Март 21, 2021 14:33 Asia/Dushanbe

Қисмати 920 сураи муборакаи “Духон” ояти 28-36

 

28

کَذَلِکَ  وَأَوْرَثْنَاهَا قَوْمًا آخَرِینَ

Моҷаро ингуна буд ва мо тамоми дороии онҳоро ба мерос ба қавме дигар додем.

29

مَا بَکَتْ عَلَیْهِمُ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ وَمَا کَانُوا مُنظَرِینَ

Пас на осмон бар онон гирист ва на замин ва онҳо муҳлате наёфтанд.

Дар поёни моҷарои қавми Фиръавн, ин оя мефармояд: Пас аз ҳалокати фиръавниён дар руди Найл ҳамаи ончиро, ки ба ҷой гузоштанд, банӣ Исроил вориси онҳо шуданд ва бидуни заҳмат, ҳамаи амволу сарватҳои онҳоро дар ихтиёр гирифтанд. Чунонки дар сӯраи Шаъро омадааст: Гурӯҳе аз банӣ Исроил пас аз ғарқ шудани фиръавниён ва фуру рехтани пояҳои фармонравоии онон, ба сарзамини Миср бозгаштанд ва дар сарзамини Фароана ҳукумат карданд.

Идомаи оя бар ин нукта таъкид мекунад, зулми фиръавниён ба гунае буд, ки вақте аз ин олам решакан шуданд, касе ҷои холии онҳоро эҳсос накард ва қатраи ашке бар онҳо нарехт.

Осмону замин ҳам аз ҳалокати онҳо осудахотир шуданд ва бар рафтани онҳо ғаму андуҳе нахурданд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Нобудии ақвоми ситамгар, яке аз суннатҳои иллоҳӣ аст, ки мояи ҳушдору ибрат аст.

2 - Навъе аз эҳсосу шуур дар ҳастӣ вуҷуд дорад. Лизо на фақат инсонҳо, балки табиати моддӣ низ аз нобудии золимон эҳсоси хубӣ доранд.

 

30

وَلَقَدْ نَجَّیْنَا بَنِی إِسْرَائِیلَ مِنَ الْعَذَابِ الْمُهِینِ

Ва ба ростӣ банӣ Исроилро аз он азоби хоркунанда наҷот додем.

31

مِن فِرْعَوْنَ إِنَّهُ کَانَ عَالِیًا مِّنَ الْمُسْرِفِینَ

Аз азоби Фиръавн, ки ӯ мутакаббир ва аз исрофкорон буд.

32

وَلَقَدِ اخْتَرْنَاهُمْ عَلَى عِلْمٍ عَلَى الْعَالَمِینَ

Мо онҳоро бо илми хеш бар ҷаҳониён баргузидем ва бартарӣ додем.

33

وَآتَیْنَاهُم مِّنَ الْآیَاتِ مَا فِیهِ بَلَاءٌ مُّبِینٌ

Ва аз оёт ва нишонаҳои қудрати худ ончиро, ки дар он озмоише ошкор буд, ба онҳо додем.

Саранҷом Худованд қавми мазлуми банӣ Исроилро дар партави қиёми иллоҳии Мусо аз чанголи Фиръавни хунрез раҳоӣ бахшид. Банӣ Исроил на фақат аз султаи фиръавниён озод шуданд, балки бар тамоми амлоку амволи онҳо тасаллут ёфтанд ва худ қавме қудратманд бо сарзамине густарда ва васеъ шуданд.

Аммо ҳамаи инҳо барои озмоишу имтиҳон буд. Зеро Худованд гурӯҳеро бо бало ва мусибат озмоиш мекунад ва гурӯҳеро бо неъмат. Усулан дар мантиқи Қуръон ҳам мусибату сахтӣ василаи озмоиши инсон аст, ҳам сарвату рифоҳ ва ҳукумат.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Мардуме, ки паёмбари Худоро ёрӣ карда ва аз таолими ӯ пайравӣ кунанд, метавонанд аз таҳти султаи золимон наҷот ёбанд.

2 - Бартариҷуӣ ва зиёдаравӣ ва таҷовуз аз ҳудуд рӯҳияе Фиръавнӣ аст, гарчи касе, ки дорои ин вижагиҳои шахсиятӣ аст, Фиръавн набошад.

3 - Рамзи ҳалокати ақвому милал, сифоти нописанду амалкарди бади онҳост.

4 - Ончи Худованд ба афроду ҷавомеъ медиҳад, василаи озмоиш аст ва далели бартарии онҳо назди Худованд нест.

34

إِنَّ هَـؤُلَاءِ لَیَقُولُونَ

Ҳамоно мушрикон ме‌гӯянд:

35

إِنْ هِیَ إِلَّا مَوْتَتُنَا الْأُولَى وَمَا نَحْنُ بِمُنشَرِینَ

Ҷуз марги нахустини мо чизи дигаре дар кор нест ва мо барангехта нахоҳем шуд.

36

فَأْتُوا بِآبَائِنَا إِن کُنتُمْ صَادِقِینَ

Пас агар шумо рост ме‌гӯед, падарони моро бозофаред.

Бо поён ёфтани достони фиръавниён ва қавми банӣ Исроил, ин оя боре дигар ба баҳси мушрикони Макка боз мегардад ва сухани онҳоро дар хусуси инкори маод чунин бозгу мекунад, ки онҳо мегуфтанд: Поёни зиндагӣ ҳамин маргест, ки мебинед ва пас аз он хабаре нест, чи расад ба онки дубора зинда шавем ва зиндагии муҷаддад дошта бошем.

Равшан аст, ки маод, барои кайфару подоши инсонҳост ва суннати иллоҳӣ бар ин нест, ки мурдагонро дар ин ҷаҳон зинда кунад.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Бозгу кардани назароти мухолифон ва посухгуӣ ба он, шеваи Қуръон барои тасбити ақоиди муъминон аст.

2 - Инкори ҷаҳони пас аз марг, аз рӯи далелу бурҳон нест, балки иддаое бидуни далел аст, ки дар тӯли таърих аз сӯи кофирон матраҳ шудааст.