Сентябр 19, 2020 08:51 Asia/Dushanbe

Қисмати 906 сураи муборакаи " Зухруф ", ояти 16-22

Дар идома бо тафсири содда ва равони ояҳои 16 то 22 сураи Зухруф ошно мешавем.

Ибтидо ба тиловати ояҳои 16 то 18 аз сураи Зухруф гуш медиҳем:

 

16

«أَمِ اتَّخَذَ مِمَّا یَخْلُقُ بَنَاتٍ وَأَصْفَاکُم بِالْبَنِینَ»

Оё Худованд аз ончи ме‌офаринад, духтароне барои худ баргирифта ва шуморо ба доштани писарон баргузидааст?

17

«وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِمَا ضَرَبَ لِلرَّحْمَـنِ مَثَلًا ظَلَّ وَجْهُهُ مُسْوَدًّا وَهُوَ کَظِیمٌ»

ва чун ба яке аз онҳо таваллуди ҳамон чизеро, ки ба Худои раҳмон нисбат дода, мужда диҳанд, чеҳрааш сиёҳ гардад дар ҳоле, ки хашму андуҳи худро фуру мебарад

18

«أَوَمَن یُنَشَّأُ فِی الْحِلْیَةِ وَهُوَ فِی الْخِصَامِ غَیْرُ مُبِینٍ»

оё касеро, ки дар зарру зевар парвариш ёфта ва дар ҳангоми муҷодила, баёнаш равшан нест, фарзанди Худо мехонед?

 

Ин ояҳо ба яке аз боварҳои роиҷу хурофӣ дар тӯли таърих ва дар миёни бисёре аз ақвоми башар ишора мекунад, ки бар асоси он, ҷинси мардро бар зан тарҷеҳ медоданду усулан духтарро барои худ нанг мешумориданд. Лизо мефармояд: Чигуна аст, ки шумо писарро бартар аз духтар медонед ва ҳаргоҳ писаре ба дунё меояд, хушҳол ме‌шавед, аммо ҳаргоҳ духтаре ба дунё меояд, чеҳраатон дарҳамгирифта ва андуҳнок ме‌шавед?

Бадтар онки писарро ба худ нисбат медиҳеду ба он ифтихор мекунед, аммо духтарро ба Худо нисбат медиҳед, ки ӯ офарида, вале хостаи мо набудааст. Писарро, ки дар кори тавлиду тиҷорат бозуи шумост ва дар ҳангоми разму набард, нерӯи ҷангии шумост, аз они худ медонед, вале духтарро, ки дар хона дар зарру зевар бузург мешавад ва дар ҷидолу низои каломӣ қудратманд нест, ба Худо нисбат ме‌диҳед?!

Равшан аст, ки духтару писар ҳар ду офаридаи Худо ҳастанду лозимаи бақои башар, вуҷуди ҳар ду навъ аст. Дар назди Худованд, ҳечяк бар дигаре бартарӣ надорад, гарчи зану мард ба иқтизои нақши худ дар зиндагӣ, дорои бархе вижагиҳои ҷисмӣ ва рӯҳии мутафовит ҳастанд. Яке аз ин тафовутҳо, ғалабаи авотифу эҳсосот дар гуфтору рафтори занон аст. Дар воқеъ ба ҷиҳати нақши калидии занон дар зиндагӣ, ки ҳамон нақши модарист, Худованд ин вижагиро дар ниҳоди онон қарор дода ва дар ҳамин росто ононро аз ҳузур дар саҳнаҳои ҷангу даргирӣ, маоф шумурдааст.

Аз ин оя меомӯзем:

1. Тафовут гузоштан миёни духтару писар, реша дар боварҳои хурофотӣ ва нодурусте дорад, ки Қуръон онро ба шиддат нафӣ ме‌кунад.

2. Дуст доштани зиннату ороиш барои духтарону занони амре табиӣ ва мавриди пазириш аст.

3. Саҳнаҳои хашини ҷидолу ҷанг, арсаи ҳузури занон нест, зеро бо табиати онон носозгор аст.

Акнун ба таловати ояҳои 19 ва 20 аз сураи Зухруф гуш месупорем:

 19

 

«وَجَعَلُوا الْمَلَائِکَةَ الَّذِینَ هُمْ عِبَادُ الرَّحْمَـنِ إِنَاثًا  أَشَهِدُوا خَلْقَهُمْ سَتُکْتَبُ شَهَادَتُهُمْ وَیُسْأَلُونَ»،

Ва фариштагонро, ки бандагони Худои раҳмонанд, зан пиндоштанд, оё шоҳиди офариниши онон будаанд? Гувоҳии онон ба зудӣ навишта мешаваду бозхост хоҳанд шуд.

 

20

«وَقَالُوا لَوْ شَاءَ الرَّحْمَـنُ مَا عَبَدْنَاهُم مَّا لَهُم بِذَلِکَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا یَخْرُصُونَ»

 ва гуфтанд: Агар Худованди раҳмон мехост, онҳоро наме‌парастидем. Онон ба ин гуфтор илму огоҳӣ надоранд. Онон фақат аз рӯи ҳадсу гумон сухан мегӯянду дуруғ ме‌бофанд.

 

Яке аз боварҳои нодурусти мушрикон он буд, ки фариштагонро духтарони Худо мепиндоштанду чунон бар ин бовари хурофотӣ таъкид доштанд, ки гуё ҳангоми офариниши онҳо ҳузур дошта ва дидаанд, ки Худо духтар зодааст!

Бадтар онк фариштагонро мавриди парастиш қарор дода ва барои онҳо навъе дахолату мушорикат дар тадбири умури ҷаҳон қоил буданд. Дар ҳоле, ки чунин боварҳое аз ҳадсу гумони бепоя бархеста буду ҳеч илму донише онро тайид намекард. Лизо Қуръон мефармояд: Ин иддаои нодурусти онон дар рӯзи қиёмат мавриди саволу бозхост қарор мегираду онҳо посухе надоранд.

Аз ин оя меомӯзем:

1. Фариштагон, махлуқи Худо ҳастанд на фарзандони ӯ. Онҳо бархилофи инсон, зану мард надоранд.

2. Парастиши ҳаргунаи махлуқи Худо, чи аз ҷинси фариштагон ва чи аз ҷинси инсон монанди ҳазрати Исо, дар қиёмат мавриди бозхост қарор мегирад.

3. Гумон накунем, ончи мегӯему аз даҳони мо хориҷ мешавад, маҳв шуда ва аз байн меравад. Балки ончи мегӯем, дар низоми ҳастӣ сабт мешавад ва бояд рӯзе посухгуи гуфтаҳо ва иддаоҳоямон бошем.

4. Кори хилофи худро бо нисбат додан ба Худо тавҷеҳ накунем. Зеро Худованде, ки китобу паёмбар ва роҳнамо барои башар фиристода, ҳечгоҳ аз мо нахостааст, ки роҳи хилофро дарпеш гирем.

Акнун ба таловати ояҳои 21 ва 22 аз сураи Зухруф гуш месупорем:

21

«أَمْ آتَیْنَاهُمْ کِتَابًا مِّن قَبْلِهِ فَهُم بِهِ مُسْتَمْسِکُونَ»

Оё пеш аз ин китобе ба онон додаем, ки ба он такя ме‌кунанд?

22

«بَلْ قَالُوا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِم مُّهْتَدُونَ»

 балки онон мегӯянд: Мо падарони худро бар ойине ёфтем ва бо пайравӣ аз онҳо ҳидоят ёфтаем.

 

Дар идомаи ояҳои қабл дар бораи боварҳои хурофотии мушрикон, ин оя ба решаи онҳо ишора карда ва мефармояд: Ингуна нест, ки онҳо барои хурофоти худ ба таолими паёмбарону китобҳои осмонӣ истинод кунанд, зеро ҳеч паёмбаре чунин хурофотеро ба мардум наомӯхтааст. Балки онҳо ба пайравӣ аз ниёкони худ чунин боварҳоеро пазируфтаанд. Ниёконе, ки худ гирифтори ҷаҳлу нодонӣ буда, аз илму дониш баҳрае надоштанд ва бар асоси ҳадсу гумони ботил, нисбатҳоеро ба Худо додаанд.

Ин боварҳои хурофотӣ на мабное илмӣ ва ақлӣ дораду на мабное нақлӣ аз китоби паёмбарони пешин. Фақат тақлиди куркурона аз падарону пешиниён, боиси пазириши онҳо дар миёни мардум шудааст. Дар ҳоле, ки ҳеч инсони оқилу фаҳмидае афкору ақоиди худро барпояи тақлид бино наменаҳад, он ҳам тақлиди ҷоҳил аз ҷоҳил.

Аз ин оя меомӯзем:

1. Афкору ақоид бояд бар мабнои ақл ё ваҳй бошад. Ончи бо ақлу ваҳй созгор нест, ширку хурофа аст, гарчи ба унвони одобу русум ва фарҳанги ҷомеа шинохта шавад.

2. Муроқиб бошем, ба баҳонаи ҳифзи осори ниёкон, суннатҳои ғалати марсум дар ҷомеаро тарвиҷу таблиғ накунем.

3. Ҳаргуна таассуби қавмӣ, миллӣ, нажодӣ ва забонӣ, ки ба тақлиди куркурона ва рафторҳои бемантиқ бианҷомад, аз назари Қуръон мардуд аст.