Апрел 27, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори дастёри вазири хориҷаи Амрико ва муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон

Дастёри вазири умӯри хориҷаи Амрико дар умӯри Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон бо муовини вазири умӯри хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугу кард .

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, Доналд Лу-дастёри Вазорати умӯри хориҷаи Амрико дар умӯри Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ бо Музаффар Ҳусайнзода-муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ҷараёни ин дидор вазъият ва чашмандози равобити дуҷонибаву чандҷонибаи байни Тоҷикистону Амрико дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин амният, беҳдошт ва омӯзишу парвариш мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
 

 

Барчасп