Қисмати 935 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 29-35
Қисмати 935 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 29-35
Бо дуруд ба равони поки Паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бо салом ҳузури Шумо шунавандагони гиромӣ, бо барномае дигар аз "Роҳе ба сӯи нур" дар хидмати Шумо ҳастем то бо тафсири осону равони оёте дигар аз каломи илоҳӣ дар Қуръони карим ошно шавем.
Ибтидо ба тиловати ояи 29 аз сураи “Аҳқоф” гӯш фаро мениҳем:
29
«وَإِذْ صَرَفْنَا إِلَیْکَ نَفَرًا مِّنَ الْجِنِّ یَسْتَمِعُونَ الْقُرْآنَ فَلَمَّا حَضَرُوهُ قَالُوا أَنصِتُوا فَلَمَّا قُضِیَ وَلَّوْا إِلَى قَوْمِهِم مُّنذِرِینَ»
Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Ва он гоҳ ки гурӯҳе аз ҷинро ба сӯи ту равона сохтем то Қуръонро бишнаванд, пас чун назди он ҳозир шуданд, гуфтанд: хомӯш бошед [ва гӯш фаро диҳед], пас чун [шунидани оёт] ба поён расид, ба сӯи қавми худ бозгаштанд то ононро ҳушдор диҳанд».
Дар барномаҳои қабл, хитоби оёт ба мушрикони Макка буд, ки бо баҳонаҷӯӣ ва лаҷоҷат, ҳозир ба имон овардан набуданд. Ин оёт низ дар идома мефармояд: Гарчӣ шумо имон наёвардед, аммо гурӯҳе аз ҷин, ки шумо низ ба вуҷуди онҳо эътиқод доред ва барои онҳо нақше дар зиндагии худ қоилед, бо шунидани оёти Қуръон, ба паёмбар имон оварданд ва дигаронро низ ба ойини Ислом даъват карданд.
Вуҷуди мавҷудоте ба номи ҷин аз мавзӯоте аст, ки дар Қуръон ба сароҳат баён шудааст. Яке аз сураҳои Қуръон ба номи “Ҷин” аст, ки дар он ба эътиқоди онҳо ба Худои ягона, Қуръон ва Маъод ва низ вуҷуди ду гурӯҳи муъмину кофир дар миёни онҳо ишора шудааст.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Ҷин низ мавҷуде ҳамонанди инсон, дорои ақлу шуур ва таклиф аст ва аз ирода ва қудрати интихоб бархӯрдор аст.
2. Пазириши имон кофӣ нест, даъвату иршоди дигарон ба роҳи ҳақ низ лозим аст.
Акнун ба тиловати оёти 30 то 32 аз сураи “Аҳқоф” гӯш месупорем:
30
«قَالُوا یَا قَوْمَنَا إِنَّا سَمِعْنَا کِتَابًا أُنزِلَ مِن بَعْدِ مُوسَى مُصَدِّقًا لِّمَا بَیْنَ یَدَیْهِ یَهْدِی إِلَى الْحَقِّ وَإِلَى طَرِیقٍ مُّسْتَقِیمٍ»،
«Гуфтанд: эй қавми мо! ҳамоно мо [оёти] китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда ва китобҳои пеш аз худро тасдиқ мекунаду мардумро ба сӯи ҳақ ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд»,
31
«یَا قَوْمَنَا أَجِیبُوا دَاعِیَ اللَّـهِ وَآمِنُوا بِهِ یَغْفِرْ لَکُم مِّن ذُنُوبِکُمْ وَیُجِرْکُم مِّنْ عَذَابٍ أَلِیمٍ»،
«Эй қавми мо! даъваткунандаи илоҳиро иҷобат кунед ва ба ӯ имон оваред то Худованд [бархе аз] гуноҳонатонро бибахшад ва шуморо аз азоби дарднок наҷот диҳад,
32
«وَمَن لَّا یُجِبْ دَاعِیَ اللَّـهِ فَلَیْسَ بِمُعْجِزٍ فِی الْأَرْضِ وَلَیْسَ لَهُ مِن دُونِهِ أَوْلِیَاءُ أُولَـئِکَ فِی ضَلَالٍ مُّبِینٍ»
Тарҷумаи ин оёт чунин аст:
ва ҳар кас даъваткунандаи илоҳиро иҷобат накунад, ҳеч муъҷизае дар замин нест ва ҷуз Худованд ҳеҷ ёру ёваре нахоҳад дошт. Чунин касоне дар гумроҳии ошкоранд».
Бар асоси ин оёт, вақте ҷиниёни муъмин ба сӯи қавми худ бозгаштанд, онҳоро чунин иршод карданд ки: ҳамон Худое, ки Мӯсоро ҳамроҳ бо китоб фиристода буд, инак паёмбари дигаре ҳамроҳ бо китоби дигар ба номи Қуръон фиристодааст. Мо имрӯз оёти ин китобро шунидем ва онро ҳамонанди китоби Мӯсо ёфтем, ки мардумро ба роҳи ҳақ даъват мекард.
Ҳар кас ба ин паёмбар, ки мардумро ба сӯи Худо даъват мекунад, имон биёварад, аз гуноҳу фасод дур шуда ва аз кайфари Худованд дар амон хоҳад буд. Аммо касе, ки имон наёварад ва лаҷоҷат кунад, бидонад, ки наметавонад дар баробари иродаи Худованд биистад ва аз қаҳри Ӯ наҷот ёбад, зеро ҷуз Худо касе наметавонад махлуқотро дар баробари он кайфари сахт ёрӣ кунад.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Ҷиниён низ аз таърихи паёмбарони гузашта ва муҳтавои китобҳои осмонӣ хабар доранд. Гурӯҳе аз онҳо муъмин ва гуруҳе кофиранд.
2. Роҳи ҳақ, ҳамон роҳи мустақим аст. Роҳе аст, ки инсонро аз ҳар гуна ифроту тафрит ва каҷравӣ боз медорад ва бар асоси адлу эътидол роҳнамоӣ мекунад.
3. Паёмбарон мардумро ба сӯи Худо даъват мекунанд, на ба сӯи худ. Онҳо аҳкоми таъолибахши Худовандро баён мекунанд, на хостаҳои худро.
4. Куфру инкори Худо, дар ниҳоят инсонро ба бунбаст мекашонад, бунбасте, ки на худи инсон роҳи фирор аз он дорад ва на дигарон метавонанд ӯро раҳо кунанд.
Акнун ба тиловати оёти 33 ва 34 аз сураи “Аҳқоф” гӯш месупорем:
33
«أَوَلَمْ یَرَوْا أَنَّ اللَّـهَ الَّذِی خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَمْ یَعْیَ بِخَلْقِهِنَّ بِقَادِرٍ عَلَى أَن یُحْیِیَ الْمَوْتَى بَلَى إِنَّهُ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرٌ»،
«Оё дарнаёфтаанд Худое, ки осмонҳо ва заминро офарида ва дар офариниши онҳо дарнамондааст, метавонад мурдагонро зинда кунад? Бале, Ӯ бар ҳар коре тавоност».
34
«وَیَوْمَ یُعْرَضُ الَّذِینَ کَفَرُوا عَلَى النَّارِ أَلَیْسَ هَـذَا بِالْحَقِّ قَالُوا بَلَى وَرَبِّنَا قَالَ فَذُوقُوا الْعَذَابَ بِمَا کُنتُمْ تَکْفُرُونَ»
Тарҷумаи ин оёт чунин аст:
«Ва рӯзе, ки кофирон бар оташ арза шаванд [ба онон гуфта шавад] оё ин ҳақ нест? мегӯянд: Ба Парвардигорамон савганд, ки чунин аст, [пас] мегӯяд: Ба хотири он ки куфр меварзидед, азобро бичашед».
Ин оёт, ки дар поёни сураи “Аҳқоф” омада, бори дигар ба мавзӯи Маъод бозгашта ва хитоб ба мушрикон мефармояд: Оре, Худованде, ки осмонҳо ва заминро офарида ва аз офариниши онҳо хаста ва нотавон нашуда, қодир аст, ки мурдагонро зинда кунад. Бетардид, офариниш - ин ҳастии паҳновар бо ин ҳама мавҷудоти рангорангу мутанаввеаш, нишондиҳандаи қудрати номаҳдуди Парвардигор бар анҷоми ҳар коре аст. Чӣ гуна мумкин аст чунин худое аз таҷдиди ҳаёту офариниши дубораи инсонҳо оҷиз ва нотавон бошад? ин худ далеле аст равшан бар имкони вуқӯи Маъод.
Пас дар воқеъ мушкил дар қудрати Худо нест, ки ба Маъод имон намеёваред, балки мушкили шумо аз он ҷо реша мегирад, ки мехоҳед тибқи амёли нафсонии худ ҳар коре бикунед ва аз авоқиби он дар амон бошед. Дар ҳоле, ки дар рӯзи Қиёмат вақте шуълаҳои тарсноки оташро мушоҳида мекунед, чорае ҷуз эътироф надоред ва ба ҳаққонияти он иқрор мекунед, аммо чи суд, ки дар он ҳангом роҳи бозгаште барои шумо вуҷуд надорад.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Қудрати Худованд бениҳоят ва номаҳдуд аст. Қудрати Парваридгор дар офариниши ин ҷаҳони боазамат, равшантарин далел бар имкони офариниши дубораи инсон дар Қиёмат аст.
2. Забони кофирон дар Қиёмат ба гуфтани ҳақ боз мешавад. Онҳо ба рубубияти Худованд, ҳаққонияти Қиёмат ва низоми кайфару подош иқрор мекунанд, аммо ин иқрору эътироф суде ба ҳоли онон надорад.
Акнун ба тиловати ояи 35 аз сураи “Аҳқоф” гӯш фаро мениҳем:
35
«فَاصْبِرْ کَمَا صَبَرَ أُولُو الْعَزْمِ مِنَ الرُّسُلِ وَلَا تَسْتَعْجِل لَّهُمْ کَأَنَّهُمْ یَوْمَ یَرَوْنَ مَا یُوعَدُونَ لَمْ یَلْبَثُوا إِلَّا سَاعَةً مِّن نَّهَارٍ بَلَاغٌ فَهَلْ یُهْلَکُ إِلَّا الْقَوْمُ الْفَاسِقُونَ»
Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Пас [эй паёмбар] сабр кун, ҳамон гуна ки паёмбарони улулъазм сабр карданд ва барои [азоби] онон шитоб макун. Рӯзе, ки он чиро ваъда дода шудаанд, бингаранд, гӯё ҷуз соате аз рӯз [дар дунё] намондаанд. [ин] Иблоғе аст [барои ҳамагон], пас оё ҷуз гурӯҳе бадкор ҳалок мешаванд?»
Ин оя, ки охирин ояи сураи “Аҳқоф” аст, хитоб ба паёмбари Ислом мефармояд: Дар баробари озору азияти мушрикон ва ъиноду лаҷоҷати онҳо сабр пеша кун ва барои нузули азоб бар онон аҷала надошта бош. Зеро Худованд ононро дар Қиёмат ба сазои корҳои зишташон хоҳад расонд. Шумо вазифаи худро, ки иблоғи даъвати илоҳӣ аст, ба анҷом бирасон, вале натиҷаи он бар ӯҳдаи шумо нест. Чи имон биёваранд ё кофир шаванд, ҳисобу китоби онҳо бо Худост.
Ин оя ба кӯтоҳии умри дунё низ ишора дорад. Ба қадре умри дунё дар баробари ҳаёти ҷовидони охират кӯтоҳ аст, ки афрод эҳсос мекунанд, ки гӯё дар дунё ҷуз соате аз як рӯз таваққуф надоштаанд. Ин ҷост, ки дучори ҳасрату андӯҳи амиқ мешаванд, ки чаро роҳи ҳақро интихоб накардаанд, аммо чи суд, ки ҳеҷ роҳе барои ҷуброни хатои гузашта вуҷуд надорад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Паёмбарон масъули иблоғи даъвати Худованд ҳастанду муҷоз ба икроҳу иҷбори мардум ба имон овардан ё кайфар додани кофирон нестанд.
2. Саъаи садру таҳаммули мухолифон, аз вижагиҳои Паёмбарони бузурги илоҳӣ аст, Пайравони онҳо низ бояд ҳамин гуна бошанд.
3. Яке аз суннатҳои илоҳӣ, муҳлат додан ба кофирону гунаҳкорон дар дунёст.
4. Умри дунё дар муқоиса бо охират, бисёр кӯтоҳ ва чун соате аз як рӯз аст.
Бо поён ёфтани ин барнома, Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо нигаҳдор.