Қисмати 921 сураи муборакаи “Духон” ояти 37-50
Қисмати 921 сураи муборакаи “Духон” ояти 37-50
37
أَهُمْ خَیْرٌ أَمْ قَوْمُ تُبَّعٍ وَالَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ أَهْلَکْنَاهُمْ إِنَّهُمْ کَانُوا مُجْرِمِینَ
Оё онҳо беҳтаранд ё қавми Табаъ ва касоне, ки пеш аз онон буданд? Мо онҳоро ҳалок кардем, зеро муҷрим буданд.
Ин оя хитоб ба мушрикони Макка, ки аз рӯи лаҷоҷат ва инкор бо паёмбари ислом бархурд мекарданд, мефармояд: Шумо қавитаред ё мардумоне, ки дар сарзамини Яман, дар ҷануби ҷазираи Алъараб зиндагӣ мекарданд? Онҳо сарзаминҳое ободу пурбаракат дар ихтиёрашон буд ва аз қудрату тавони болое бархурдор буданд, аммо чун гирифтори зулму фасод ва туғён шуданд, ба ҳалокат расиданд. Пас битарсед, ки шумо низ дучори сарнавиште чун сарнавишти ҳамсоягони худ нашавед.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Яке аз абзорҳои Қуръон барои иршоду анзори мардум, баёни таърихи ақвоми гузашта аст, то ояндагон аз он ибрат бигиранд.
2 - Бархе корҳо дар дунё низ кайфару қаҳри иллоҳиро ба дунбол дорад. Ривоҷи зулму ҷурм ва фасод дар ҷомеа яке аз онҳост.
38
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَیْنَهُمَا لَاعِبِینَ
Ва мо осмонҳову замин ва ончиро миёни онҳост, ба бозӣ наофаридаем.
39
مَا خَلَقْنَاهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَـکِنَّ أَکْثَرَهُمْ لَا یَعْلَمُونَ
Мо онҳоро ҷуз ба ҳақ наёфаридаем, вале бештарашон намедонанд.
Аз онҷо, ки дар оёти гузашта баҳс дар бораи маод буд, дар ин оя ба далели барпоии қиёмат ишора карда ва мефармояд: Магар осмону замин ва ин ҷаҳони боазамат, беҳуда ва бидуни ҳадаф офарида шудааст, ки бо марг поён ёбад ва ба нестӣ бианҷомад?
Агар чунин бошад, ҳамонанди бозии кӯдакон хоҳад буд, ки бо қатаоти мухталиф, сохтмонҳоеро месозанд ва дар поён, бо як зарба онро хароб мекунанд. Чун ҳадафе ҷуз бозӣ надоранд.
Кофирону мункирони маод, маргро нуқтаи поёни зиндагии инсон медонанд. Ба таъбири дигар, аз нигоҳи онҳо офариниши инсон бо он ҳама истеъдод ва зарфияту тавон, барои ин чанд рӯзи дунёст ва бо марг ҳамачиз тамом мешавад. Бархилофи дидгоҳи мункирони маод, аз нигоҳи Қуръон, марг, долоне аст барои вуруд ба ҷаҳоне азимтар ва абадӣ, ки ин ҷаҳон дар баробари он бисёр кӯчак ва ночиз аст. Бовар карданӣ нест, ки Худованди қодири ҳаким ин дастгоҳи азимро бидуни ҳадаф ва танҳо барои ин чанд рӯзи кӯтоҳи зиндагӣ офарида бошад. Ин ба ҳеч ваҷҳ бо ҳикмати иллоҳӣ созгор нест.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Агар кори башар бо марг ба поён бирасад, ҳастии боазамат, ки барои инсон офарида шуда, пучу беҳуда хоҳад буд.
2 - Агар ҳастӣ ҳадфдор аст, мо инсонҳо бояд ҳадафи офаринишро ба дурустӣ бишиносем ва худро бо он ҳамоҳанг кунем.
3 - Яке аз далоили инкори маод, нашинохтани ҳадафи офариниш аст, ки бисёре аз мардум шинохти дурусте аз он надоранд.
40
إِنَّ یَوْمَ الْفَصْلِ مِیقَاتُهُمْ أَجْمَعِینَ
Ҳамоно рӯзи ҷудоии ҳақ аз ботил, ваъдагоҳи ҳамаи онҳост.
41
یَوْمَ لَا یُغْنِی مَوْلًى عَن مَّوْلًى شَیْئًا وَلَا هُمْ یُنصَرُونَ
Рӯзе, ки ҳеч дӯсте аз дӯсти худ ҳимоят намекунад ва онон ёрӣ намешаванд.
42
إِلَّا مَن رَّحِمَ اللَّـهُ إِنَّهُ هُوَ الْعَزِیزُ الرَّحِیمُ
Магар касе, ки Худованд ӯро мавриди раҳмат қарор диҳад, ки ӯ азиз ва раҳим аст.
Дар идомаи ояи қабл дар хусуси ҳадафманд будани низоми ҳастӣ, ки муҳимтарин далели барпоии қиёмат аст, ин оя ба бархе вижагиҳои қиёмат ишора карда ва мефармояд:
Он рӯз, рӯзи ҷудоӣ аст. Рӯзест, ки инсон аз ҳамачиз-ҷуз амалаш ҷудо мешавад. Бархилофи дунё, ки дӯстон метавонанд дар мушкилот ба якдигар кумак кунанд, то аз гирифториҳо наҷот ёбанд, дар қиёмат равобити хонаводагӣ ва иҷтимоӣ аз ҳам гусаста мешавад.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Қиёмат, рӯзи ҷудоии инсонҳо аз якдигар аст ва миёни инсону тамоми дӯстон ва наздикону хешовандонаш ҷудоӣ меафтад. Пас ба ёрии ҳечяк аз онҳо дар қиёмат дил набандем.
2 - Ҳузури инсонҳо дар қиёмат, қатъӣ аст. Дар он рӯз ҳама якҷо ҷамъ мешаванд, дар ин ҳол ҳаркас дар миёни ҷамъ, танҳо ва бепаноҳ аст.
3 - Инсонҳо дар қиёмат, танҳо бо Худованд сару кор доранд. Ӯ бо кофирон аз рӯи иззату қудрат ва бо аҳли имон аз рӯи лутфу раҳмат бархурд мекунад.
43
إِنَّ شَجَرَتَ الزَّقُّومِ
Бегумон дарахти Зақвам
44
طَعَامُ الْأَثِیمِ
Ғизои гунаҳкорон аст
45
کَالْمُهْلِ یَغْلِی فِی الْبُطُونِ
Ҳамчун миси гудохта дар шикамҳо меҷушад
46
کَغَلْیِ الْحَمِیمِ
Ҳамонанди ҷушиши оби сӯзон
47
خُذُوهُ فَاعْتِلُوهُ إِلَى سَوَاءِ الْجَحِیمِ
Ӯро бигиред ва ба миёни оташи дузах бикашонед.
48
ثُمَّ صُبُّوا فَوْقَ رَأْسِهِ مِنْ عَذَابِ الْحَمِیمِ
Онгоҳ аз азоби оби сӯзон бар сараш бирезед
49
ذُقْ إِنَّکَ أَنتَ الْعَزِیزُ الْکَرِیمُ
Бичаш, ки ту ба гумони худ ҳамон азизу гиромӣ ҳастӣ
50
إِنَّ هَـذَا مَا کُنتُم بِهِ تَمْتَرُونَ
Ин ҳамон чизест, ки ҳамвора дар бораи он тардид мекардед.
Мизони азоби афрод мутаносиб бо мизони ҷурму гуноҳи онҳост. Касоне. ки дар дунё ба роҳатӣ ҳар ҷурму ҷиноятеро муртакиб мешаванд ва гумон мекунанд, аз чунон ҷойгоҳе бархурдоранд, ки касе наметавонад ба онҳо осеб бирасонад, беш аз дигарон мавриди кайфар қарор мегиранд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Гуноҳ дар қиёмат, ба шакли оташе ҷилва мекунад, ки даруну бурӯни инсонро дар бар гирифта ва месӯзонад. Пас то дар дунё ҳастем, бо тарки гуноҳу талаби бахшиш аз Худованд, худро аз дузах наҷот диҳем.
2 - Кайфари қиёмат ҳам ҷисмӣ аст, ҳам рӯҳӣ. Дузахиён ҳам месӯзанд ва ҳам мавриди таҳқиру тамасхур қарор мегиранд.