Август 16, 2021 13:50 Asia/Dushanbe

Қисмати 951 сураи муборакаи “Фатҳ” ояти 26-29

(26)

«إِذْ جَعَلَ الَّذِینَ کَفَرُوا فِی قُلُوبِهِمُ الْحَمِیَّةَ حَمِیَّةَ الْجاهِلِیَّةِ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَکِینَتَهُ عَلى‏ رَسُولِهِ وَ عَلَى الْمُؤْمِنِینَ وَ أَلْزَمَهُمْ کَلِمَةَ التَّقْوى‏ وَ کانُوا أَحَقَّ بِها وَ أَهْلَها وَ کانَ اللَّهُ بِکُلِّ شَیْ‏ءٍ عَلِیماً»                 

»Онгоҳ касоне, ки куфр варзиданд, дар дилҳояшон таассуб– таассуби ҷоҳилият-ро қарор доданд; Худо оромиши Худро ба Паёмбараш ва мӯъминон фурӯ фиристод ва онҳоро ба калимаи тақво пойдор гардонд, дар ҳоле, ки ба он сазовортар ва аҳлаш буданд; ва Худо ба ҳар чизе доност. «

 

Дар барномаҳои қабл сухан аз сулҳи Ҳудайбия буд, ки дар минтақаи назидки Макка байни Паёмбар ва сарони мушрикони Макка мунъақид шуд. Ин оят ба яке аз авомили куфр, ки таассуби нобаҷост ишора кард ва мефармояд: Тааассуб ва ғурури ҷоҳили монеъ аз он шуд, ки мушрикон иҷоза диҳанд Паёмар ва мусалмонон барои анҷоми маросими умра ва қурбони вориди Макка шаванд.

Онҳо мегӯфтанд: Инҳо дар ҷанги Бадр ва Уҳуд падарон ва бародарони моро ба қатл расониданд, чигуна ба онон иҷоза диҳем вориди шаҳри мо шаванд ва солим бозгарданд? Дар ҳоле, ки медонистанд зиёрати Хонаи Худо барои ҳама муҷоз ва сарзамини Макка ҳарами амн аст ба гунае, ки ҳатто агар касе қотили падари худашро дар он сарзамин ё дар маросими ҳаҷ ва умра медид ба у халал намерасонд.

Дар муқобил Худованд чунон оромиш ва сиъаисадрро бар Паёмбар ва мӯъминон нозил кард, ки барои пешгири аз хунрези дар ҳарами амни илоҳӣ ба таври мувақат аз хостаи худ даст бардоштанд ва бо ақди сулҳнома роҳро барои зиёрати Хонаи Худо дар солҳои баъд осон карданд. Дар ҳоле, ки агар он таассуби ҷоҳили бар онҳо низ ҳоким буд оташи ҷанг дар он сарзамини муқаддас шуълавар мешуд.

 

 

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Ҳаргуна таассуб дар умури фикри ва амале, ки аз фарҳангӣ ҷоҳилият бархоста бошад ва аз мантиқ ва истидлоли саҳеҳ бархурдор набошад, мардуд аст.
  2. Лозима доштани имон ва тақво, ҳифзу оромиш ва бархурди мантиқи ва ба дур аз хашму асабоният дар умури фардӣ ва иҷтимоъӣ аст.

 

 (27)

«لَقَدْ صَدَقَ اللَّهُ رَسُولَهُ الرُّؤْیا بِالْحَقِّ لَتَدْخُلُنَّ الْمَسْجِدَ الْحَرامَ إِنْ شاءَ اللَّهُ آمِنِینَ مُحَلِّقِینَ رُؤُسَکُمْ وَ مُقَصِّرِینَ لا تَخافُونَ فَعَلِمَ ما لَمْ تَعْلَمُوا فَجَعَلَ مِنْ دُونِ ذلِکَ فَتْحاً قَرِیبا»

»Ба таҳқиқ Худо хоби Паёмбарашро ба ҳақ рост гардонид, ки агар Худо бихоҳад, қатъан бо амният дохили Масҷид-ул-ҳаром мешавед; дар ҳоле ки сарҳоятонро тарошида ва кутоҳ кардаед, наметарсед. Ва он чиро намедонистед медонист; ва ғайр аз ин фатҳи наздикеро қарор додааст. «

 

Пеш аз ҳаракати мусалмонон ба сӯи Макка, Паёмбари Акрам дар хоб дид, ки ба ҳамроҳи ёронаш барои анҷоми маносики умра вориди Масҷид-ул-ҳаром мешаванд ва ин хобро барои ёронаш таъриф кард. Мусалмонон мепиндоштанд, ки ин хоб дар ҳамон сол таҳақуқ хоҳад ёфт. Лизо ҳангоме, ки мушрикон роҳи вуруд ба Маккаро бар онҳо бастанд, иддае аз мусалмонон дучори шаку тардид шуданд, ки магар мумкин аст хоби Паёмбар хато таъбир шавад?!

Дар инҷо буд, ки ин оят нозил шуд, ки ин хоби содиқона буд ва ба таври қатъи ҳамаи шумо дар ниҳояти амният вориди Масҷид-ул-ҳаром мешавед. Тибқи паймони сулҳи Ҳудайбия соли баъд мушрикон ба муддати се рӯз Маккаро холи карданд ва мусалмонон бо осудагии хотир аъмоли умраро бо шукуҳи фаровон ба ҷой оварданд. Албата пас аз муддати мушрикон паймон шикастанд ва мусалмонон дар соли ҳаштуми ҳиҷри, Маккаро бедуни ҷанг ва хунрези фатҳ карданд.

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Ваъдаҳои илоҳи ҳатман муҳақақ хоҳад шуд, гарчи мумкин аст бар пояи илму ҳикмати Худованд таҳақуқи он ҳамроҳ бо таъхир бошад, вале ин таъхир набояд дар мо шаку тардид эҷод кунад.
  2. Агар пазирши сулҳ бар асоси маслиҳати ҷомеъа ва на аз рӯи тарс аз душман бошад, чи басо осор ва баракоти чунин сулҳ бештар буд ва муқадимаи пирӯзии бар душман бошад.

 

(28)

«هُوَ الَّذِی أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدى‏ وَ دِینِ الْحَقِّ لِیُظْهِرَهُ عَلَى الدِّینِ کُلِّهِ وَ کَفى‏ بِاللَّهِ شَهِیداً»

»Ӯ зотест, ки Паёмбарашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи дин]-ҳо[ пирӯз гардонад; ва гувоҳии Худо кофӣ аст. «

 

Дар идомаи ояти қабл, ки ваъдаи пирӯзии мусалмонон бар мушрикони Маккаро дод, ин оят мефармояд: ин пирӯзи идома хоҳад ёфт ва замонӣ фаро мерасад, ки ислом бар саросари ҷаҳон ва ҳамаи динҳо ва макабтҳо ғалаба мекунад, зеро сухани Худованд ҳақ аст ва мардумро ба сӯи саъодат ҳидоят мекунад.

Бар асоси ривоятҳои мутавотир, ки ҳамаи мусалмонон бар он иттифоқи назар доранд, дар охири замон ба дасти фарди аз насли Паёмбари Ислом ба номи Маҳдӣ ин ваъдаи илоҳи таҳақуқ хоҳад ёфт. Ӯ бо ёрии ситамдидагон ва мустазъафони ҷаҳон дар баробари ҳокимони зургу ва ситамгар қиём мекунад. Имом Маҳдӣ бо имдоди илоҳи бар золимон ғалаба меёбад ва адолату амниятро бар саросари ҷаҳон ҳоким месозад.

 

 

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Бо иродаи илоҳи, дини ҳақ ҳамаи оламро фаро хоҳад гирифт ва сабаби ҳидояти ҷаҳониён ба сӯи дини Худо фароҳам хоҳад шуд.
  2. Динҳои гузашта махсуси аз замони буданд ва баракс таълимҳои ислом ба замони хосси ихтиссос надорад. Лизо оянда аз они ислом аст ва ин дин ҷаҳони хоҳад шуд. Ба ҳамин хотир мусалмонон бояд ба вазифаҳои худ ба хуби амал кунанд ва симои воқеъии исломро ба ҷаҳониён муъаррифи намоянд.

 

 (29)

«مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَ الَّذِینَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْکُفَّارِ رُحَماءُ بَیْنَهُمْ تَراهُمْ رُکَّعاً سُجَّداً یَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَ رِضْواناً سِیماهُمْ فِی وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذلِکَ مَثَلُهُمْ فِی التَّوْراةِ وَ مَثَلُهُمْ فِی الْإِنْجِیلِ کَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوى‏ عَلى‏ سُوقِهِ یُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِیَغِیظَ بِهِمُ الْکُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِینَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ مِنْهُمْ مَغْفِرَةً وَ أَجْراً عَظِیما»                            

»Муҳаммад расули Худост; ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд бар кофирон сахтгир, дар миёни худ меҳрубонанд; онҳоро дар ҳоли рукӯъ ва саҷда мебинӣ, ки аз Худо фазл ва хушнудиро металабанд; нишонаи онҳо дар Таврот аст; ва масалаи онҳо дар Инҷил монанди зироатест, ки ҷавонаашро бароварад, паст онро тавонманд созадм ва маҳкам гардонад, пас бар соқаҳояш биистад, ки кишоварзонро ба шигифт оварад; то ба василаи онҳо кофиронро ба хашм оварад. Худо ба касоне аз онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, омурзиш ва подоши бузургеро ваъда додааст. «

 

Ин оят ки поёнбахши сураи Фатҳ аст, шароити лозим барои таҳақуқи ваъдаи илоҳи дар ояти қаблро баён мекунад ва мефармояд: Барои пирӯзии ислом бар дигар динҳо, мусалмонон бояд иртибототи фарди ва иҷтимоъии худро бар асоси ин чаҳор вижагӣ танзим кунанд:

  1. Дар баробари душманон: Сахти, қотеъият, салобат ва шиддт.
  2. Дар баробари ҳам динон ва аҳли имон: Меҳрубон, раъфат, раҳмат ва утуфат.
  3. Дар робита бо Худованд: Убудият ва бандагӣ.
  4. Дар робита бо худ: Талошу кушиш барои рушду пешрафт ва истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсӣ.

Агар мусалмонон ин мавридҳоро сарлавҳаи кори худ қарор диҳанд, натанҳо дар дунё бар душманон ғалаба меёбанд, балки дар охират низ машмули раҳмату мағфирати илоҳи мешаванд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Ислом дини ҷомеъ аст ва барои ҳамаи абъод ва завоёи зиндагии инсон барнома дорад.
  2. Ҷаҳони шудани оини ислом, бедуни пайрави аз сира ва суннати Паёмбари Акрам ва вуҷуди пайравони содиқ ва собит қадам имконпазир нест.
  3. Дар Таврот ва Инҷил низ симои ёрони Паёмбари Ислом тавсиф шуда аст.
  4. Рушди ками ва кайфии мусалмонон, душманонро ба хашм меоварад.

 

Бо поён ёфтани ин барнома шумо азизонро ба Худои бузург месупорам ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодоти  шумо ҳастем.

Худо нигаҳдор.