Қисмати 949 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 17-21
Қисмати 949 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 17-21
(17)
«لَیْسَ عَلَى الْأَعْمى حَرَجٌ وَ لا عَلَى الْأَعْرَجِ حَرَجٌ وَ لا عَلَى الْمَرِیضِ حَرَجٌ وَ مَنْ یُطِعِ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ یُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِی مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهارُ وَ مَنْ یَتَوَلَّ یُعَذِّبْهُ عَذاباً أَلِیما»
»Ҳеҷ боке бар нобино нест ва боке бар ланг нест ва боке бар бемор нест; ва ҳар кас Худо ва Паёмбари Ӯро итоат кунад, ӯро дар боғоҳое дохил мекунад, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист; ва ҳар кас рӯӣ гардонад, ба азоби дардноке ӯро азоб мекунад. «
Дар барномаи қабл Худованд мутахалифон аз ҷангро тувбих кард ва ононро машмули кайфари донист. Табиъи аст, ки дар миёни онон, афроди маълул ё бемор буданд, ки тавони ҳамроҳи бо дигар мусалмононро надоштанд. Баъзе аз онҳо хидмати Расули Худо расида ва дар бораи вазъияти худ савол карданд. Ин оят нозил шуд ва ҳисоби ононро аз афроди солиме, ки аз фармони Расули Худо сарпечи карданд, ҷудо сохт.
Яке аз усули куллии Ислом, ки бар ҳама дастурот ва таклифи динӣ ҳоким аст, ин паёми Қуръон аст, ки: «لا یُکَلِّفُ اللَّهُ نَفْساً إِلَّا وُسْعَها» Худованд ҳеҷкасро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад-(Бақара ояти286)
Дар намоз, ки аз шаройти он истодан аст афроди бемор ё нотавон метавонанд нишаста ва ҳатто хобида намоз бигузоранд. Рузо нафақат аз инсонҳои бемор бардошта шуд, балки афроди солим низ агар бидонанд, ки дар асари руза гирифтан бемор мешаванд, руза бар онҳо воҷиб нест. Барои воҷиб шудани ҳаҷ бар афрод, тавонои бадан низ лозим аст ва касоне, ки тавони рафтан ба Макка ё анҷоми маносики ҳаҷро надоранд, аз анҷоми он маъоф ҳастанд.
Дар ояти мавриди баҳси низ Қуръон мефармояд: Ҷиҳод бо душман бар афроди солим, ки қудрати ҷангидан ва дифоъ аз худро доранд воҷиб аст ва афроде, ки дучори маълулияти ҷисми ё бемори ҳастанд, аз ҳузур дар майдонҳои ҷангу ҷиҳод маъофанд.
Аз ин оят меомӯзем:
- Худованд нисбат ба беморон ва маълулон таваҷҷуҳи вижа дорад ва онҳоро аз анҷоми бархе таклифҳо маъоф дошта аст. Масъулон ва қонунгузорон низ бозяд ба ин нукта дар ҳангоми вазъи қонунҳо ва муқарароти иҷтимоъи таваҷҷуҳ дошта бошанд.
- Муҳим итоъат кардан ва таслим будан дар баробари дастуроти Худованд аст; гарчи таклифҳои афрод бо таваҷҷуҳ ба шароит ва тавоноиҳои онҳо мутафовит аст.
(18)
«لَقَدْ رَضِیَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِینَ إِذْ یُبایِعُونَکَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ ما فِی قُلُوبِهِمْ فَأَنْزَلَ السَّکِینَةَ عَلَیْهِمْ وَ أَثابَهُمْ فَتْحاً قَرِیباً»
»Ба таҳқиқ Худо аз мӯъминон, ҳангоме, ки зери дарахт бо ту байъат мекарданд хушнуд шуд; ва он чиро дар дилҳои онҳо буд, донист; пас, оромишро бар онҳо фуруд овард ва фатҳи наздикро ба онҳо подош дод. «
Дар барномаҳои қабл гуфтем, ки Паёмбар ва мусалмонон ба қасди анҷоми маносики умра, аз Мадина озими Макка шуданд. Расули Худо яке аз ёрони худро назди бузургони Макка фиристод то онҳоро аз ин ҳақиқат огоҳ кунад, ки мусалмонон ба қасди ҷанг наёмаданд, балки ҳадафашон зиёрати хонаи Худо аст, аммо онон намояндаи Паёмбарро боздошт карданд.
Дар пайи ин иқдом, Паёмбар ёрони худро зери дарахте дар минтақаи Ҳудайбия гирд овард. Аз онон байъат гирифт, ки дар пайкор бо мушрикон кутоҳи накунанд ва ҳеҷкас ба майдони ҷанг пушт накунанд ҳангоме, ки хабари ин байъат ба мушрикон расид, ба ваҳшат афтоданд ва намояндагони Паёмбарро озод карданд. Бо ақди паймони сулҳи Ҳудайба, роҳ барои анҷоми умра дар солҳои баъд ҳамвор шуд. Дар пайи он низ фатҳи Хайбар ва ғаниматҳои бисёр насиби мусалмонон шуд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Имон, маҳдуд ба анҷоми як силсила таклифҳои дини назири намоз ва руза нест, балки ҳузур ва мушорикат дар арсаҳои иҷтимоъи сиёсӣ ва ёри ва ҳамроҳии раҳбарони динӣ низ ҷузъи барномаҳои диндори аст.
- Зоҳири амал, моро фариб надиҳад. Худованд аз ниятҳо ва ангезаҳои мо комилан огоҳ аст ва бар асоси он ба мо подош медиҳад.
- Ризоят ва хушунати Худованд, ки амри маънави аст, бо касби ғаниматҳои ҷангӣ ва комёбиҳои дунявӣ мунофот надорад.
- Вафодори ба Расули Худо ва ёрии Ӯ дар баробари душманон, рамзи раҳмати Илоҳи дар дунё ва охират аст.
(19)
«وَ مَغانِمَ کَثِیرَةً یَأْخُذُونَها وَ کانَ اللَّهُ عَزِیزاً حَکِیماً»
» Ва ғаниматҳои фаровоне, ки онро ба даст меоваранд; ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст. «
(20)
«وَعَدَکُمُ اللَّهُ مَغانِمَ کَثِیرَةً تَأْخُذُونَها فَعَجَّلَ لَکُمْ هذِهِ وَ کَفَّ أَیْدِیَ النَّاسِ عَنْکُمْ وَ لِتَکُونَ آیَةً لِلْمُؤْمِنِینَ وَ یَهْدِیَکُمْ صِراطاً مُسْتَقِیما»، «وَ أُخْرَى لَمْ تَقْدِرُوا عَلَیْها قَدْ أَحاطَ اللَّهُ بِها وَ کانَ اللَّهُ عَلى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرا»
»Худо ба шумо ғаниматҳои фаровоне ваъда додааст, ки онро ба даст меоваред, пас ин ]ғанимат[-ро зудтар ба шумо дод; ва дастони мардум]-и мухолиф[-ро аз шумо боз дошт ва то барои мӯъминон нишонае бошад ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад. «
Дар идомаи оятҳои қабли, ин оятҳо мефармояд: Алтофи илоҳи ба мӯъминон, маҳдуд ба сулҳи ҳудайбаия ва фатҳи хайбар нест, балки пирӯзиҳое дар оянда насиби мусалмонон хоҳад шуд, ки худашон гумон намебурданд ва тавон ва имконони онро надоранд. Зеро Худованд афзуни бар нузули оромиш бар дилҳои мӯъминон, тарсу ваҳшатро бар дилҳои кофирон меандозад то онҳо даст аз таҷовуз ва таъади бардоранд.
Рушан аст, ки ин имдодҳои Илоҳи, мояи тақвияти имони муъминон ба ҳаққонияти Расули Худо шуда ва ононро дар роҳи ҳидояти Илоҳи тасбит мекунад.
Аз ин Оятҳо меомӯзем:
- Дар қавонини ҷангӣ, тасоҳуби амволи душман ба унвони ғанимат амри муҷоз аст ва ин қонун мавриди тайиди Худованд аст.
- Худованд ваъда дода аст, ки агар шумо барои ёрии дини Худо талош кунед, баракоти дуняви ва модиро низ барои шумо фароҳам оварад.
- Кутоҳ шудани дасти душманон ва барқарории амният, аз неъматҳои бузурги аст, ки Худованд ба хотири он бар муъминон минат мегузорад.
(21)
«وَ أُخْرَى لَمْ تَقْدِرُوا عَلَیْها قَدْ أَحاطَ اللَّهُ بِها وَ کانَ اللَّهُ عَلى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرا»
»Ва ]ғаниматҳои[ дигаре, ки тавоноии ]ба даст овардани[ онро надоред; ба таҳқиқ Худо ба он иҳота дорад; ва Худо бар ҳамаи чиз тавоност. «