Қисмати 910 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 43-48
Қисмати 910 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 43-48
43
فَاسْتَمْسِکْ بِالَّذِی أُوحِیَ إِلَیْکَ إِنَّکَ عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِیمٍ
Пас ба ончи ба ту ваҳ шуда такя намо, яқинан ту бар роҳе рост қарор дорӣ.
44
وَإِنَّهُ لَذِکْرٌ لَّکَ وَلِقَوْمِکَ وَسَوْفَ تُسْأَلُونَ
Ва ҳамоно ин Қуръон барои ту ва қавми ту мояи тазаккур аст ва ба зудӣ дар бораи он пурсида хоҳад шуд.
Дар барномаи қабл сухан аз иноду лаҷоҷати мухолифон ва адами пазириши суханони паёмбари ислом буд. Ин оя ба Расули Худо мефармояд: Роҳу барномаи ту дуруст аст, камтарин каҷӣ ва инҳироф дар он вуҷуд надорад ва адами пазириши мухолифон, далел бар нафии ҳаққонияти ту нест.
Ту бар асоси фармони иллоҳӣ ва ончи ба ту ваҳй мешавад, роҳи худро бо ҷиддият идома бидеҳ ва онро маҳкам бигир. Бидон, ки ту бар сароти мустақим қарор дорӣ ва роҳи ҳақ ҳамин аст.
Дар воқеъ ҳадаф аз нузули Қуръон, бедор сохтани инсонҳо ва ошноӣ намудани онҳо ба вазоифашон аст. Лизо уммати ту бояд ба Қуръон такя кунад ва ҳамвора таолими онро ба ёд дошта ва баподоранд. Зеро ин Қуръон ончиро мутобиқ бо ақлу фитрати инсонӣ аст, ёдоварӣ мекунад ва инсонро аз гирифтор шудан дар ғафлат наҷот медиҳад.
Яке аз мавориде, ки умуми инсонҳо аз он ғафлат меварзанд, додгоҳи қиёмат аст. Дар онҷо ҳама мавриди саволу бозхост қарор мегиранд ва бояд дар мавриди корҳои худу мизони тавваҷуҳ ба Қуръон амал ба барномаҳо ва таолими он посухгу бошанд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Танҳо роҳи мутмаин ва ғайри қобили тардид, такя ба Қуръон ва таолими олии он аст, ки Худованд дурустии онро тазмин кардааст.
2 - Дар канори Қуръон, суннату сираи паёмбар низ ҳуҷҷат аст ва Худованд бар ҳаққонияти роҳи паёмбар таъкид кардааст.
3 - Мусулмонон дар қиёмат, дар бораи Қуръон ва инки чи қадар ба он такя кардаанд, мавриди бозхост қарор мегиранд.
45
وَاسْأَلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِکَ مِن رُّسُلِنَا أَجَعَلْنَا مِن دُونِ الرَّحْمَـنِ آلِهَةً یُعْبَدُونَ
Ва аз паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодаем, бипурс, ки оё ба ҷои Худои раҳмон, маъбудоне, ки парастиш шаванд, қарор додаем.
Ин оя ба мусулмонон мегӯяд, аз пайравони паёмбарони пешин бипурсанд, ки оё воқеан Худо чунин дастуре додааст, ки ғайри ӯро бипарастем? Агар Худо чунин фармоне дода, мо мухолифате надорем. Зеро мо мутеи амри Худо ҳастем ва ҳарчи ӯ бигуяд, бидуни чуну чаро анҷом медиҳем.
Оя бо ин пурсиш ишора мекунад, ки ҳамаи анбиёи иллоҳӣ башарро ба тавҳид фаро хондаанд ва ҳамагӣ ба таври қотеъ ширку бутпарастиро маҳкум кардаанд. Дигар онки паёмбари ислом дар масири мухолифат бо бутпарастӣ ва даъват ба тавҳид, кори бесобиқае анҷом надода, балки суннати доимии паёмбарони гузаштаро эҳё намудааст.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Меҳвари адёни иллоҳӣ ва асли муштараки ҳамаи онҳо тавҳид аст ва Қуръон ва паёмбари ислом низ бар ин амр таъкид доштаанд.
2 - Парастиши ҳар шайъ ё шахс ба ҷои Худо ё дар канори Худо, ҷоиз нест. Парастиш фақат махсуси Худованди раҳмон аст.
46
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى بِآیَاتِنَا إِلَى فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَقَالَ إِنِّی رَسُولُ رَبِّ الْعَالَمِینَ
Ва ба ростӣ мо Мусоро бо оёти худ ба сӯи фиръавну сарон ва ашрофи қавмаш фиристодем. Пас гуфт: Ман фиристодаи парвардгори ҷаҳониёнам.
47
فَلَمَّا جَاءَهُم بِآیَاتِنَا إِذَا هُم مِّنْهَا یَضْحَکُونَ
Пас чун ояҳои моро барои онон оварад, ба он механдиданд.
Ин оя ба гушае аз саргузашти ҳазрати Мусо ишора карда ва мефармояд: Яке аз вазоифи ҳазрати Мусо ин буд, ки илова бар бани Исроил, ба суроғи фиръавн биравад ва ӯро ба сӯи Худо даъват кунад. Дар ҳамин робита муъҷизотеро, ки Худованд ба ӯ дода буд, дар ҳузури фиръавн ва ашрофу бузургони дарбори ӯ ба намоиш бигузорад, то далел бар ҳаққонияти рисолати ӯ бошад.
Ҳангоме, ки ҳазрати Мусо ба дарбори фиръавн рафт, то ӯро ба роҳи рост ҳидоят кунад, либоси ӯ сода ва пашмина буд. Мусо хитоб ба фиръавну бузургони дарбори ӯ гуфт: Аз ҷониби Худованд фиристода шуда, то ононро ба роҳи рост ҳидоят кунад. Аммо онҳо ӯро решханд карданд ва ба ӯ хандиданд. Зеро онҳо ҳам монанди мардуми Макка гумон мекарданд, агар Худованд бихоҳад, касеро ба унвони намояндаи худ баргузинад, яке аз бузургону ашрофро интихоб мекунад на касе, ки ҳеч ному унвоне надорад ва рӯзе фарзандхондаи фиръавн будааст. Чунин касе имрӯз иддао мекунад, ки қасд дорад фиръавну қавмашро ҳидоят кунад!
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Паёмбарон илова бар мардум ба суроғи ҳокимон мерафтанд, зеро ислоҳи умури ҷомеа, бидуни ислоҳи ҳокимон имконпазир нест.
2 - Паёмбарон ҳам дорои камолоти шахсӣ ва вижагиҳои мумтози ахлоқӣ буданд ва ҳам барои исботи иддаои худ муъҷиза меовараданд, то роҳро бар ҳаргуна шаку тардид бубанданд.
3 - Шеваи мухолифон, таҳқиру решханд аст. Онҳо баҳрае аз мантиқу истидлол надоранд.
48
وَمَا نُرِیهِم مِّنْ آیَةٍ إِلَّا هِیَ أَکْبَرُ مِنْ أُخْتِهَا وَأَخَذْنَاهُم بِالْعَذَابِ لَعَلَّهُمْ یَرْجِعُونَ
Ва мо ҳеч муъҷизаеро ба онон нишон намедодем, магар онки аз мушобеҳаш бузургтар буд ва ононро ба анвои азоб гирифтор кардем, шояд бозгарданд.
Ин оя дар идомаи ояи қабл мефармояд: Барои онки фиръавнён ҳеч баҳонае надошта бошанд, муъҷизоти мутаадиде, ки ҳар кадом гуётару муҳимтар аз қаблӣ буд, ба онон нишон додем, то аз маркаби ғуруру худхоҳӣ пиёда шаванд ва агар ба дунболи шинохти ҳақиқат ҳастанд, онро биёбанд. Аммо ҳарчи муъҷизот бештар шуд, иноду лаҷоҷати онҳо ҳам афзунтар шуд то ҷое. ки илова бар муъҷизот, онҳоро ба ҳаводиси сахте назири қаҳтӣ ва хушксолӣ гирифтор кардем, то шояд бедор шаванд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Худованд барои итмоми ҳуҷҷат ба мардум, ба як далелу истидлол иктифо намекунад, балки то ҷое, ки ҳуҷҷат бар мардум тамом шавад, муъҷиза ва далел мефиристад. Ин худ нишонаи инояти Худованд ба мардум аст.
2 - Баъди итмоми ҳуҷҷат, навбати кайфару танбеҳи дунявӣ аст, то шояд аз тариқи ҳушдору ихтор аз роҳи худ бозгарданд.