Ноябр 07, 2020 11:01 Asia/Dushanbe

Қисмати 912 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 57-62

 

 

57

وَلَمَّا ضُرِبَ ابْنُ مَرْیَمَ مَثَلًا إِذَا قَوْمُکَ مِنْهُ یَصِدُّونَ

Ҳангоме, ки дар бораи Исо, писари Марям мисоле зада шуд, ба ногоҳ қавми ту аз он сухан бо ханда сару садо роҳ андохтанд.

 

58

وَقَالُوا أَآلِهَتُنَا خَیْرٌ أَمْ هُوَ مَا ضَرَبُوهُ لَکَ إِلَّا جَدَلًا  بَلْ هُمْ قَوْمٌ خَصِمُونَ

Ва гуфтанд : Оё маъбудҳои мо беҳтаранд ё ӯ? Онҳо ин мисолро барои ту назаданд, магар аз рӯи ҷадалу ситезаҷуӣ, зеро онҳо мардуме ситезаҷу ҳастанд.

Чунонки дар гузоришҳои таърихӣ омадааст, мушрикони Макка барои тавҷеҳи бутпарастии худ, ба кори масеҳиён истинод карда ва ба паёмбари ислом мегӯфтанд: Онҳо низ масеҳро мепарастанд, ки аз зане ба номи Марям мутаваллид шудааст. Агар кори мо иштибоҳ аст, кори онҳо низ иштибоҳ аст ва агар ба гуфтаи шумо, мо ва маъбудҳои мо дар оташ хоҳем буд, пас масеҳ низ бояд ба дузах ворид шавад, чун ӯ низ маъбуд воқеъ шудааст.

Ин муқоисаи нобаҷо миёни бутҳо ва ҳазрати масеҳ, ки бутлони он равшан аст, дар мақоми муҷодила ва ситез бо паёмбар аз сӯи мушрикон матраҳ мешуд. Онҳо ба ҷои даст  бардоштан аз кори нодурусти худ, дар мақоми тавҷеҳи он бо кори нодурусти дигарон буданд шевае, ки имрӯза низ бисёре аз афрод барои тавҷеҳи корҳои хилофи худ аз он истифода ме‌кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки аз инсонҳо маъбудоне вориди дузах мешаванд, ки бихоҳанд маъбуд бошанд, ҳамчун Фиръавн, ки мардумро ба ибодати худ фаро мехонд. Вале ҳазрати масеҳ ҳаргиз ҳозир ба маъбуд шудан набуд ва аз чунин коре ба шиддат безорӣ меҷуст.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Ба ҷои тамасхури ақоиди нодурусти дигарон, бо истидлол ва мантиқ онро рад кунем.

2 - Баҳсу гуфтугӯ барои шинохти ҳақиқат, мавриди супориши Қуръон аст. Аммо ҷидол барои тавҷеҳи корҳои нодурусти худ ва муқобила ва ситез бо дигарон, амре ношоист аст.

 

59

إِنْ هُوَ إِلَّا عَبْدٌ أَنْعَمْنَا عَلَیْهِ وَجَعَلْنَاهُ مَثَلًا لِّبَنِی إِسْرَائِیلَ

Исо ҷуз бандае нест, ки мо ба ӯ неъмат додем ва ӯро барои бани Исроил, сармашқу намуна қарор додем.

 

60

وَلَوْ نَشَاءُ لَجَعَلْنَا مِنکُم مَّلَائِکَةً فِی الْأَرْضِ یَخْلُفُونَ

Ва агар бихоҳем, ба ҷои шумо дар замин фариштагоне қарор медиҳем, ки ҷонишини шумо шаванд.

Дар ояҳои қабл сухан аз муқоисаи ҳазрати масеҳ бо бутҳо, тавассути мушрикони Макка буд. Ин ояҳо дар дифоъ аз ҳазрати Исо мефармояд: Ӯ худро бандаи Худо медонисту ҳаргиз розӣ набуд, ки мавриди парастиши масеҳиён воқеъ шавад ва бо ин кор муқобила мекард. Ӯ инсоне буд, ки Худованд неъмати рисолату набувватро ба ӯ ато кард, то паёмбари қавми бани Исроил бошад ва ба унвони улгуи комил, василаи ҳидояти онон шавад. Дар воқеъ ҳаряк аз муъҷизоти ӯ нишонаи боризе аз азамати Худованд ва мақоми набуввати ӯ буд. Ӯ дар ҳамаи давроне, ки дар миёни мардум мезист, ба мақоми убудияти парвардгор эътироф дошт ва ҳамаро ба бандагии Худованди якто даъват мекард. Аммо мутаассифона масеҳиён, ба ҷои Худо ӯро ба парастиш гирифтанд ва уро тақдис намуданд.

Идомаи оя хитоб ба мушрикон мефармояд: Инки Худо ва расулаш шуморо ба роҳи рост даъват мекунанд, ба ин хотир нест, ки Худованд ба имону ибодати шумо ниёз дорад. Зеро агар ӯ бихоҳад, метавонад ба ҷои шумо фариштагоне дар замин қарор диҳад, ки ҷонишини шумо бошанд фариштагоне, ки ҳамвора сар бар фармони ҳақ доранд ва ба итоату бандагии ӯ машғуланд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Бандагии Худованд, асбоби камолу таолии инсон аст ва паёмбарон ба болотарин маротиби бандагӣ даст ёфтаанд.

2 - Гарчи яҳудиён дар тӯли таърих бо ҳазрати Исо мухолифат варзидаанд, аммо ӯ аз қавми бани Исроил буд ва нафии ӯ аз сӯи яҳудиён, аз рӯи иноду лаҷоҷат буд.

3 - Худованд хостааст, ки башар аз рӯи огоҳӣ ва ихтиёр имон биоварад, вагарна фариштагонро ба ҷои инсон дар замин мустақар мекард, ки соҳибихтиёр нестанд ва пайваста Худоро ибодат мекунанд.

61

وَإِنَّهُ لَعِلْمٌ لِّلسَّاعَةِ فَلَا تَمْتَرُنَّ بِهَا وَاتَّبِعُونِ هَـذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِیمٌ

Ва ҳамоно ӯ, мояи илму огоҳӣ ба қиёмат аст. Пас дар он тардид накунед ва аз ман пайравӣ кунед, ки ин аст роҳи рост.

62

وَلَا یَصُدَّنَّکُمُ الشَّیْطَانُ  إِنَّهُ لَکُمْ عَدُوٌّ مُّبِینٌ

Ва шайтон шуморо аз роҳи Худо боз надорад, ки ӯ душмани ошкори шумост.

Албатта дар баробари роҳи Худо, роҳи шайтон аст, ки мехоҳад бо васваса ва фиребкорӣ шуморо аз роҳи Худо ва таваҷҷуҳ ба саранҷоми хеш дар охират боз дорад, то дар дунё ва охират гирифтор шавед. Ришаи ии ин кори шайтон низ душманӣ ва адовати деринаи ӯ бо шумост, ки чун бар падари шумо одам саҷда  накард, аз даргоҳи иллоҳӣ ронда шуд. Онгоҳ ӯ савганд ёд кард, то поёни ҷаҳон, асбоби инҳирофи фарзандони одамро фароҳам созад. Ҳол чигуна дарбаробари ин душмани қасамхурда хомуш менишинед ва ба ӯ иҷоза медиҳед, ки бо васвасаҳои пай дар пай, шуморо аз роҳи ҳақ боз дорад?

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Вуҷуди авлиёи Худо ва гуфтору рафтори онҳо, ёдовари маоду қиёмат аст.

2 - Инсон барои ҳаракат дар роҳи мустақим, ба улгу ва сармашқ ниёз дорад. Лизо роҳи мустақимро бояд аз бандагони поки Худованд яъне паёмбарон омухт. Дар ғайри ин сурат, инсон гирифтори ҳавоҳо ва ҳавасҳои хеш ва васвасаҳои шайтон мешавад ва гумон мекунад, дар роҳи мустақим қарор дорад.

3 - Шайтон ҳамвора дар камини инсон аст, то аз ҳар роҳу манфази мумкин, дар қалбу рӯҳи ӯ русух карда ва ӯро аз роҳи ҳақ ва сироти мустақим боздорад.