Октябр 31, 2020 10:49 Asia/Dushanbe

Қисмати 911 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 49-56

49

وَقَالُوا یَا أَیُّهَ السَّاحِرُ ادْعُ لَنَا رَبَّکَ بِمَا عَهِدَ عِندَکَ إِنَّنَا لَمُهْتَدُونَ

Ва гуфтанд: Ай ҷодугар, парвардгоратро ба ончи назди ту аҳд кардааст, барои мо бихон, ки бетардид мо ҳидоят хоҳем ёфт.

50

فَلَمَّا کَشَفْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِذَا هُمْ یَنکُثُونَ

Аммо ҳангоме, ки азобро аз онон бартараф кардем, ба ногоҳ паймон ме‌шикастанд.

Дар барномаи қабл сухан аз талошҳои ҳазрати Мусо барои ҳидояти Фиръавну атрофиёнаш ва ироаи анвои муъҷизот ба онон буд. Ин оя мефармояд: Онҳо ба муҳтавои даъвати ҳазрати Мусо, ки даъват ба тавҳиду итоат аз парвардгори ҷаҳон буд, таваҷҷуҳ намекарданд. Аммо ҳангоме, ки гирифтори дарду ранҷу бало мешуданд, аз он ҳазрат мехостанд, ки аз Худояш бихоҳад, онҳоро аз ранҷу мусибат раҳоӣ бахшад ва қавл медоданд, ки дар ин сурат ба ӯ имон оварда ва даъвати ӯро бипазиранд.

Ҷолиб аст, алорақми инки аз ӯ дархости кумак мекунанд, боз ҳам ӯро ҷодугар мехонанд. Онҳо тасаввур мекунанд, паёмбарон монанди ҷодугарон корҳое хориқулъода анҷом медиҳанд, то иддаеро даври худ ҷамъ кунанд. Ин худ ҳокӣ аз он аст, ки ваъдаи он афроди мутакаббир дар мавриди имон овардан дуруғ аст ва онҳо ба ҳангоми дармондагӣ дар паи роҳӣ барои наҷоти худ аз фишорҳо ва номулоимот ҳастанд, на онки ба дунболи ёфтани роҳи ҳидоят бошанд. Лизо идомаи оя мефармояд: Вақте он сахтиҳоро аз он золимони хирасар бардоштем ва тӯфони балоҳо фуру нишаст, онҳо паймони худро шикастанд ва имони наоварданд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Умуми инсонҳо дар ҳангоми гирифторӣ ба авлиёи Худо паноҳ мебаранд, то барои наҷоти онҳо дуо кунанд.

2 - Ҳангоми гирифторӣ ва эҳсоси хатар, фитрати Худошиносӣ дар инсонҳо бедор шуда ва ба ёди Худо меафтанд, аммо пас аз рафъи гирифторӣ, дубора дучори ғафлат шуда ва худоро ба фаромӯшӣ месупоранд.

 

51

وَنَادَى فِرْعَوْنُ فِی قَوْمِهِ قَالَ یَا قَوْمِ أَلَیْسَ لِی مُلْکُ مِصْرَ وَهَـذِهِ الْأَنْهَارُ تَجْرِی مِن تَحْتِی  أَفَلَا تُبْصِرُونَ

Ва Фиръавн дар миёни қавмаш надо доду гуфт: Ай қавми ман! Оё ҳукумати Миср аз они ман нест ва ин наҳрҳо аз зери кохҳои ман равон нест? Оё ин азаматро наме‌бинед?!

52

أَمْ أَنَا خَیْرٌ مِّنْ هَـذَا الَّذِی هُوَ مَهِینٌ وَلَا یَکَادُ یُبِینُ

Магар на ин аст, ки ман аз ин касе, ки бе миқдор аст ва наметавонад равшану гуё сухан бигуяд, беҳтарам?

 

53

فَلَوْلَا أُلْقِیَ عَلَیْهِ أَسْوِرَةٌ مِّن ذَهَبٍ أَوْ جَاءَ مَعَهُ الْمَلَائِکَةُ مُقْتَرِنِینَ

Чаро дастбандҳое аз тилло бар ӯ овехта нашуда ё фариштагоне ҳамроҳи ӯ наомадаанд?

Фиръавну қавмаш аз як сӯ муъҷизоти Мусоро дида буданд ва аз сӯи дигар бо дуои ӯ аз ранҷу мусибат наҷот ёфта буданд. Инҳо таъсири зиёде дар мардум дошт ва афкори онҳоро нисбат ба фиръавн муттазалзил сохт. Дар ин ҳол, Фиръавну атрофиёнаш ҳозир ба пазириши даъвати у набуданд.

Фиръавн барои онки дарбориёну қавмаш таҳти таъсири суханони мантиқӣ ва муъҷизоти ҳазрати Мусо қарор нагиранд, барон шуд, ки аз нуфузи Мусо дар афкори мардум ҷилавгирӣ кунад. Лизо дарсадади таҳқири Мусо ва бузург нишон додани худ баромад. Ӯ дар миёни қавми худ гуфт, оё ҳукумати сарзамини паҳновари Миср аз они ман нест? Оё ин наҳрҳо таҳти фармони ман қарор надорад ва аз қасру боғҳои ман намегузарад? вале  Мусо чи дорад? Ӯ на забони гуё дорад, на фариштае ҳамроҳаш дида мешавад, на ҳамчун бузургони ҷомеа аз анвои зинатҳо ва либосҳои фохир ва кохҳои муҷаллал бархурдор аст. Ҳарчи бихоҳед ман дорам, вале ӯ ҳеч надорад. Пас чаро бояд дунболарави ӯ бошем ва аз ӯ пайравӣ кунем.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Тоғутҳо ва қудратҳои истикборӣ тобеи ақлу мантиқ нестанд, балки ба қудрату сарват ва шавкати зоҳирии худ менозанд ва онро далели ҳақ будани худ ме‌пиндоранд.

2 - Фахрфурӯшӣ ва хор шумурдани дигарон ба хотири навъи пушиш ва завоҳири афрод ё навъи лаҳҷа ва гуиши онҳо, рафторе Фиръавнӣ аст.

3 - Ҳаркас ба ҳар далел худро бартар аз дигарон бидонад, хулқу хуйи Фиръавнӣ дорад, гарчи аз қудрату сарват бархурдор набошад.

 

54

فَاسْتَخَفَّ قَوْمَهُ فَأَطَاعُوهُ  إِنَّهُمْ کَانُوا قَوْمًا فَاسِقِینَ

Пас Фиръавн қавми худро сабук шумурд, дар натиҷа аз ӯ итоат карданд, зеро онон мардумоне фосиқ буданд.

 

55

فَلَمَّا آسَفُونَا انتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ أَجْمَعِینَ

Пас чун моро ба хашм оварданд, аз онон интиқом гирифтем ва ҳамаи ононро ғарқ кардем.

 

56

فَجَعَلْنَاهُمْ سَلَفًا وَمَثَلًا لِّلْآخِرِینَ

Пас ононро пешгомоне бад ва ибрате барои ояндагон қарор додем.

Фиръавн бо бузург шумурдани қудрати худ ва кӯчак шумурдани ҳазрати Мусо, дар воқеъ қавми худро гумроҳ сохт ва иҷоза надод, ки онҳо ақлашонро ба кор андохта ва ҳақиқатро бифаҳманд. Ӯ қавми худро таҳмиқ кард ва чашми онҳоро аз зарру зӯри худ чунон пур кард, ки ҳамаи дар баробараш хору хафиф шуданд. Лизо бе чуну чаро аз ӯ итоат карданд.

Дар асри Фиръавн, мардум бетақсир набуданд. Онҳо ба хотири фисқу фуҷуре, ки миёнашон роиҷ буд, ба роҳатӣ таслими арзишҳои Фиръавнӣ шуданд ва асбоби гумроҳии хешро фароҳам сохтанд. Ба ҳамин далел, омодагии пазириши даъвати ҳазрати Мусоро надоштанд.

Табиӣ аст касоне, ки ба дунболи Фиръавну ҳукуматҳои Фиръавнӣ бошанд, ба ҳамон оқибати Фиръавниён дучор шуда ва машмули қаҳру ғазаби иллоҳӣ мешаванд.

Бидуни шак моҷарои зиндагии Фиръавну Фиръавниён ва сарнавишти дардноки онҳо, дарси ибрати бузурге барои ояндагон аст.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Низомҳои фосид, мардумро хор шумурда ва заиф нигаҳ медоранд. Дар ин ҳукуматҳои золимона, худбохтагӣ ва тиҳӣ шудани мардум аз ҳуввият сабаб мешавад, ки онҳо дарбаробари ҳокимон таслим шаванду аз онҳо итоат кунанд.

2 - Ҷомеае, ки Худоро нофармонӣ кунад, саранҷом фармонбари ҳокимони золиму мустакбир ме‌шавад.

3 - Гоҳе қаҳру ғазаби иллоҳӣ, қавмеро дар ҳамин дунё ҳалок карда ва онҳоро мояи ибрати дигарон қарор ме‌диҳад.