Музокироти Эрон ва Тоҷикистон дар хусӯси содироти газ, нафту химия
Эрону Тоҷикистон дар меҳварҳои содироти нафт ва газ, содироти фаровардаҳои нафтӣ, маҳсӯлоти петрошимӣ(нафту химия), истихроҷ ва иктишофи Эрон дар Тоҷикистон, судӯри хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, бозсозӣ ва навсозии полоишгоҳҳои нафти Тоҷикистон музокира карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазири нафт рӯзи сешанбе бо оқои Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки барои ширкат дар понздаҳумин Камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон омад, дар бино марказии вазорати нафт дидор кард.
Дар ин дидор ду тараф дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши содироти нафт, маводи газӣ ва фаровардаҳои нафтӣ, маҳсӯлоти петрошимӣ, истихроҷу иктишофи Эрон дар Тоҷикистон, судӯри хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ, бозсозӣ ва навсозии полоишгоҳҳои нафти Тоҷикистон гуфтугӯ карданд.
Ҳайатҳои Эрону Тоҷикистон пайрави музокироти вазирони ду кишвар, рӯзи чаҳоршанбе нишастҳои коршиносӣ баргузор карданд.
Понздаҳумини Камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон душанбе (14 озармоҳ) ба раёсати Алиакбари Меҳробиён, вазири неру ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захирахои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва сешанбе (15 озармоҳ) ба кори худ поён дод, дар ин иҷлос чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд.
Давлати Тоҷикистон ҳудӯди 90 дарсад аз ниёзҳои энержии худро бо воридот таъмин мекунад ва бештари захоири нафту гази ин кишвар дар ҷануби ғарби Тоҷикистон дар имтидоди ҳавзаи Омударё қарор дорад.