсон гом ба гом ва тадриҷи аст дар гоми аввал дӯстони фосид, зиштиҳоро ба ӯ зебо нишон медиҳанд, дар пайи он инсон ба корҳои ношоисти худ дилгарми шуда ва ҳамчунон ба роҳи худ идома медиҳад то дар ниҳоят дучори сӯи оқибат шуда ва зиёнкор шавад.
5 – Дӯсти бад чизе ба инсон намеафзояд, балки ӯ мояи зиёнкорӣ ва табоҳ шудани инсон дар дунё ва охират аст.