Сентябр 04, 2021 12:42 Asia/Dushanbe

Қисмати 953 сураи муборакаи “Ҳуҷурот” ояти 6-9

 

(6)

 

»یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِنْ جاءَکُمْ فاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَیَّنُوا أَنْ تُصِیبُوا قَوْماً بِجَهالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلى‏ ما فَعَلْتُمْ نادِمِین«

»Эй касоне, ки имон овардаед! Агар фосиқе бароятон хабаре овард, пас, баррасӣ кунед, ки ]мабодо [гурӯҳеро ба нодонӣ ]зарар[ бизанед ва аз он чи анҷом додаед пушаймон шавед. «

 

Хабарҳое, ки мо аз дигарон мешунавем, ду гуна аст: Бархе хабарҳо иртиботе ба кору зиндагии мо надорад ва баёнгари иттифоқоте аст, ки дар ҷомеъа ва муҳити атрофи мо рух медиҳад. Аммо бархе хабарҳо ба кору зиндагии мо марбут аст. Мо бар асоси онҳо тасмим мегирем, ки чи иқдоме анҷом диҳем ва ё чи вокунише аз худ нишон диҳем!

 

Ин оят дар бораи навъи дувум аст ва мефармояд: Дар ин маврид пеш аз ҳаргуна тасмимгири ва иқдом, бояд барраси ва таҳқиқ кунед, ки гуяндаи хабар шахси ростгуӣ аст ё дуруғгу? ё хабаре, ки ӯ медиҳад, бар асоси ғараз ва мақсадҳои шахсӣ аст, ё аз руйдоди воқеъи дар берун ҳикоят мекунад?

 

Агар дар хабаре, ки шунидаем, диққат ва таъамул накунем, мумкин аст бар асоси он тасмими нодуруст бигирем, ки натиҷаҳо ва паёмадҳояш қобили ҷуброн набошад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Иқтизои имон ба Худо, андеша ва тафакур дар корҳо ва тасмимгириҳо аст, то инсон дучори сатҳнигари ва шитобзадагӣ нашавад. Ба ҳамин далил инсони муъмин аҳли таҳқиқ ва барраси аст ва зудбовар ва зоҳирбин нест.
  2. Хабарҳоеро, ки аз дигарон ҳатто афроди фосиқ ва гунаҳкор мешунавем, на рад кунед, на қабул балки таҳқиқ ва барраси кунед, зеро гоҳи афроди фосиқ низ рост мегуянд.
  3. Бархе афрод хабарҳои нодурустеро дар миёни мардум мунташир мекунанд то ҷомеъаро дучори таниш ва осиб кунанд, пас барои пешгири аз ингуна осибҳои иҷтимоъӣ, муъминон бояд дар бораи ончи ки мешунаванд таҳқиқ ва барраси кунанд.
  4. Тасмимот ва иқдомоти насанҷида, пушаймони ва ҳасрат ба дунбол дорад. Албата дар бисёре аз мавридҳо ин пушаймони суде ҳам надорад, зеро қобили ҷуброн нест.

 

(7)

 

«وَاعْلَمُوا أَنَّ فِیکُمْ رَسُولَ اللَّهِ لَوْ یُطِیعُکُمْ فِی کَثِیرٍ مِنَ الْأَمْرِ لَعَنِتُّمْ وَ لکِنَّ اللهَ حَبَّبَ إِلَیْکُمُ الْإِیمانَ وَ زَیَّنَهُ فِی قُلُوبِکُمْ وَ کَرَّهَ إِلَیْکُمُ الْکُفْرَ وَ الْفُسُوقَ وَ الْعِصْیانَ أُولئِکَ هُمُ الرَّاشِدُونَ»

  »Ва бидонед, ки фиристодаи Худо дар миёни шумост; агар дар бисёре аз корҳо аз шумо итоат кунад ба сахтӣ меафтед, валекин Худо имонро барои шумо маҳбуб гардонид ва онро дар дилҳои шумо зинат дод; ва куфр ва фисқ ва нофармониро бароятон нохуш гардонид; онҳо худ рушдёфтагонанд.«

 

Ин оятҳо ба ду неъмати Худованд ишора карда аст: Яке фиристодани Паёмбарон барои ҳидоят ва иршоди башар ва дигари фитрати поке, ки Худованд дар вуҷуди ҳамаи инсонҳо қарор дода аст. Паёмбарон бо суханони мантиқи ва рушани худ мардумро иршод ва роҳнамоӣ мекунанд ва аз назари сулук ва рафтор низ сармашқ ва улгуи комил барои онҳо ҳастанд. Ба ҳамин ҷиҳат аҳли имон аз Паёмбарон итоат ва табаъият мекунанд.

Аз сӯи дигар, Худованд сарнавишти инсонҳоро ба гунае офарида аст, ки корҳои хубро дуст доранд ва аз корҳои бад безор ва мутанафиранд. Ба унвони мисол ҳатто дузди, ки амволи дигаронро ба сирқат мебурд, дар замири худ медонад, ки дузди кори бад ва нописанд аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

  1. Агар мехоҳи гирифтори пушаймони ва нидомат нашавем, бояд аз таълимҳои Расулони Илоҳӣ пайрави кунем, на он ки интизор дошта бошем онҳо пайрави хостаҳои мо бошанд чаро, ки чунин интизор нодуруст аст.
  2. Гиройш ба дин, ки даъваткунанадаи инсон ба хубиҳо ва дур кунандаи Ӯ аз бадиҳост, амри фитри аст, ки Худованд дар ниҳоди (вуҷуди) ҳамаи инсонҳо қарор дода аст.
  3. Рушди воқеъии ҷомеъаи башари дар гарави пайрави аз омӯзаҳои Таъоли бахши фиристодагони Илоҳӣ ва дури ҷустан аз разоили ахлоқи ва рафтори аст.
  4. Зинати воқеъии инсон, имон ва камолоти маънави ва ахлоқӣ Ӯ аст, на таъалуқоти зоҳири мисли либосу хонаву маркаби зебо.

 

(8)

«فَضْلاً مِنَ اللَّهِ وَ نِعْمَةً وَ اللَّهُ عَلِیمٌ حَکِیم»‏

» ]Ин[ Фазл ва неъматест аз ҷониби Худо; ва Худованд донои ҳаким аст.«

 

 

 

 (9)

«وَإِنْ طائِفَتانِ مِنَ الْمُؤْمِنِینَ اقْتَتَلُوا فَأَصْلِحُوا بَیْنَهُما فَإِنْ بَغَتْ إِحْداهُما عَلَى الْأُخْرى‏ فَقاتِلُوا الَّتِی تَبْغِی حَتَّى تَفِی‏ءَ إِلى‏ أَمْرِ اللَّهِ فَإِنْ فاءَتْ فَأَصْلِحُوا بَیْنَهُما بِالْعَدْلِ وَ أَقْسِطُوا إِنَّ اللَّهَ یُحِبُّ الْمُقْسِطِینَ«

»Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар биҷанганд, пас байни он ду сулҳ барқарор кунед; ва агар яке аз он ду бар дигарӣ ситам кунад, пас, бо он касе, ки ситам мекунад биҷангед, то ба сӯи ҳукми Худо бозгардад; ва агар бозгашт, пас, дар миёни он ду бо адолат сулҳ барқарор кунед ва адолат варзед; ҳамоно Худо адолатпешагонро дӯст медорад.«

 

Ин оят ба яке аз осибҳои иҷтимоъӣ ишора кард, мефармояд: Гоҳе миёни афрод ё қавмҳои ҷомеъа даргириҳо рух медиҳад ва ду тараф барои пирӯзи бар дигари, аз дӯстон ва наздикони худ ёри металабанд. Қуръон дар ин хусус таъкид мекунад, ки дигар афроди ҷомеъа, ба ҷои вуруд дар даргири, ҳарду тарафро ба сулҳу ошти даъват кунанд то мунҷар ба густариши доманаи таниш ва даргири нашавад.

Аммо агар яке аз ду тараф бар идомаи ҷанг ва даргирӣ исрор варзад ва ҳозир ба пазириши сулҳ бар асоси адолат набуд, ҳама вазифа доранд, ки бо гуруҳи мутаҷовиз муқобила кунанд ва онро сари ҷояш биншонанд то ҷомеъа дучори фитна ва осиби бузургтар нашавад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

  1. Ҳамаи афроди ҷомеъа дар баробари амнияти иҷтимоъӣ масуланд, лизо дар замони вуқуи даргирӣ ва низоъ, бетафовути пазируфта нест. Онҳо бояд миёни ҳамкишони худ, сулҳу ошти барқарор кунанд, аммо агар яке аз ду гурӯҳи даргир, ба таҷовуз ва ёғигари идома дод, бояд мутаҷовизро сариҷояш биншонанд то амният барқарор шавад.
  2. Мусмеҳа дар баробари фарди ёғи ва тоғи, ки бо таҷовузгарии худ, амнияти ҷомеъаро ба ҳам мезанад, ҷоиз нест. Чунин фарде агар мусалмонҳам бошад, хунаш ҳурмат надорад.
  3. Дар барқарории сулҳ байни ду тарафи ҷанг, бояд адолатро риъоя шавад ва ҳаққи мазлум поймол нагардад дар ғайри ин сурат чунин сулҳу созиши зилатовар ва нангин аст.